Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






МАОРИФ ВА ЗАМОН. "МАВҚЕИ МАКТАБ ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДА"

28 декабря 2022 02:12

Количество просмотров: 655

Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сол, то сол, бо дигар шудани вазъи замони муосир ва зуҳур намудани падидаҳои ногувору номатлуби  хатарзо, ки бо терроризм ва экстремизм иртиботи зич дорад, самту ҳадафҳои наву созандаро касб карда, самараи он дар руҳияи ахлоқи воло ва  эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба камол расондани насли наврас мебошад. 
Тағйироту ислоҳоте, ки дар сохтору низоми соҳаи маориф ба амал омада истодааст, танҳо ба як мақсад нигаронида шудааст: дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон, тарбия намудани онҳо дар заминаи ғояҳои олии башардӯстона ва ормонҳои миллӣ. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таълимӣ шаклу шеваҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ роҳандозӣ мегарданд, ки аз асоситарину муқаддамтарини он робитаи мактаб бо падару модарон маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки ҳамаи хонандагон аз лиҳози лаёқат, фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, донишазхудкунӣ, майлу шавқ, омӯзишу мутолиа баробар ва дар як сатҳ нестанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки устодону омӯзгорон ва роҳбарияти таълимгоҳҳо (директору ҷонишинони вай) таваҷҷуҳи худро ба гурӯҳи шогирдони соҳибқобилият, босаводу дорои фаҳмиши дарки хуб, ки пайваста аз пайи омӯзишу мутолиаи бардавом қарор доранд, равона карда, танҳо ба онҳо такя намоянду хонандагони миёнаву сустхонро аз мадди назар дур гузоранд. 
Тарбия ба кулли шогирдон  бояд баробару яксон бошад, вагарна он гурӯҳе, ки аз назарҳо дар канор мемонанд, бепарвою коҳил ва сустиродаю камзавқ тарбия меёбанд, ки ин омил фарҷоми хуб надорад. Аз ин нуқтаи назар, дар чорабиниҳое, ки дар мактабҳо гузаронида мешаванд, ба гурӯҳи хонандагони миёна низ тамаркуз  бояд кард, ба онҳо супоришу вазифаҳо дода, иштироки эшонро дар ин гуна маҳфилу конфронсҳои умумимактабӣ таъмин намудан ба манфиати кор аст. Сухани мо аслан ба сабку шева ва роҳҳои ҳамчун шахсият (инсони комилу созанда) тарбияву ба камол расондани насли наврас равона шудааст, Шахсият, яъне чӣ? Хонандаи мактаби муосир бояд дар ҳама ҷабҳа: ҳам таҳсил, ҳам одоб ва ҳам омӯзишу баланд бардоштани сатҳи савияи ҷаҳонбинии худ ғайратманду кӯшо ва пешгом  бошад. Мусаллам аст, ки ҳар як хонанда кам ё зиёд, дорои лаёқатест, ки онро рушду ташаккул бояд дод. Лаёқати дониш-андӯзиро, ҳароина муаллимони фаннӣ такомул дода метавонад. Таври мисол, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар қалби шогирдон меҳри рӯзафзуни адабиёт (осори назмию насрӣ)-ро парварда, муаллими математика роҳҳои ҳалли ифодаю муодилаҳо, мисолу масъалаҳо, биология, тарзу роҳ ва марҳалаҳои  сабзишу рӯйиши рустаниҳо, химия, ҳалли реаксияҳои химиявӣ, ҳосилшавии моддаҳо ва хосияти металлҳоро фаҳмонидаву тавзеҳ медиҳад ва ғайраву ҳоказо. Аз ин гуфтаҳо мурод он аст, яке аз омилҳое, ки шахсияти наврасро таҷассум мекунад, дониш ва қобилияти азхудкунии вай ба шумор меравад. Мафҳумҳои саводу дониш фарох буда, силсилаандӯхтаҳои толибилмон аз кулли фанҳо мебошад. Аммо савод ба муҷарради худ ҳанӯз нишонаи комили шахсият ба ҳисоб намеравад. Дар тӯли омӯзиш, мушоҳида ва пажуҳишу таҳлилҳои илмӣ, назариётчиёни илми педагогика ба натиҷаҳое расиданд, ки иддае аз наврасони толибилму соҳиблаёқат ва донишманд, ки ҳамеша бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ё аз ҷиҳати ахлоқ камбудӣ доранд, ё доираи ҷаҳонбинияшон фароху бавусъат нест.
 Аз ин рӯ, тарбияи чунин хонандагон амали саҳлу осон набуда, усулу роҳҳои мухталиф ва ҳадафмандро бояд дар бар гирад. Мазмун, ба хонандагон ғояеро таъкиду талқин кардан шарт ва зарур аст, ки ҳар яки онҳо бояд ҳамчун фард дили дардошно,  меҳру муҳаббат ба ҳамсинфон ва дар маҷмуъ, одамони гуногунсин дошта бошанд, некию хайрхоҳиро дар ҳама ҳолат шиори зиндагию фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд, бераҳму сангдил набошанд, дурӯғ нагӯянд ва муҳим аз ҳама, донову пурхонда бошанд. Мутолиаи осори бадеӣ, агар огоҳмандона сурат гирад, хонандаро соҳибназар, пешрафта ва дар баҳо додан ба воқеаҳои зиндагӣ дурандешу пухта ва тавоно месозад. Хонандаи заковатманд дар баробари осори шоиру нависандагони классикии форсу тоҷик бояд асарҳои адибони ҷаҳонро мутолиа кардаву ба рафтору кирдори қаҳрамонони ин асарҳо баҳои хоси худро дода тавонад. Ин гурӯҳ хонандагон мусиқии классикию ҷаҳон ва осори мусаввирони ҷаҳонро бояд аз худ карда, дар бораи оҳангҳои мусиқӣ ва бастакорони маъруф маълумоти кофӣ дошта бошанд. Тамоми ин роҳҳову ҳидоятҳоро ба шогирдон  мактаб дар симои устодону омӯзгорон  дода метавонад. Барои он ки хонанда аз гузаштаи пурифтихори худ, қаҳрамонони миллӣ ва адабиёту фарҳанги ғановатманди ниёгон огаҳии комил ҳосил кунад, ба раҳбарони муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон зарур аст, ки онҳоро ба саёҳати фаннӣ ба осорхонаҳо роҳнамоӣ ва  ба намоишномаҳои театр, филмҳои бадеии омӯзанда дар толорҳои синамо ҷалб намоянд.
Ин ҳама кӯшишу талошҳо ба он мақсад ҷараён мегирад, ки доираи фаҳмишу тафаккур ва ҷаҳонбинии шогирдон таҳаввул ва фарох гардад. Аммо тарбияи хонанда ҳамчун шахсият ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар доираи маҳдуду муайян, қолабӣ ва якрангу дилбазан сурат гирад. Дар ҳама ҳолат насли наврасро водоштан лозим аст, ки осори мақбулу писандидаи худро мавриди омӯзишу мутолиа қарор диҳад, оҳангҳои бастакоронро  гӯш кунад, ки ба дилаш роҳ ёфтааст, мусаввараҳои рассомеро тамошо созад, ки дар зеҳнаш табаддулоти азими ғоявиро ба зуҳур овардааст. Бо як сухан, хонанда дар мактаб бояд озодандешу бахтиёр ва дорои дидгоҳу андешаи  худ бошад. Аммо ин гуфта ҳаргиз маънои онро надорад, ки бо чунин хислату атвор ба камол расидани хонанда ба зарару хатари ҷомеа равона гардидааст. Барои ҳамчун шахсият ба камол расидани хонанда тарбияи меҳнатӣ нақши муассиру мондагорро иҷро мекунад. Ба шогирдон дар машғулиятҳои тарбиявӣ такрор ба такрор хотиррасон ва таъкид кардани он фикр аз манфиат холӣ нест, ки инсон маҳз тавассути кор, ранҷу заҳмат ва азоби бедорхобиҳо ба қуллаи бахту мурод расида, барои пешрафт ва шукуфоии ватани хеш фидокориҳои анҷом додааст. Ба ёд овардани зиндагиномаи абармардони адабиёту фарҳанг ва илми тоҷик худ сабақи омӯзандаест барои ифтихорафзою шарафманд будани инсоне, ки маҳз ба василаи кор дар зиндагӣ ва фаъолияти худ дар ҷомеа муваффақу комёб мегардад. Аз ҷониби омӯзгорон ба таври рангорангу шавқовар таҳияву  омода ва баргузор намудани маҳфилҳои фаннӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо собиқадорони кор, шоирону нависандагон, олимон ва дар умум, ашхоси маъруфу шинохташуда ва соҳибобрӯ дар самти барангехтани оташи шавқу таваҷҷуҳ ва меҳру ихлос ба оянда соҳиби касби хуб шудану соҳибиззату икром гардидан  дар байни мардум ба хонандагон амиқу ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Ҳақиқати маълум он аст, ки тарбия дар ҳама давру замон дар муассисаҳои таълимӣ ба як ҳадаф равона шуда буд: ба камол расондани  инсони боодобу босавод ва соҳибфазилат. Вале ин ҳадаф на ҳамеша ончуноне ки дил мехоҳад, амалӣ мешавад. Аз қавли Саъдии бузургвор, «борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест, дар шӯразор шӯра рӯяду дар гулситон гул». Аммо имрӯз вазифа дар назди устодону дигаргуна меистад: тамоми нерую талош ва имконоти мавҷударо ба кор бояд бурд, ки насли наврас ба ғояҳои зиддибашарӣ, бераҳмӣ  нисбат ба Ҳукумату Давлат ва шаҳрвандон бадбинона ва ваҳшату ҳаросафканӣ гирифтор нагардад. Ба масъалаи мазкур ишора намуда,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) таъкид кардаанд:«Барои ҳамқадами замон будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан, омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад. Хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан басо душвор мегардад». 
Дар ин радиф, бояд зикр кард, ки хонандаи мактаб бо таъсиру тарбияи мукаммалу ҳамаҷониба, ки дар машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ ҷараён мегиранд, бояд ҳамчун ватандӯсти содиқ ва миллатпарвар ба воя расад. Ғояи ватан ва ватандӯстӣ, содиқ будан ба ормонҳои миллӣ дар рушди шахсияти хонанда муҳимтарину асоситарин омил ба шумор меравад. Ба маврид аст, аз суханони гуҳарбори Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар шавем, ки гуфтааст: 
                                         Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
                                         Аз он беҳ,ки  кишвар ба душман диҳем.
Хуллас, барои тарбияи комили насли наврас мактаб ҳамчун даргоҳе, ки масъулияти азими имрӯзу фардои насли ояндасози мамлакатро бар дӯш дорад, нақши муҳим дошта, маҳз бо азму талош ва тадбирандешиҳои гуногуни устодону омӯзгорон шахсияти хонанда такомулу рушд хоҳад ёфт.

Тахмина ПИРОВА – муовини 
директори литсей-интернати 
Президентӣ барои кӯдакони
болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Маорифи Тоҷикистон" - №11, 2022