Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Мақолаҳо

Забон-симо ва пайкари миллат
13 Дек

    Забон воситаи муҳимтарини робита байни одамон, ҳастӣӣ, рукн ва симою пайкари миллат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон забонро симо ва пайкари миллат дониста, зебо ва тавоно нигоҳ доштани онро таъкид карда буданд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад.» Тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз мо – соҳибзабонон масъулияти зиёдеро талаб м...

Таълими достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар синфи 11
13 Дек

Таълими достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар синфи 11      Мувофиқи «Барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои V-XI», соли нашраш Душанбе 2007 барои омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (ё Хатлонӣ) 2 соат ҷудо шудааст, ки 1 соати онро ба таълими достони «Комде ва Мадан» ҷудо менамоем. Мавзӯи дарс: «Таҳлили мазмун ва образҳои «Комде ва Мадан», муносибати он бо асари Бедил» Салоҳиятҳо: - донистани мазмуни достон, таҳлили образҳои достон Х...

5500-солагии Саразми бостонӣ
5 Дек

5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки   12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сен...

Вақф ва фарҳанги навини тоҷик
30 Ноя

Дар бахши таҳқиқи таърих ва фарҳанги солҳои бистуми қарни ХХ саҳифаҳои торику норўшан ҳоло ҳам кам нестанд. Масалан, чунин як масъалаи муҳим, ба монанди истифодаи молиёти хазинаи вақф дар ташаккули фарҳанги навини тоҷик то ҳол дар таърихшиносии тоҷик мавриди барассиву таҳқиқ қарор нагирифтааст. Мутаассифона, баъзе муҳаққиқон онро масъалаи дуюмдараҷа ҳисобида, бархе дигари пажўҳишгарон онро умуман нодида мегиранд. Акнун назари иҷмолӣ ба рўйдодҳои солҳои аввали барқароршавии сохти давлат...

Ояндаи Тоҷикистон дар ҷомеаи иттилоотии қарни асри XXI.
30 Сен

Имрӯз башарият гирифтори таҳаввулоти азиме аст, ки онро инқилоби иттилоотӣ низ мегӯянд. Ин инқилоб қодир аст, ки ҳаёти инсон – кор, зист, тарзи андеша ва ҳатто муносибат ба худашро куллан тағйир диҳад. Тафовути он аз инқилобҳои технологии қаблӣ, ки ба моддиёт ва энергия такя мекарданд, дар он аст, ки ба тағйир додани мафҳумҳои мабноии мо аз қабили вақт, фазо, масофа ва дониш асаргузор шудааст.

Таъсири интернет ба ривоҷи маданияти ҳуқуқии наврасон
28 Янв

Таи чандин солҳост, ки наврасони (аҳолии) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун сокинони ин марзу буми аҷдодӣ дар қатори аҳолии дигар давлатҳои узви ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба интернетро доранд. Бояд гуфт, ки Интернет чун насли нисбатан ҷадиди воситаи коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя дар худ ҳамто надорад. Ин аст, ки интернетро баробари шабакаи ҷаҳонӣ унвон кардан, инчунин ба ҳайси тори анкабути умумиҷаҳонӣ ном мебаранд ва ҳамзамон таъсири онро дар ташаккули (ҳуқуқии) одамият...

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (Мавлавӣ)

Осор ва зиндагиномаи Мавлоно  “Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ” ки ба далели иқомат дар шаҳри Қуния ба “Мавлои Рум” машҳур шудааст.Дар  6 уми рабиъул аввали  соли  604 ҳиҷрӣ қамарӣ  (29 сентябри соли 1207 мелодӣ) дар шаҳри Балх ба дунё омадааст.Ӯ бо тахаллусҳои “Мавлоно”, “Мавлавӣ”, “Худовандгор” ва “Хамуш” машҳур аст. Падари ӯ “Муҳаммад бини Ҳусайн Хатиб” маъруф ба Баҳоуддин Валад  ки яке аз суфи ва орифи бузурги асри хеш буд. Баҳоуддин  ба сабаби душма...

Санг бар об задам, «оҳҳҳ» бигуфт…

Санг бар об задам, «оҳҳҳ» бигуфт… Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида мешавад      Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кардаанд. Ин хабар дар қатори он хабарҳои некест, ки тоҷику тоҷикистониёнро хушҳол гардонид. Ин мулк ва ин сарзаминро бор...

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028

ОБ ҲАМ ДИЛЕ ДОРАД… Олимон исбот намудаанд, ки об андешаи одамонро дарк мекунад. Ба андешаи олими ҷопонӣ Массеру Эмотӣ, об ҳар паёме, ки мегирад — зиштӣ ё зебоӣ, онро дар худ таҷассум мекунад. Ӯ рӯзе рӯйи зарфи обдор менависад: «сипос бар ту». Баъди чанде мебинад, ки ин об хеле зебо, мисли пештара софу зулол аст. Аммо мушоҳида мекунад, ки зарфи обдоре, ки рӯйи он навишта буд: «ту девонаӣ», тира гаштааст. Ҳангоми иҷрои симфонияи «Ариа» — и оҳангсози маъруф Иоҳан Себастян Бах, ки он хеле форам буд, олимон м...

Эй ҷамоли баҳру бар шод омадӣ…

Инак, ба диёри зебоманзараи мо-Тоҷикистон баҳор омад, баҳори нозанин, фасли дилангезу дилнишин, фасле, ки дер боз мардум интизораш буданд. Пас аз сардиҳои зимистони қаҳратун боз дашту теппаҳо қолини сабз ба бар карданд. Аз омад – омади баҳори нозанин табиат аз нав зинда гардида, аз ҳар гӯшаю канор насими атрогин – бӯи хуши гулу раёҳин ба машом, садои обшорон, нағмаю хониши паррандагони хушилҳон ба гӯш расида, табиат рангину пурнишот мегардад. Вақте ки баҳори дилангез бо садҳазор нузҳату бӯи хуш ва ор...