Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Шаммае аз рӯзгори Шоҳи Ҳамадон

31 марта 2021 08:03

Количество просмотров: 514

 MirSyedAliHamdani.jpg 

Пурсид азизе ,ки Алӣ аҳли куҷоӣ?

Гуфтам ба вилояти Алӣ, аз Ҳамадонам

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки яке аз мутафаккирону адибони нозукхаёли форсу тоҷик шинохта шудааст,22-юми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон ба дунё омадааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо падараш Сайид Шиҳобуддини Ҳамадонӣ ном дошта, насаби вай ба 17 восита ба халифа Алӣ ибни Абӯтолиб мерасад. Исми модараш Фотима буда, ба 17 восита ба пайғамбар Муҳаммад ва 16 восита ба Алӣ мепайвастааст. Алии Ҳамадонӣ аз хурдӣ зеҳни бурро, ақли расо, қобилияту истеъдоди фавқуллодае доштааст. Азбаски аҳли байт одамони соҳибмаърифат буданд, барои таҳсили Алии Ҳамадонӣ шароити хубе фароҳам меоваранд. Вай аввал» Қуръон»-ро омӯхта,баъд ба омӯзиши илмҳои дигар машғул мешавад. Аз сабаби он ки падараш ҳокими маҳаллӣ буда, бештар ба корҳои давлатӣ банд будааст, сарварии ҷараёни таҳсили Алии Ҳамадониро тағояш Алоуддавла ба уҳда мегирад. Тибқи баъзе маълумотҳо тағояш барои таҳсили ӯ як олимеро интихоб менамояд, ки минбаъд дар инкишофи ҷаҳонбиниаш нақши муҳим мебозад. Мутаассифона, номи ин олим дар сарчашмаҳо қайд нашудааст, аммо дар назди ин муаллим илм омӯхта, дар сини 12 солагӣ ба ҷараёни тасаввуф таваҷҷуҳ пайдо карданаш маълум аст. Бояд қайд кард, ки Сайид Алии Ҳамадони омӯзиши таълимоти тасаввуфро дар назди Шарофуддин Маҳмуди Маздақонии Розӣ ва Алии Дӯстӣ давом медиҳад. Ин ду устоди Алии Ҳамадони пайравони силсилаи кубравияи тасаввуф мебошанд, ки асосгузори силсилаи номбурда шайх Наҷмиддини Кубро аст.

Дар бедории фикри ва инкишофи ҷаҳонбинии Алии Ҳамадонӣ таълимоти Аттори Нишопурӣ, Абуҳомиди Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Абӯалии Сино нақши муҳим бозидааст. Ёдовар мешавем, ки айёми илмомӯзии адиб дар зодгоҳаш Ҳамадон гузашта, қисмати дигари ҳаёташ дар сафар сипарӣ гаштааст. Поёни умри адиб низ дар сафар гузашта, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо 19-уми январи соли 1384 дар маҳалли Кабравсаводи Похлии Покистон фавтидааст. Ҷасадашро шогирдону муридонаш мувофиқи васияти бузургвор ба Хатлон оварда ба хок супурдаанд. Дар мавриди он, ки ҷасади бузургвор дар Хатлон мадфун аст, як тан аз  тазкира нигорон, муаллифи «Тазкират-уш-шуаро» Давлатшоҳи Смарқандӣ дар тазкираи худ чунин сатрҳоро оварда аст: «Ва аз машоихи тариқат ва уламову фузало ва шуаро, ки дар рӯзгори султони соҳибқирон Амири Темури кӯрагон наввара марқадуҳу зуҳур карданд султонуссодот вал урафо Алии Сонӣ Амир Сйиди Ҳамадонӣ қуддуса аллоҳу сирруҳу алазиз буда ва дар кабри синну савод вафот ёфт ва ба Хуталон мадфун аст». Аз Мир Сайид Алии Ҳамадони мероси гаронбаҳое боқӣ мондааст. Яъне ба ӯ зиёда аз 170 асарро нисбат медиҳанд, ки қисми зиёди ин асарҳо дар китобхонаҳои Душанбе, Тошканд, Англия, Шветсия, Эрон, Исломобод, Афғонистон ва Ҳиндустон маҳфуз аст. Эҷодиёти адиб дар ду шакл насру назм бо забонҳои форсии дарӣ ва арабӣ офарида шудааст. Ғазалу рубоиёти Алии Ҳамадонӣ бошад, дар пайравии Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ навишта шудааст. Илова бар ин, рисолаҳои «Захират-ул-мулук», «Ҳафт водӣ», «Футутия», «Даво-ил-қулуб», «Сайр-ут-толибин», «Мирот-ут-тойибин», «Қудусияи амирия», «Мактуботи амирия», «Минҳоҷ-ул-ъорифин», «Мақомоти суфия», «Даҳ коидаи суфия», «Дарвешия», «Қиёфатнома» маҳсули қалами орифи бузург аст. Мир Сайид Алии Хамадонӣ, ки бо лақабҳои Шоҳи Хамадон, Амири Кабир, Сиёҳпӯш, Хазрати Амирҷон ва тахаллуси Алӣ ё Алоӣ машҳур аст, ба мо хонандагону омӯзгорон ва ҳаводорони назму наср дурдонаҳое боқӣ гузоштааст, ки мо онро мутолиа намуда, ба худ ғизои маънавӣ мегирем. Пос доштани хотираи неку ёд кардани бузургону чеҳраҳои шинохта яке аз анъанаҳои гузаштагони миллати сарбаланди мо мебошад. Чунон, ки Шоҳи Ҳамадон фармудааст:

Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар-ӯро ёр бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод,

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

Дар дуо лам нест моро бо касе гарду ғубор,

Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод…

48714346133_368e7d6310_b.jpg

Ба хотири он ки хонандагону омӯзгорон дар соатҳои тарбиявӣ аз чақидаҳои хомаи адиби бузург баҳравар гарданд, лоиқ донистем,ки аз рисолаи «Минҳоҷ-ул-орифин» намунаҳо пешкаш намоем.

Дил аз ҳирс холӣ кун, то роҳат ёбӣ.

******

Дар тангиҳо сабр кун, то фараҳ ёбӣ.

******

Озори кас мохоҳ, то амон ёбӣ.

******

Касро ба ҳақорат манигар, то хор нашавӣ.

******

Фурӯтанӣ кун, то ба бузургӣ бирасӣ.

******

Оҳиста рав, то монда нашавӣ.

******

Хизмати бузургон кун,то ба бузургӣ бирасӣ.

******

Коре кун, ки пушаймон нагардӣ.

******

Худписанд мабош, то писандида гардӣ.

******

Илм то донӣ, бихон, агар доноӣ.

******

Ҳурмат нигаҳ дор, то гавҳар ёбӣ.

******

Панд бишнав, то суд кунӣ.

******

Аз ҳақ ғофил мабош, то шайтон бар ту роҳ наёбад.


Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон