Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Бахшида ба рӯзи Сардафтари адабиёти класикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Сипаҳсолори шуаро»

21 сентября 2023 03:09

Количество просмотров: 393

"Сипаҳсолори шуаро"

     Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

     Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

 
     
Оре, таърихи зиёда аз ҳазору садсолаи адабиёти навини тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Устод Рӯдакиро муо-сиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории “Қофиласолори назми форсӣ”, “Соҳибқирони шоирӣ”, “Одам-уш-шуаро”, “Муқаддам-уш-шуаро”, “Муқаддимаи шуаро, “Устоди шоирони ҷаҳон”, “Султони шоирон”, “Малик-уш-шуаро”, “Сарҳалқаи асотид”, “Корвонсолори шуаро”, “Сипаҳсолори шуаро”, “Ҳакими Хуросон”, “Муқаддимаи фусаҳо”, “Устоди аввал”, “Аъзами ҳукамо”, “Устоди шуарои Аҷам”, “Поягузори назми форсӣ”, “Устоди бостон”, “Наводири фалакӣ”, “Афзали булағо”, “Яктои даврон” ёд мекунанд. Ин ҳамон эътирофи умум аст, ки имрӯз устод Рӯдакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти тоҷику форс меномем.

     Гӯруҳе гумон мекунанд, ки сардафтар ва асосгузори адабиёт будани устод Рӯдакӣ гӯё маънои онро дорад, ки вай бояд аввалин бор ба тоҷикӣ шеър гуфта бошад. Ин ақида дар давоми солҳои охир пайваста такрор шудааст, ки фикри саҳеҳ нест. Асосгузор ва сардафтари адабиёт будан аслан маънои пеш аз дигарон асар навиштанро надорад. Устод Рӯдакӣ барои хизматҳои бузургаш ба ин мақоми шоистаи таърихӣ соҳиб шуда-аст.

     Дар бораи бунёдгузори адабиёти тоҷику форс устод Рӯдакӣ аз замони зиндагиаш то имрӯз шоирону тазкиранигорон-муҳаққиқони зиёде сухан ронда, даҳҳо монография, садҳо рисола ва ҳазорҳо мақола офаридаанд. Роҷеъ ба дороиҳои забони ашъори Рӯдакӣ олимону муҳаққиқон Саид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Абдулҳусайни Зарринкуб, Расул Ҳодизода, Аълохон Афзаҳзод, Абдураҳмон Тоҳирҷонов ва дигарон ибрози андеша намудаанд. Эҷодиёти Рӯдакӣ аз синни 8-солагӣ оғоз гардида, то синни 83-солагӣ, яъне 75 сол давом кардааст. Соҳибдевон будани шоир аниқ аст. Ба ғайр аз “Калила ва Димна” ва “Синд-боднома” устод Рӯдакӣ боз 5-маснавии дигар доштааст. Яке аз онҳо маснавии “Даврони Офтоб” аст, ки роҷеъ ба ҳаракат ва хосиятҳои офтоб баҳс мекунад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Рӯдакӣ бешубҳа аз шоирони ниҳоят пурмаҳсул будааст. Бар замми ин, ба Рӯдакӣ таълифи луғати арабӣ – форсиеро нисбат медиҳанд, ки ин байт аз он ҷост:

       Заръу зиръ аз баҳор шуд чу биҳишт,

       Заръ – кишт асту зиръ – гӯшаи кишт.

     Ногуфта намонад, ки эҷодиёти ғании Рӯдакӣ дар тамоми асру замонҳо баъди даргузашти ӯ мавриди баҳси муҳаққиқон қарор гирифта, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва осори шоирони мухталиф устоди устодони шеъри дарӣ муаррифӣ мешавад.

    Масъалаи роҷеъ ба Рӯдакӣ, ки бештар боиси баҳсу баррасии дониш-мандон гардидааст, аз инҳо иборат аст: Оё Рӯдакӣ кӯри модарзод буд? Теъдоди ашъори Рӯдакӣ чӣ миқдор буд?...

    Бархе аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод буд. Аммо гуруҳи дигар ин андешаро рад кардаанд. Агар устод Рӯдакӣ кӯри модарзод мешуд, чӣ гуна зебоиҳои табиатро тасвир мекард? Масалан, дар шеър:

            Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

            Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб ...

ё дар порчаи дигар:

             Бихандад лола бар саҳро,

             Ба сони чеҳраи Лайло.

             Бигиряд абр бар гардун,

             Ба сони дидаи Маҷнун

      Яъне, аз ин бармеояд, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод набуд, балки ӯро ба чашмонаш мил кашида кӯр кардаанд.

     Масъалаи дигаре, ки боиси баҳс қарор гирифтааст ҳаҷм ва миқдори ашори Рӯдакӣ мебошад.

     Агар ғалат накунем, то вақтҳои охир муҳаққиқон дар тафсири рубоии Рашидии Самарқандӣ, ки дар тазкираи Муҳаммад Авфии Бухороӣ "Лубоб-ул-албоб" оварда шудааст баҳс мекунанд:

           Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

           Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

           Шеъри ӯро баршумурдам: сездаҳ раҳ сад ҳазор,

           Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

    Тамоми муаллифони китобҳои гуногуне, ки дар тӯли асрҳо ашъори Рӯдакиро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, санадашон ҳамин рубоӣ мебошад. Қабл аз Авфӣ аз чунин миқдор будани ашъори Рӯдакӣ касе хабар намедиҳад.

    Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки мо ҳақ надорем, ки як шоири бузург мисли Рашидиро ба дурӯғгуӣ айбдор намоем. Саид Нафисӣ имконпазир будани як миллиону сесад ҳазор байт гуфтани Рӯдакиро чунин асоснок мекунад: агар Рӯдакӣ дар давоми чиҳил сол рӯзе сад байт навишта бошад, ашъори ӯ як миллиону сесад ҳазор байт мешавад.

     Пас аз мутолиаи чунин андешаҳои муҳаққиқон бешубҳа метавон устод Рӯдакиро Султони шоирон, Соҳибкирони шоирӣ донист. Чунон, ки ин нуктаро Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар асри XII таъкид карда буд:

        К-он кас шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

        Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

     Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он менамояд, ки Худованди бузург чунин як фарзанди фарзонаро насибашон гардондааст.

     Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад ва бо номи абадзиндаи устод Рӯдакӣ ноҳия, хиёбон, ҷамоат, мактаб, донишгоҳу донишкада ва ҳатто ҷоиза номгузорї карда шудааст, ки ин боиси зиёд гардидани завқи мардум, меҳру муҳаббати мардум нисбати ашъори диловези Рӯдакӣ мебошад.

         Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

         Гул бирезад, марезад аз вай бӯй.

Сафаралӣ Афғонов, омӯзгори фанни
забон ва адабиёти тоҷик дар Литсей-интернати 
Президентӣ барои кӯдакони болаёқати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон.