Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ


Боду ҳаво


  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg

Мақолаҳо

Шаммае аз рӯзгори Шоҳи Ҳамадон
31 мар

   Пурсид азизе ,ки Алӣ аҳли куҷоӣ? Гуфтам ба вилояти Алӣ, аз Ҳамадонам Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки яке аз мутафаккирону адибони нозукхаёли форсу тоҷик шинохта шудааст,22-юми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон ба дунё омадааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо падараш Сайид Шиҳобуддини Ҳамадонӣ ном дошта, насаби вай ба 17 восита ба халифа Алӣ ибни Абӯтолиб мерасад. Исми модараш Фотима буда, ба 17 восита ба пайғамбар Муҳаммад ва 16 восита ба Алӣ мепайва...

Устоди ғамхору серталаб
30 мар

       Моҳи сентябри соли 1996 пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ , ки он солҳо номи Қандил Ҷӯраевро дошт,ба литсей ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор омадам.Ҷонишини директор оид ба таълим Муҳаммадӣ   Нарзиқулов соатҳои дарсиро тақсим карда , гуфтанд, ки барномаҳои таълимӣ аз фанни   забон ва адабиётро аз роҳбари иттиҳоди методии забон ва адабиёти тоҷик Абдусалом Давлатов дастрас карда, нақшаҳои тақвимиро месозед. Дар а...

Марди накӯном намирад ҳаргиз
30 мар

        Моҳи ноябри соли 2005 буд. Дар хонаи муаллимон нишаста , омодаи навиштани тақриз ба яке аз китобҳои дарсии адабиёт будам, ки ногоҳ   марди қоматбаланди тахминан   48-50 сола бо чеҳраи кушода, бо табассум, дар даст ҷузвдони сиёҳ аз дар даромад.   Пас аз салом додан худро шинос карда гуфтанд, ки   ба ҳайси омӯзгори фанни таърих   ва   ҳуқуқ ба кор қабул шудаанд. Ин марди хоксору равшанзамир , ...

Ситоиши Душанбе дар ашъори шуарои муосири тоҷик
30 мар

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе, Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе   Оре, Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз марказҳои маънавию фарҳангӣ, яке аз шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон мебошад. Шаҳри Душанбе аз шумори шаҳрҳои мутараққии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар водии Ҳисор, дар баландии 750-930 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Масоҳати шаҳри Душанбе зиёда аз 124,6 км2 мебошад. Пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе таърихи худро дорад. Мувофиқи баъезе сарчашмаҳо дар замони тоинқилобӣ Душанбе як...

Таҷлили Наврӯз дар даврони муосир
19 мар

Наврӯз аз маросими қадимаи мардуми ориёӣ ва форсу тоҷик буд. Махсусан мардуми Эронзамин аз замонҳои пеш ин ҷашнро ҳамчун маросими расмӣ истиқбол менамуданд ва расму оинҳояшро ба ҷо меоварданд. Дигар кишварҳо, аз он ҷумла кишварҳои Осиёи миёна Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатозакунӣ ва амсоли инҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо имрӯз ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи Миёна, Қафқоз, Ҳинд...

ҲИМОЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН АЗ ГАРАВИШ БА ТУНДГАРОӢ {КИБЕРТЕРРОРИЗМ}
9 мар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид намуданд, ки «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои...

Оид ба баъзе хусусияти ҷумлаи унвонӣ дар забони адабии тоҷик
27 фев

 Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Оид ба баъзе хусусияти ҷумлаи унвонӣ дар забони адабии тоҷик Забони тоҷикӣ ба гӯруҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва оилаи забонҳои эронӣ шомил буда, аз забонҳои қадимтарини дунёст, ки таърихи дерин дорад ва имрӯз моҳияти байналмилалӣ пайдо намуда, бо ин забон беш аз 200 миллион нуфус дар манотиқи мутафариқ...

Ҷумлаи унвонӣ дар ашъори Лоиқ
27 фев

Афғонов Сафаралӣ – омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ у м л а и   у н в о н ӣ   д а р   а ш ъ о р и   Л о и қ            Дар забоншиносии тоҷик оид ба ҷумлаи унвонӣ асар ва ё мақолаи махсуси илмӣ перомуни асрҳои мансуру манзум навишта нашудааст. Банда тасмим гирифтаам, ки аз ашъори диловезу намакини Лоиқ Шер...

Ҷумлаҳои содаи унвонӣ дар “Куллиёт”-и 5-ҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев (Ҷилдҳои 1, 2, 3,)
25 фев

                                                     Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ҷумлаҳои содаи унвонӣ дар “Куллиёт”-и 5-ҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев (Ҷилдҳои 1, 2, 3,) ...

Барқарорсозии файлу папкаҳои нестшуда
24 фев

Ҳангоми кор намудан бо компютер бо ҳодисаҳои гуногун вохурдан мумкин аст. Яке аз чунин ҳодисаҳо ин нест шудани маълумотҳо аз хотираи компютер ва ё флеш – карта мебошад. Бисёри истифодабаррандагони компютер бо чунин мушкилотҳо вохурдаанд, ки маълумотҳои чандсола ҷамъкардаи онҳо дар як лаҳза нест мешавад. Сабаби рух додани чунин ҳодисаҳо аксаран вақт ба саросемагӣ ва ё маълумоти кофӣ надоштани истифодабарандагони компютер вобаста аст. Инчунин вирусҳои комютерӣ низ имконияти мазкурро доранд. Тараққиёт ва пешра...