Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Имло ҳанӯз таҳрирталаб аст

17 января 2022 02:01

Количество просмотров: 1055

Пас аз интизориҳои зиёд ниҳоят қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ мураттаб гардиду аз чоп баромад. Ҳама умед доштанд, ки ин бор баъзе хатоҳову духӯрагиҳову носаҳеҳиҳои имлои пешина ислоҳ мешаванд. Зеро дар ин бора чандин мақолаи донишмандону забоншиносон чоп шуда буд, ки ба инобат гирифтани онҳо, бешубҳа, боиси беҳбуди имлои нав шуда метавонист. Воқеан, дар қоидаҳои имлои нав баъзе дигаргуниҳо ва ислоҳҳо мушоҳида мешаванд. Чунончи, ҳарфи ӯ-ро, ки садоноки маънисоз аст, аммо баъзеҳо аз алифбо берун карданаш мехостанд, бо ному вазифаю мавқеи аслиаш ташреҳ кардаанд.

Дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи ц истифода шудани ҳарфҳои с ва тс муфассал шарҳу эзоҳ ёфтааст. Мавриди истифодаи артикли ал (ва гунаҳои он) дар исмҳои хос нишон дода шудааст. Тарзи навишти исмҳои хоси иқтибосӣ, ҳангоми бо ҳарфи хурд навиштани исмҳои хоси шахс: ҳофизшинос, бедилшинос, ҳофизшиносӣ, мавлонохонӣ, бедилхонӣ, сомонизодагон, рустамтаборон зикр гардидааст, ки хуб аст. (Дар худи ҳамин ҷо овардани калимаҳои амсоли шоҳномахонӣ ва маснавихонӣ низ айни муддао мебуд).

Мутаассифона, мураттибони имло баъзе андешаҳои судманди донишмандонро ба эътибор нагирифтаанд.

Менигарем ба боби «Алифбо, тартиб ва номи ҳарфҳо». Ба ҳарфҳо номгузорӣ кардаанд: «… бе, ве, ге, де, йе…». Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 номи ҳарфҳои мазкур ба ин тарз навишта шуда буданд: «… бэ, вэ, гэ, дэ, йэ», ки беҳтар ва дурусттар буд. Дар алифбои пешина номи баъзе ҳарфҳои ҳамсадо чунин шакл дошт: «эл, эм, эн, эр, эс, эф». Дар алифбои ҳозира бошад, онҳо ба ин тарз омадаанд: «ле, ме, не, ре, се, фе». Дар алифбои соли 2011 ҳарфҳои к, х ва ш-ро ка, ха ва ша ном гузошта буданд (чун номи аслии русиашон). Аз чӣ бошад, ки ҳоло номи ка (к) барҷой мондаасту ҳарфҳои х ва ш хе ва ше ном гирифтаанд. Хуб мешуд, ки номи ҳарфҳоро дар ҳамон шакли русиаш нигоҳ дорем. Охир, Сашаро Сангин намегӯем-ку.

Мураттибони имлои нав дар номгузории ҳарфҳо асосан ба имлои соли 1998 баргаштаанд, ки ин ҳамон гуфтори «Як қадам ба пеш, ду қадам ба ақиб»-ро монад.

Ҳарфи ӣ-ро дар имлои «куҳна» «ӣ-и заданок» мегуфтанд. Дар имлои соли 2011 «и-и дароз» ном гирифт. Дар имлои ҳозира ӣ гуфта шудаасту халос. Маълум нест, ки онро чӣ гӯянд, магар ки «и-и муғлақ»-аш хонанд.

Ба андешаи мо, ӣ-ро чун қоидаҳои имлои «куҳна» (соли 1972) ӣ-и заданок номидан шояд. Зеро ӣ, ки дар алифбои ниёгон бо ё навишта мешавад, ҳамчун ӣ-и дароз дар аввал (ҳамроҳ бо алиф) ва миёнаи калимаҳо низ меояд. Вале ӣ-и заданок ҳам дар калимаҳои решагӣ (моҳӣ), ҳам дар вазифаи бандаки феълию хабарӣ (омадӣ, талабаӣ) ва ҳам пасванд (сафедӣ) дар охири калимаҳо меояду зада қабул мекунад.

      Мутаассифона, иддае ъ (ъайн)-ро гумном карданд. Дар қоидаи имлои пешина (то соли 1998) бар дӯшаш ду вазифа (ҳамсадои ҳалқӣ ва аломати сакта)-ро бор карда буданд. Дар қоидаҳои имлои соли 1998 онро аз вазифаи нолозимаш (аломати сакта) озод карданд. Ҳамсадои ҳалқӣ шуд. Дар имлои соли 2011 номашро дигар (сакта) карданду вазифааш (ҳамсадои ҳалқӣ) муаллақ монд. Зеро ҳамон қоидаҳое, ки гоҳи дар вазифаи аломати сакта ҳам буданаш марбути он буданд, пойдор истоданд. Чунончи, гоҳи ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани калима дар ҳиҷои аввал мондани ъ. Аз қабили санъ-ат, машъ-ал, масъ-уд (ниг. Забони тоҷикӣ, синфи 5, Душанбе-2018, саҳ. 41). Ҳама медонанд, ки ин қоидаи сохтаю бофта ғалат аст. Модоме ки ъ ҳамсадои ҳалқӣ бошад, чаро ҳамвазни ҳамсадоҳои дигар нест? Чаро дар байни ду садонок ояд, партофта мешавад?! Ҳақиқат ин аст, ки бояд калимаҳои боло дар чунин шакл ба ҳиҷоҳо ҷудо карда шаванд: сан-ъат, маш-ъал, мас-ъуд.

Вобаста ба имлои пешина донишмандону забоншиносон дар ин бора бисёр мақолаҳо ба табъ расонданд. Вале аз чӣ бошад, ки мураттибони имлои нав андешаҳои онҳоро ба эътибор нагирифтаанд. Ин аст, ки дар қоидаҳои имлои нав низ боз ҳамон ғалатҳову бесомониҳо такрор шудаанд. Чунончи, омадааст: «ҳарфи ъ дар мавридҳои зерин навишта намешавад:

-дар калимаҳои иқтибосие, ки зимни калимасозӣ бо пасвандҳои –анд, -от, -ӣ, -я, -ият ва ғайра ҳарфи ъ дар байни садонокҳо қарор мегирад: бадеъ –бадеӣ; воқеъ –воқеӣ, воқеа, воқеият, воқеот; моеъ –моеӣ, моеот; монеъ –монеа, монеӣ ва ғайра;

-дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол, таъин навишта намешавад: маориф, таом, лаин, манбаи ҳаёт, аҳволи иҷтимоӣ, мавзуи баҳс, тулуи офтоб, шуруи кор, маҷмуи ашъор ва гайра».

      Саволе ба миён меояд. Модоме ки ъ ҳамсадои комилҳуқуқ бошад, чаро дар байни ду садонок навишта намешавад? Ин такрори ҳамон қоидаи пешина аст, ки мегуфтанд: аломати сакта («твёрдый знак») дар байни ду садонок навишта намешавад. Хушбахтона, «твёрдый знак» аз байн рафт (ҳамсадои ъ монд), вале қоидаи нодаркорашро то имрӯз сахт дошта меоем. Инсоф бидиҳед. Охир, ъ-ро дар байни ду садонок навиштан чӣ зиён дорад?! Агар ҳамеша дар ҷойи худ навишта шавад, шаклу мазмуни калима тағйир намеёбад, маънии он фаҳмотар мешавад. Масалан, ҳамон калимаи «моеъ»-ро гоҳи калимасозӣ дар шакли моеъӣ, моеъот нависем, хонанда ба осонӣ мефаҳмад, вале маънои «моеӣ» ва «моеот»-ро берун аз матн фаҳмидан хеле душвор, гоҳо номумкин аст. 

Ин ҷо қоидаи дигари ноҷое ҳам ҳаст, ки ъ «дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол, таъин навишта намешавад». Ин қоида солҳои дароз идома дораду аз як қоидаи имло ба қоидаи имлои дигар мегузарад, вале маъное надорад. Аввалан, шакли дурусти калимаи таъин таъйин аст. Чун ҳарфи й овози ҳамсадо эътироф шудааст, қоидаи мазбур ба калимаи таъйин дахл надорад. Сониян, калимаи фаъол аз таом (таъом) чӣ фарқ дорад, ки онҳо дар ду шакл навишта мешаванд?! Бояд аз баҳри ин қоидаи нодуруст гузарем.

Ҳамчунин, мураттибон бояд вазифаи ъ-ро мисли ҳамсадои й равшан баён карда мегуфтанд: ҳамсадои ъ.

Аз ин рӯ, бояд ъ-ро дар ҳамон шакли аслии арабиаш ъайн ном гузорем ва ҳуқуқашро ҳамчун ҳамсадои ҳалқӣ барқарор кунем.

Пас аз қабули қоидаҳои имлои пешина дастуре пешниҳод шуда буд, ки дар калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ ба ҷойи ӯ у навишта шавад. Нодурустии ин қоидаро олимону забоншиносон исбот карданд. Аммо дар қоидаҳои имлои нав ин андешаи донишмандон ба эътибор гирифта нашудааст. Чунончи, оид ба имлои у ва ӯ гуфта мешавад:

« 1) Ҳарфи у дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

-барои ифодаи овози у-и ноустувор: булбул, буз… ва ғайра;

-дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна…

-дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ …

-барои ифодаи овози у-и устувор: бумӣ, зуд…

2) Ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

-барои ифодаи овози ӯ-и устувори дароз: кӯҳ, рӯз…

-дар ҳиҷои дуюми калимаҳои фурӯғ, дурӯғ, гурӯҳ…»

Мо ин ҷо асосан ба хотири истилоҳҳои «у-и ноустувор», «у-и устувор» ва «ӯ-и устувори дароз» иқтибоси дарозе овардем. Аввалан, каси ба алифбои ниёгон нобалад ин мафҳумҳоро намефаҳмаду корбаст карда наметавонад. Сониян, у-и устувор ва ӯ-и устувори дароз дар алифбои форсии тоҷикӣ як тарз (бо вов) навишта мешаванд, ки фарқ карданашон душвор аст. Ба замми ин ӯ-и устувори дароз дар бисёр шеваҳои забони тоҷикӣ умуман вуҷуд надорад. Пас, хонанда онҳоро чӣ гуна ва бо кадом аломату хусусияташон фарқ кунад?!

Модоме ки калимаи кӯҳ ва нуҳ маҳз ба хотири вов гирифтани яке (кӯҳ) дар ду шакл навишта мешаванд, чаро калимаҳои арабии гунаи руҳ, таваҷҷуҳ, ки кайҳо ба таркиби луғавии забони мо дохил шудаанду вов мегиранд, бо у навишта мешаванд? Чаро калимаҳои тоҷикии будан ва шудан, ки яке бо вов ва дигаре бе вов навишта мешаванд, дар хати кириллӣ як тарзи навишт доранд? Бо калимаҳое, ки дар алифбои форсии тоҷикӣ ду тарзи навишт доранд (аз қабили андуҳ ва андӯҳ), чӣ кор кунем? Инҳо саволҳоеанд, ки ҷавоб металабанд.

Аллома Сайид Нафисӣ гуфтааст: «Бисёре аз калимаҳои арабӣ дар форсӣ ба равиши дигаре ба ҷуз равиши маъмулии тозиён талаффуз мешавад ва мо, ки китоб ба забони форсӣ менависем, набояд риояти асли талаффузро дар забони тозӣ бикунем. Бояд маъмулӣ имрӯзи Эронро асос қарор бидиҳем».

Сад бор ҳақ аст ӯ. Мо, ки ҳазор сол боз «мавзӯи (мавзӯъи) баҳс, мавзӯи (мавзӯъи) дарс» гуфта омадем, чаро акнун яку якбора «мавзуи баҳс, мавзуи дарс» мегуфтагӣ шавем?!     

Дӯстони азиз, биёед, аз баҳри ин қоидаҳои нестандарҷаҳони ба ягон қолаб намеғунҷида гузарем. Дар калимаҳо ҳар ҷо, ки у бо вов ифода шуда бошад, ӯ нависему бе вов бошад, бо у сабт кунем. Ана, баъд кор осону олам гулистон мешавад.

Дар қоидаҳои имлои нав гуфта шудааст: «ҳамсадои й дар ибора ва калимасозии вожаҳои решагӣ нигоҳ дошта мешавад». Ва чанд мисол оварда шудааст, ки аксарашон дуруст менамоянд. Вале ба шакли калимаҳои пайомад, пайопай, розӣ шудан душвор аст. Зеро дар сурати чунин шакл гирифтани калимаҳои зикршуда моро лозим меояд, ки калимаҳои дигар (аз қабили ояндасоз)-ро низ ба тарзи ойандасоз нависем. Аз ин рӯ, ё калимаҳои зикршударо дар шакли пешина (паёмад, паёпай) навиштан даркор ё қоидаро андак тағйир дода, ду шакли навишт доштани онҳоро (пайомад-паёмад, пайопай-паёпай) таъкид кардан лозим. Зимнан, дар забони тоҷикӣ калимаҳои душакла (кифт-китф, моҳ-маҳ, рӯ-рӯй, сапед-испед ва ғайра) хеле зиёданд.

Дарвоқеъ, агар мураттибони қоидаҳои имло  йотбарсарҳо (е, ё, ю, я)-ро аз алифбо берун месохтанд, боз чунин як мушкилот пеш намеомад. Бешубҳа, йотбарсарҳо ба алифбои мо лозим нестанд. Бисёр хатоҳои имлои мо маҳз ба нодуруст истифода бурдани йотбарсарҳо вобаста аст. Агар онҳо аз алифбо бароварда шаванд, хатонависӣ хеле ва хеле кам мешавад. Он гоҳ мардум дар навиштани калимаҳои аён, Файёз, эҷод, Йӯлдош, елим, ем (дар шакли айён, Фаёз, еҷод, Юлдош, элим, йем) ва даҳҳо калимаи амсоли инҳо хато намекунанд. Мавқеи истифодаи ҳарфҳои й ва э устувор мешавад. Афсӯс, ки дар бораи мавқеи истифодаи йотбарсарҳо дар қоидаҳои имло маълумоти муфассал ва равшану дақиқ дода нашудааст. 

Одатан забон калимаҳои бегонаро суфта мекунад, ба қолаб медарорад ва ба қоидаҳои худ тобеъ мегардонад. Аз ҷумла, исмҳои хосро. Тоҷикон ҳиҷои охири исмҳои зерин: Индира Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Батуми, Миссисипиро бо зада талаффуз мекунанд ва бояд бо ӣ навишта шаванд. Мутаассифона, дар қоидаҳои имло ин нукта ба назар гирифта нашудааст.

Ба назари мо, имлои баъзе исмҳои дигарро низ ислоҳ кардан ва онҳоро ба як шакл даровардан лозим аст. Дар қоидаҳои имло тавсия шудааст, ки исмҳои Пули Гирдоб, Пилдони Боло ҷудо, вале Сарихосор ва Даштиҷум якҷоя навишта шаванд. Гӯё ҳар ду ҷузъи исмҳои Сарихосору Даштиҷум задаи ягона доштаанду Пули Гирдоб ва Пилдони Боло не.

Инсоф кунед. Чунин исмҳои хос дар забони мо лак-лаканд. Охир, ҳама забоншинос нестанд-ку. Хонандаю сабтгари одии бечора аз куҷо донад, ки задаи сабилмондаи чунин калимаҳо чандтост ва дар куҷост. Ҳаққи гапро гӯем, худи мо филологҳо, задаи на ҳамаи чунин калимаҳоро фарқ карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар ду навъи чунин калимаҳоро дар як шакл навиштан даркор.

Чунин бенизомӣ дар навишти баёнияҳо бо исм низ вуҷуд доранд. Дар қоидаҳои имло оварда шудааст:

«-агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо нимтире навишта мешавад: Аҳмад-махдум, Салим-паҳлавон…

-баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷо (як ҷо ё якҷоя-Э.С.) навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барнохола, Шодиамак ва ғайра».

Ба матлаби ҷумлаи аввали ин иқтибос эрод надорем, хуб аст.

Пешниҳоди мо ин аст, ки баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром, хоҳ пеш ва ҳоҳ пас аз исм бо нимтире навишта шаванд. Дар яке аз қоидаҳои имлои пешин ҳамин тарзи навишт талаб карда мешуд ва чанд сол давом дошт, ки дуруст буд. Гап дар сари он аст, ки дар сурати якҷоя навиштани баёнияву исм хонанда баёния ё ҷузъи исм будани ҳиссаи он калимаро намефаҳмад. Бояд дар назар дошт, ки дар забони мо исмҳои хоси зоҳиран баёниядор, аз қабили Бобосафар, Мирзобобо, Акашариф, Додарбек, Гулбибӣ, Бибимарям, (ҳатто Очабибию Холабибӣ), Ҳазтаршоҳ, Муллобаҳодур, Тағобоқӣ, Муллозуҳур ва амсоли инҳо хеле зиёданд.

Ба назари мо, дар боби «Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима» дар баробари зикри риояи яклухтии ҳиҷо инчунин қайд кардан лозим буд, ки дар калимаҳои мураккаб гоҳи аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷоҳо решаҳои калима низ ба эътибор гирифта мешаванд. Яъне, ҳиҷоҳои калимаҳои мураккаби намуди «некандеш»-ро бо ду тарз аз сатр ба сатр гузаронидан мумкин аст: не-кан-деш, нек-ан-деш.

Ҳоло дар мо аз рӯйи насаб, ном ва номи падар донистани мард ё зан будани шахс душвор (гоҳо номумкин) шудааст. Бино бар ин, ба андешаи мо, дар қоидаҳои имло ин масъаларо равшантар баён кардан лозим буд, ки пасвандҳои насабсози мардона - ӣ; -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ниё, -ёр, -фар ва пасванди насабсози занона  –духт мебошанд. Ё ягон шакли аз ин беҳтареро пешниҳод кардан даркор. Зеро, ҳарчанд дар забони тоҷикӣ категорияи ҷинсият нест, бо таъсири забонҳои арабӣ ва русӣ ин падида вуҷуд дорад ва хоҳу нохоҳ боз идома хоҳад ёфт.

Дар боби «Имлои сифат» омадааст: «…-сифатҳои ҷуфте, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бе- ва пешвандгунаҳои сер-, пур-, хуш-  ва пайвандаки -у сохта шудаанд:… сершоху барг, пунозу неъмат, хушобу ҳаво…».

Ин ҷо «пешвандгуна» як истилоҳи сохта аст. Дар забони мо ҳаст: пешванд, пасванд, миёнванд вассалом. Ҷузъҳои сер-, пур- ва хуш- на пешванданд, на пешвандгуна. Инҳо калимаҳои мустақилу маънодоре ҳастанд, ки бо роҳи ҳамроҳ шудан ба калимаҳои решагии дигар сифатҳои мураккаб сохтаанд.

Дар боби «Имлои шумора» овардаанд: «Ҷудо навишта мешаванд:… шумораҳои миқдорӣ аз калимаи дарсад: 100 дарсад, 50 дарсад, даҳ дарсад, бист  дарсад ва ғайра». Ин қоида, албатта, дуруст аст. Вале ин ҷо пешоянди «дар»-ро ҳам аз шумора ҷудо (дар сад) навиштан дуруст, осон ва беҳтар мебуд. Зимнан, ба ҷойи дар сад гоҳо фи сад менависанд. Истифодаи калимаи фоиз ҳам зиёне надорад. Вай аз мо нону ош наметалабад. Дар забони мо (дар ҳамаи забонҳои дигар низ) садҳо калимаҳои бегона ҳастанд. Чаро мо танҳо аз калимаи фоиз, ки нисбатан ба дар сад содатару фаҳмотар ва осоннавистар буда, сад сол боз истифода мекунем, ҳазар намоем?!

Дар боби «Имлои ҷонишин» гуфта шудааст, ки ҳангоми ихтисор дар назм бандакҷонишинҳои шумораи ҷамъ дар калимаҳое, ки бо ҳамсадо анҷом меёбанд, якҷоя (писаршон, писартон, писармон), вале бандакҷонишинҳои –ам (-ям), -ат      (-ят), -аш (-яш) дар калимаҳое, ки бо ҳамсадо анҷом меёбанд, бо нимтире (писар   -м, писар -т, лашкар -ш, гуфтам -ш, додам -ш)  навишта мешаванд. Ба фикри мо, ин ҳар ду дар як шакл бо нимтире навишта шаванд, беҳтар аст, зеро маъно фаҳмотар мегардад.

Дар ҷойи дигар омадааст, ки ҷонишинҳои таркибии ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар як, ҳар ки, ҳар чи, ҳеҷ як, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣ қадар?, чӣ навъ?, ва ғайра ҷудо навишта мешаванд. Ба назари мо, ин ҷо ҷонишинҳои таркибии ҳар ки, ҳар чи дар шакли ғалат оварда шудаанд. Зеро онҳо аз ҷонишини таъйинии ҳар  ва ҷонишинҳои саволии кӣ ва чӣ  таркиб ёфтаанд. «Ки» ва «чи» танҳо дар мавриди ба вазифаи пайвандак омаданашон зада қабул намекунанд. Аз ин рӯ, ҳар кӣ, ҳар чӣ бояд бо ӣ навишта шаванд. Дар китобҳои дарсӣ ҳам ба ҳамин тарз омадаанд (ниг. «Забони тоҷикӣ», с.6, Душанбе-2015, саҳ. 189). Бино бар ин мардумро ба иштибоҳ андохтан лозим нест.

Дар боби «Имлои феъл» барои нишон додани навиштани ҷудои ҷузъҳои феъли таркибии номӣ якҷо шудан мисол оварда шудааст, ки ғалат аст. Ин таркиб бояд дар шакли як ҷо шудан ё якҷоя шудан оварда мешуд.

Дар ҳамон ҷо боз гуфта шудааст, ки калимаҳои во ва боз ҳамчун ҷузъҳои мустақил навишта мешаванд. Ва мисол оварда шудааст: во кардан, во шудан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан. Ба назари мо, дар ҳамин маврид мавқеи истифодаи калимаҳои бозхонд, бозхост, бозгашт ва амсоли инҳоро ҳам нишон додан лозим буд.

Мисли ҳамин дар боби «Имлои зарф» низ баъзе масъалаҳои шарҳталаб мавҷуданд. Чунончи, он ҷо оварда шудааст: «Ҷудо навишта мешаванд: -зарфҳое,  ки аз такрори калима ва пешоянд сохта шудаанд: дам ба дам, рӯз то рӯз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона, рӯ ба рӯ, дар ба дар, пай дар пай ва ғайра». Ин ҷо шарҳ додан лозим буд, ки баъзе аз ин мисолҳо дар матнҳо гоҳ ба вазифаи зарф, гоҳ ба вазифаи сифат меоянд. Ба вазифаи зарф омада бошанд, аз ҳам ҷудо, ба вазифаи сифат омада бошанд, якҷоя навишта мешаванд. Мисол: рӯ ба рӯ сӯҳбат кардан, дар ба дар гаштан, пай дар пай боридан (зарф): сӯҳбати рӯбарӯ, гадои дарбадар, борони пайдарпай (сифат). Инчунин дар мавриди якҷоя навиштани зарфҳо калимаи парерӯз мисол оварда шудааст, ки ғалат аст. Шакли дурусти ин калима пареррӯз (парер) мебошад.

Қазовати то чӣ андоза дуруст будани пешояндҳои таркибии номии ғайриизофӣ (пеш аз, пас аз, доир ба, роҷеъ ба, нисбат ба, оид ба, назар ба), пешояндҳои изофии номии такрор (гирд-гирди, зер-зери, таҳ-таҳи, лаб-лаби рӯ-рӯйи, пас –паси, сар-сари, қад-қади, пеш-пеши) ва пасояндҳои номиву калимаҳои пасояндӣ (пеш, қабл, замон, ҳамон, ҳамоно)-ро ба донишу имону виҷдони олимони забоншинос, ҳавола мекунем. Вале, ба назари мо, пешоянди номӣ ва пасоянди номӣ истолоҳҳои сохтаю бофтаи кадом як олими чаласаводанд. Дар мисолҳои боло аксари кулли калимаҳо ё исманд ё зарф. О, модом ки пешоянду пасояндҳо худ ҳиссаҳои номустақил ва ёридиҳандаи нутқ бошанд, чаро таркибашон номӣ мешудааст? Ин ғалат бояд дар қоидаҳои имло ҷой намеёфт.

Ҷабри қоидаҳои ғалати имлоро аз ҳама зиёд аҳли маорифу матбуот мекашанд. Банда, ки аз аҳли касби ҳамин ду соҳа ҳастам, барои осонии имло андешаҳои худро аз дили соф баён кардам. Вале бовар надорам, ки касе ба онҳо эътибор диҳад. Ҳамин қадараш ҳаст, ки хештанро дар назди виҷдон муҷрим ҳис накунам.

Эҳсон Субҳон,

Аълочии маориф ва

матбуоти Тоҷикистон

http://omuzgor-gazeta.tj/blog-detail.php?id=5801