Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷумлаҳои содаи унвонӣ дар “Куллиёт”-и 5-ҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев (Ҷилдҳои 1, 2, 3,)

25 февраля 2021 04:02

Количество просмотров: 1019

                                                   

 Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон



   Ҷумлаҳои содаи унвонӣ дар “Куллиёт”-и

5-ҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев
(Ҷилдҳои 1, 2, 3,)


    Фазлиддин Муҳаммадиев устоди нуктасанҷ, адиби сеҳрқалам ва борикбину дақиқназар буда, дар осори ӯ калимаву таъбирҳо ва ибораҳои зебову шинаму дилписанди забони ноби тоҷикӣ бо ифодаву тасвирҳои баланд акс ёфтаанд.
    Устод аз солҳои ба майдони адабиёт ворид шудан дар як муддати кӯтоҳ бо очерку ҳикоя ва повесту романҳои хеш тавонист диққати мардумро ба худ ҷалб намояд. Ва дар як муддати муайян ҳамчун нависандаи машҳур шинохта шуд. Имрӯзҳо пиру барно эҷодиёти устодро мутолиа менамоянд ва аз рӯи онҳо корҳои илмӣ ба анҷом мерасонанд. Мо низ тасмим гирифтем, ки дар мавзӯи «Ҷумлаҳои унвонӣ дар «Куллиёт»-и 5-ҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев» изҳори андеша намоем.
    Дар забоншиносии тоҷик оид ба ҷумлаҳои унвонӣ асар ва ё мақолаи махсуси илмие навишта нашудааст. Дар бораи ин навъи ҷумлаҳо пеш аз ҳама дар китоби дарсии мактаби миёна1… ва Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик (ҷилди 2)2 маълумоти мухтасар дода шудааст.
    Академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов дар китоби худ зери унвони Ҷумлаҳои сода дар забони адбии ҳозираи тоҷик, ки соли 1960 ба табъ расида буд, изҳори ақида намудааст3. Агар терминҳоро ба инобат нагирем, дар ҳамаи китобҳои дарсӣ таърифи ҷумлаҳои унвонӣ якхела дода шудааст:
    Ҷумлаи яктаркибае, ки амалро ифода накарда, фақат номи предмет ва ё ҳодисаеро дар бар мегирад, унвонӣ ном дорад.
    Ҷумлаҳои унвонӣ дар шакли калима ва ё ибораи мустақил ифода гардида, ба предмет ишорат мекунанд, ки амали минбаъда ба он алоқаманд аст:

    Хиромон… чӣ хуш, ки зиндаӣ, сиҳат меёбӣ. Вагарна зиндагии ман чӣ маъние доштӣ? (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, Душанбе: Адиб, 1991, саҳ. 237).
    Ҳайфи озуқа. Пагоҳӣ аз ширбиринҷашон бӯи дастмоли дег меомад. (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 97).
    Ҷумлаҳои унвонӣ берун аз матн истифода бурда намешаванд. Дар ҷумлаҳои унвонӣ баъзан мубтадо бо муайянкунанда меояд.
    Хиромони ман... Сарви хиромони ман…
    Ҳастии ман, ҳаёти ман, рӯҳу равони ман… (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ 237).
    Ҷумлаҳои унвонӣ хуллас ва тафсилӣ мешаванд. Ҷумлаҳои унвонии хуллас аз як калимаи мустақилмаъно иборат мебошанд.
    Нигор… Нигори азиз, вуҷуди аз ҷон ширини Саидбек… (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 360).
    Ҷумлаҳои унвонии тафсилӣ ба ғайр аз мубтадо боз муайянкунанда доранд.
    Дунёи ғалатӣ. Мудири мӯҳтарам сояи ӯро аз девор метарошад, дар ҷамъомаду маъракаҳо (дар ғайбаш албатта) ба бадном карданаш мекӯшад (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 1, Душанбе: Адиб, 1990, саҳ. 200).
    Ҷумлаҳои унвонӣ дар баёни маъниҳои гуногун истифода мешаванд:
1.     Ҷумалҳои унвоние, ки маконро ифода мекунанд, дар «Куллиёт»-и Фазлиддин Муҳаммадиев (ҷилдҳои 1, 2, 3) хеле зиёд буда, онҳо бештар дар шакли хуллас дучор мешаванд. Аз сабаби зиёд буданашон мафҳумҳои ифодакунандаи маконро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан лозим меояд, ки онро Норматов М. ва Рашидов Ш. дар китоби худ Омӯзиши ҷумлаҳои содаи яктаркиба нишон додаанд:4
    а) Номи қитъаҳову мамлакатҳо
     Осиё… Қитъаи бузурги ман… - беихтиёр ин калимаҳо аз даҳонам мебароянд (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 1, саҳ. 200).
    б) Номи шаҳрҳо
    Макка – Маккаи Мукаррама.
    Мадина – Мадинаи Мунаввара. Ин тақозои одоби мусулмонист (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 2, саҳ. 144).
    в) Номи маҳалаҳои нисбатан калон
    Чормағзи Якка, Яккабед, Яккатут, Яккачинор…
    Номҳои ҳам зебову ҳам равон, ҳам аз онҳо ба дили кас гӯё як насими сарде мевазад (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 1, саҳ 114).
  2. Табиат ва ҳодисаҳои он
   Табиат ва ҳодисаҳои он хеле васеъ мебошад. Ҷумлаҳои унвонӣ дар   ифодаи маъниҳои зерин истифода шудаанд:
    а) Ҳодисаҳои гуногуни табиат
    Талотуми сел… Боди девонаавзое, ки сари дарахтонро ба пои ҳамдигарашон, ба рӯи харсангҳо хам мекунанд (Фазлиддин Муҳаммадиев. Куллиёт. Ҷ. 3, саҳ. 191).
    б) Ифодаи ҷумлаи унвонӣ бо номи ҳайвонот
    Гурги гурусна, хукҳои ваҳшӣ, хирсбачаҳои машғули бозӣ (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт».
Ч. 3, саҳ. 191).
    в) Хӯрокворӣ
   Ана мулло бодиринг! Барра бодиринг! Сара боиринг! Шоҳдасар бодиринг. Бодиринг диринг-диринг! (Фазлиддин Муҳаммадиев. Куллиёт.
Ч. 3, саҳ. 115).
    Г) Гулу растанӣ
    Гулҳои хушрӯй. Гулҳои хушбӯй. Аз ҷое, ба ҷое гули бадбӯй намебаранд (Фазлиддин Муҳаммадиев. Куллиёт. Ҷ. 3, саҳ. 115).
3.Ҷумлаҳои унвоние, ки бо ҷонишинҳои ишоратӣ ифода меёбанд.
    Ана ҷанговари таърифӣ! Бандиро қасдан сар додааст, ки ӯ бигрезад ва ӯро пас дошта… (Фазлиддин Муҳамадиев. Куллиёт. Ҷ 2, саҳ. 90).
     Мана шибит, ана гашнич (Фазлиддин Муҳамадиев.Куллиёт. Ҷ. 2, саҳ. 115).
     Ҷумлаҳои унвонӣ дар аввал, мобайн ва охир омада метавонанд.
    1.Чормағзак… Чормағзаки якка (Фазлиддин Муҳаммадиев. Куллиёт. Ҷ. 1, саҳ. 114).
    2.Ӯ фикр мекард, ки ин ҷавонзани крандор ба тарзи аҷибе сухан меронд.
    Ҳаққи интихоб, Сипари балогардон.
    Худо медонад ӯ чӣ гуна китобҳо мехонда бошад (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 15).
    3.Медонӣ, Иброҳим, ба ту як лақаби соз ёфтам: Маҷнуни Сонӣ (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 26).
    Дар ҷумлаҳои унвонӣ ду навъи алоқа мушоҳида мешавад: алоқаи изофӣ ва алоқаи ҳамроҳӣ.
  1. Алоқаи изофӣ
    Қисми зиёди ҷумлаҳои дукалимагии унвонӣ тавассути алоқаи номбурда таркиб ёфтаанд. Қисми асосии ин ҷумлаҳо аз исму исм, исму сифат ва ё исму ҷонишин таркиб ёфтаанд.
    Ҷузъи асосии онҳо исм мебошанд.
    а) Исму исм. Талотуми сел. Боди девонаавзое, ки сари арахтонро ба пои ҳамдигарашон, ба рӯи харсангҳо хам мекунанд (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 191).
    б) Исму сифат. Ба ман чӣ шуд, эй ёрон! Чиҳо мегӯям? Дили ҳайрон… Бодаи висол. Магар ин суханони маҷнунҳо нест? Наход аз ақл бегона шуда бошам? (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 109).
   в) Исму ҷонишин
   Хиромон! Хиромони ман! Эй чарх, ин чӣ рӯзест ((Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 318).
    2.Алоқаи ҳамроҳӣ
    Мо ба ошнобозият лаънат мехонем, лекин ба нафъи кори ҷамоат бошад, аз лутфу карами ёру ошно истифода карданро раво медонем. Ҳамту не? Сад фоиз! (Фазлиддин Муҳаммадиев. «Куллиёт». Ҷ. 3, саҳ. 382).
    Хусусиятҳои дигари ҷумлаҳои унвонӣ: пайдарпайӣ, чидагӣ, паиҳамӣ ва ғайраҳо низ дар осори Фазлиддин Муҳаммадиев ба назар мерасад ва ин паҳлӯи кор тадқиқоти алоҳидаро тақозо мекунад, ки он дар мақолаҳои минбаъда тадқиқ хоҳад шуд. Омӯзиши ҷумлаҳои унвонӣ аз «Куллиёт»-и 5-ҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев (ҷилдҳои 1, 2, 3) ба хонандагон пешкаш карда шуд, ки онҳо барои бедории завқи забономӯзии хонандагон нақши муҳим доранд.
    Ҳамин тариқ, аз таҳлил мисолҳо маълум мешавад, ки ҷумлаҳои содаи унвонӣ дар «Куллиёт»-и Фазлиддин Муҳаммадиев бисёр буда, омӯзиши ҳаматарафаи онҳо зарур аст.
    Рӯйхати адабиёт:
1.
2.Ниёзмуҳаммадов Б., Рустамов Ш. Забони тоҷикӣ. Синтаксис. Барои синфҳои YII-YIII. Қисми II. Душанбе: Маориф, 1982.
    3.Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ. 2, Душанбе: Дониш, 1986
    4.Ниёзмуҳаммадов Б. Ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1960
    5.Норматов М., Рашидов Ш. Омӯзиши ҷумлаҳои содаи яктаркиба. Душанбе: Маориф, 1988
    6.Муҳаммадиев Ф. «Куллиёт». Ҷилди 1. Душанбе: Адиб, 1990
    7. Муҳаммадиев Ф. «Куллиёт». Ҷилди 2. Душанбе: Адиб, 1990
    8. Муҳаммадиев Ф. «Куллиёт». Ҷилди 3. Душанбе: Адиб, 1991