Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дар васфи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

21 сентября 2023 03:09

Количество просмотров: 255

                         Дар васфи Рӯдакӣ

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш талвиност.

                   Шаҳиди Балхӣ

Зебо бувад, ар Марв бинозад ба Кисоӣ,

Чунон ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

                   Аббоси Марвазӣ

Аз он чандон наими ҷаҳонӣ,

Ки монд аз оли Сосон в-Оли Сомон

Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳад,

Навои Борбад мондасту дастон.

                   Абушариф Муҷаллади Гургонӣ

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ садҳазор,

Ҳам фузун ояд агар чунон ки бояд бишмарӣ.

                   Рашидии Самарқандӣ

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

                   Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,

Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.

                   Ибни Ямини Фарюмадӣ