Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Таърихи литсей

   Муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.02.1998, №60 таъсис ёфтааст.

Литсей як намуди нави муассисаи миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.


Собик директорон.jpg

Мадатзода М.Т..JPG 
Ному насаб: Мадатзода Манзура Тоҷиддин
Соли таваллуд: 25.03.1971
Ҷои таваллуд:  ш.Кулоб
Миллат:   тоҷик
Маълумот:  Олӣ
Донишгоҳ:  1992-донишкадаи давлати омӯзгори ш.Кулоб
2012-донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон
Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ
 Унвони  илмӣ  дорад  ё  не:   номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Вазъи оила:   оиладор  соҳиби 5 фарзанд
 Ҳизбият:   аз соли 1998- аъзои ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
  Кор ва фаъолияти собиқа:
1992-1995   муаллимаи фанни математика дар ноҳияи Муминобод
 1995-2000    муаллимаи фанни математика дар мактаби №60 ш.Душанбе
 2000-2004  муаллимаи фанни математика дар литсей-интернати Пре-зидентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 2004-2006  директори  мактаби  №94  шаҳри Душанбе
 2006-2011   муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
 2011 то 27.02.2015 директори литсей-интернати Президентӣ  барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 01.04.2015 то ҳоло  сармутахассиси шуъбаи байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директорони литсей:

  • Салихов М.Б. - 1991-1995
  • Султоншехов И.С. -1995-2001
  • Шамсуддинов З.Ш. - 1.03.2001-15.12.2008
  • Муминова Д.Н. - 15.12.2008-29.10.2011
  • Мадатзода М.Т. - 29.10.2011-27.02.2015
  • Исмоилзода Б.М. - 27.02.2015

b2d4fcb089397b77a9358f180be97eab.jpg
  Исмоилзода Баҳром Мансур

МУХТАСАРИ ШАРҲИ ҲОЛ

Исмоилзода Баҳром Мансур 12 июни соли 1975 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1992, пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Темурмалик ба факултаи математикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Соли 1994 аз тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намуд.
      Фаъолияти меҳнатиаш соли 1996 ба сифати омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Минбаъд, аз соли 1997 то соли 2000-ум омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар литсей №55-и шаҳри Душанбе буд.
      Солҳои 2000-2005 дар литсейи зикршуда ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолияти пурмаҳсул дошт. Аз соли 2005 то соли 2009-ум дар вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Душанбе фаъолият карда, солҳои 2009-2015 директории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанберо ба зиммааш гузоштанд.
   Аз 27 феврали соли 2015 директори Муассисаи давталии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.
Соли 2014 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд.