Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

ХАЙР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ МАН!

ХАЙР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ МАН! Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти томактабии назди литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори аввал 100 нафар тарбиятгирандагон хатм намуда, имтиҳони қабул ба синфи якумро супориданд. Бояд қайд намуд, ки боз муассиса омода аст, ки кӯдакони соли таваллудашон 2015-2016-ро барои таҳсил қабул намояд. БАРОИ МАЪЛУМОТИ БЕШТАР БА РАҚАМҲОИ 235-68-24 МУРОҶИАТ НАМОЕД.

116 МЕДАЛ ВА 31 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021

Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) ва 1 ифтихорнома  гардиданд.  Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаб...

Дар Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» доир гардид

22 август дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» баргузор гардид, ки иштирокчиёни он аз рӯйи синн ба се гурӯҳ – кӯдакони аз 10 то 12-сола, наврасони 13-15-сола ва аз 16 то 19-сола ҷудо гардиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии «WRO-2021»  бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд. Тавре аз Сарра...

Дастаи олимпии шаҳри Душанбе сазовори мақоми аввал гардид

2-юми июли соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои 11) баргузор гардид. Дар маросими мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Баҳром Исмоилзода - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳ...

Дар Тоҷикистон бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо иштироки 130 нафар кӯдак аз кишварҳои СҲШ баргузор гардид

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид. Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ...

ТАВСИЯҲО ОИД БА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ КАРОНАВИРУС COVID-19

МУНТАЗАМ ДАСТ ШӮЕД Мунтазам дастони худро бо ёрии маҳлулҳои спиртдор пок намоед ё бо собун шӯед. Ин барои чӣ лозим аст? Агар дар рӯи дастон вирус мавҷуд бошад, коркарди дастҳо бо ёрии маҳлулҳои спиртдор ё шустани онҳо бо собун онро нобуд месозад. ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ФОСИЛАРО РИОЯ НАМОЕД Аз одамон дар масофаи на кам аз 1 метр дур истед, хусусан агар онҳо сулфа, зуком ва ё ҳарорати баланд дошта бошанд. Ин барои чӣ лозим аст? Одами гирифтор ба сирояти роҳҳои нафас, аз қабили COVID-19, ҳангоми...

Дастаи олимпии хонандагони пойтахт ғолиби мутлақ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо дониста шуд.

Имруз дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи Spelling Bee ва олимпиада оид ба Шоҳмот ташкил ва баргузор гардид. Дастаи олимпии пойтахт аз рӯи олимпиадаи Spelling Bee фаъолона ширкат варзида, сазовори 2 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардида дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуд.  Аз рӯи олимпиада оид ба Шоҳмот дастаи олимпии Душанбе -1 сазовори Ҷоми ҷойи аввал ва беҳтарин дастаи ҷумҳурӣ дониста шуд. Натиҷаи дав...

ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКА (КЕНГУРУ)

Тибқи нақша ҳамасола олимпиадаҳои байналмилалӣ байни хонандагон баргузор мешаванд. Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" дар соли хониши 2020-2021 дар ин  олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (кенгуру) бо як тайёрии хуб ва маҳорати баланд иштирок намуда  ҳамаги 67-ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Ногуфта намонад, ки дар ин олимпиадаи мазкур саҳми омӯзгорони фани математика Солиев Раҷаббек Қурбоналиевич, Навру...

Хонандагони синфҳои 1 аз 3-юми июн ва хонандагони синфҳои 2-11 аз 7-уми июн ба таътил мебароянд

1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 01.06.2021, №864) ба тасвиб раси...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии даставӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10

29-30-юми майи соли равон дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (барои хонандагони синфи 9-10) баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 1309 нафар хонанда ширкат варзиданд. Дар оғоз директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова довталабонро ба шартҳои озмун ошно намуд. Тибқи Низомномаи олимпиадаҳо барои фанҳои ҷамъиятӣ-г...