Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сол, то сол, бо дигар шудани вазъи замони муосир ва зуҳур намудани падидаҳои ногувору номатлуби хатарзо, ки бо терроризм ва экстремизм иртиботи зич дорад, самту ҳадафҳои наву созандаро касб карда, самараи он дар руҳияи ахлоқи воло ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба камол расондани насли наврас мебошад. Тағйироту ислоҳоте, ки дар сохтору низоми соҳаи маориф ба амал омада истодааст, танҳо ба як мақсад нигаронида шудааст: дар баробари баланд бардо...
Осори шоир, мутафаккири сӯфимашраб ва донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ (1207-1273) аз ҷумлаи он падидаҳои фарҳангист, ки дар баробари ворид будан ба ганҷинаи мероси гаронбаҳои хаттии инсоният ва дар миёни мардуми гуногунандешаю гуногунмазҳаби олам шуҳрат доштани худ дар гузаштаю имрӯз, инчунин метавонад барои ҳалли масъалаҳои гуногуни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию таърихии миллати куҳанбунёди мо хидмат намояд. Чунин арзёбӣ намудааст доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ дар мақолаи...
Новобаста аз сабукиҳо ва имконоти фароҳам овардаи Интернет бонги хатари он ҳамарӯза ба гӯш мерасад. Мутахассисон дар бораи зарари воситаҳои истифодаи Интернет (аз ҷумла телефонҳои мобилӣ) ба саломатӣ ва шуури одамон зиёд мегӯянд. Яке воситаҳои интернетро сабаби камхобӣ, дигаре сабаби фаромӯшхотирӣ, сеюмин сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои музмир ва чорумӣ сабаби дур шудан аз дунёи воқеӣ медонад. Аммо ҳеҷ як ҳушдори на табиб ва на таҷрибадорон вобастагии қишри калони ҷомеа аз Интернетро бартараф карда наметавона...
Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем, аз техникаю технологияи нав бархўрдор ҳастем, аз компютеру телефонҳои мобилӣ, интернет фаъолона истифода мебарем. Маълумотҳои дилхоҳро дар ҳар лаҳза дастрас менамоем. Ин ҳама ба манфиати кор аст. Инро ҳамагон дарк мекунанд, ҷои таърифу тавсиф нест. Бигузор ҳама нотарсида аз ин манбаъҳо истифода баранд, аммо фарҳангу маданияти истифодабарии онҳ...
Абӯалӣ ибни Сино барин шахси заковатманд, олими муқтадири соҳаҳои гуногуни илми асрҳои миёнаи Шарқ дар назди кӣ дарс омӯхта, малакаю маҳорати фитрии худро такмил додаст? Аз ихлосмандону ҳаводорон ва мухлисони бешумори Ибни Сино киро шарафи боифтихор шогирдӣ муяссар гардидааст? Ба ин суолҳо дар як қатор манбаъҳои асримиёнагӣ, таъриху тазкира ва инчунин тадқиқоти гуногуни махсуси илмӣ қайду ишораҳо пайдо кардан мумкин аст. Дар ин маънӣ истифодаи ахбори «Татимату сивон-ул-ҳикмат»-и Абулҳасани Байҳ...
Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои аҷдодист, ки инкишофи тамаддуни башарӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳра бурдааст. Новобаста аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Эҳёи таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва...
Пас аз интизориҳои зиёд ниҳоят қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ мураттаб гардиду аз чоп баромад. Ҳама умед доштанд, ки ин бор баъзе хатоҳову духӯрагиҳову носаҳеҳиҳои имлои пешина ислоҳ мешаванд. Зеро дар ин бора чандин мақолаи донишмандону забоншиносон чоп шуда буд, ки ба инобат гирифтани онҳо, бешубҳа, боиси беҳбуди имлои нав шуда метавонист. Воқеан, дар қоидаҳои имлои нав баъзе дигаргуниҳо ва ислоҳҳо мушоҳида мешаванд. Чунончи, ҳарфи ӯ-ро, ки садоноки маънисоз аст, аммо баъзеҳо аз алифбо берун карданаш мехос...
Хуб аст, ки сол то сол «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» такмилу пурратар мегардад ва баъзе масъалаҳои баҳсбарангези он дар натиҷаи баррасиву муҳокимарониҳои донишмандони соҳа ҳаллу фасл мешаванд. Имрӯз хонандаи тоҷик охирин намунаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар даст дорад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 ба тасвиб расидааст. Ҳар фарде, ки онро мехонад ва ё аз забони дигарон мешунавад, дарҳол аз худ ва ё аз ҳампешааш мепурсад, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷи...
Имрӯз, 21 декабр, соати 19:00 лаҳзаи убури Офтоб аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика буда, рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд, ки инро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова шарҳ дод. Ин шаб бо номи «Шаби Ялдо» маъруф буда, на танҳо миёни мардуми тоҷик, балки миёни тамоми мардуми ориёинажод маъмул аст. Шаби Ялдо яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми ориёист, ки дар ...
Инсонҳо бо баробари тавллид шудан соҳиби андеша ва тафаккур нестанд, тарзи андеша ва мафкураи ҳар инсон дар заминаи маънавиёти як ҷомеа ва тарзи тарбия рушд меёбад. Дар раванди ташакулёбии фард ва иҷтимоишавии он пеш аз ҳама таъсири тарбияти хонаводагӣ ва омӯзишу парвариш, таъсири аҳли ҷомеа ниҳоятан муҳим аст. Ҳеҷ инсон бо тавллиди хеш мутааллиқ ба арзишҳои хуб ё бад нест. Он дорои имконияти касби дониш, фарогирии маънавиёт ва рушди шахсияти хеш аст. Муҳим он аст ки ба фард ҷиҳати тарбият намудани он кадо...