Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Мақолаҳо

Дӯстонро гум макун
29 апр

То тавонӣ, дӯстонро гум макун, Дӯстони меҳрубонро гум макун. Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст, Мушкилосонкункасонро гум макун. Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун, Дӯсти пайванди ҷонро гум макун. Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас, Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун. Зинати боғ аз гули хандон бувад, Мисли гул хандонлабонро гум макун. Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун. Халқи олам дӯст бо м...

Шоири ҷаҳонгарду мардумӣ
29 апр

Устод  Мирзо Турсунзода на танҳо дарду шодии мардуми худ, балки дар вуҷуду ҳузури мунаввараш дарду ранҷи миллату халқиятҳои дигарро низ эҳсос мекард ва дар эҷодиёташ аз  ормонҳои қалби онҳо менавишт. Устод дар Иттифоқи Шӯравӣ муаззамтарину мунаввартарин чеҳраи адабиёт буд  ва ӯро метавон дар як радиф бо устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим  Лоҳутӣ  гузошт. Ӯро ба ҳайси як чеҳраи мондагори фарҳангию адабӣ ва рамзи миллати овозадори тоҷик дар ҷаҳон мешинохтанд.  Ҳар вақте до...

ЮНЕСКО таҷлили 1050-солагии олими бузурги асримиёнагӣ Абӯ Райҳони Беруниро маъқул донист
20 апр

1050-солагии зодрӯзи олим ва файласуф Абӯ Райҳони Берунӣ (973-1048) солҳои 2022-2023 бо иштироки ЮНЕСКО ба таври густурда таҷлил хоҳад шуд. Ин тасмим мутобиқи пешниҳоди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия 17 апрел дар иҷлосияи 211 -уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО маъқул дониста шуд. Акнун ин масъала моҳи ноябри соли равон барои тасдиқ намудан ба иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Франсия пешниҳод хоҳад шуд. «Абӯ Райҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ олими бузурги асримиёнагӣ — энс...

Шавқу ҳавас ҳамчун фаъолияти пешбарандаи кӯдакони синни томактабӣ
19 апр

Дар ҳаёти инсон ҳосил намудани тасаввурот дар бораи олами гирду атроф, аз ҷумла предмет, ашё ва умуман мавҷудоти таббиӣ мақоми муҳим мебозад. Бо мақсади боз ҳам самарабахштар ба роҳ мондани фаъолияти фоидабахши худ, шахс дар тамоми давраи ҳаёти худ барои дурусттар фаҳмидани олами берунӣ саъю кӯшиш менамояд. Яке аз ҷиҳатҳои аз худкунии дониш ин  майлу рағбат пайдо кардани шахс ба дониш мебошад. Ин майлу рағбат дар давраҳои гуногуни синну сол хусусиятҳои ба худ хос дорад. Маълум аст,...

Зарурият ва роҳу воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии наврасон
19 апр

Зиндагӣ ва ҳадаф аз он дар чист? Барои посух гуфтан ба ин суол пеш аз ҳама бояд фаҳмид, ки ҳар як мавҷудоти зиндаи табиатро дар ин олам рисолате бар дӯш аст. Масалан, агар вазифаи дарахтони сояфкан, қабл аз ҳама тоза кардани атмосфера аз гази карбон ва дар навбати худ бой сохтани он бо оксиген бошад ва ё ба ҳамин монанд, агар вазифаи паррандагон аз кам кардан ва ё несту нобут сохтани ҳашаротҳои зараррасон иборат бошад, пас вазифаи инсон дар чист? Мақсади омадани ҳар яки мо дар ин дунё аз чӣ иборат аст? Оё мо бо...

12 апрели соли 1961 - рӯзи аввалин парвози инсон ба кайҳон
12 апр

60 сол аст, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин, дар тамоми рӯи ҷахон ҳамчун якумин кайҳонавард шинохта гардид. Маҳз рӯзи 12 апрел соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин давраи кайҳонавардии таърихи башарро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон  башарият дарк намуд, ки санаи 12 апрел  чи гуна такони ҷиддие баҳри тараққиёти тамаддуни умумибашар гузошт.  Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба хамагон...

Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ
2 апр

Интернет платформаҳо системаҳои мукаммалеро тартиб додаанд, ки барои ҷамъоварии маълумотҳои шахсии корбарон равона шудааст. Масалан, Facebook ва Google, системаи мукаммалеро барои таблиғоти мақсаднок сохтаанд, ки онҳо ба ҷамъоварии маълумоти шахсӣ асос ёфтаанд. Мо ба Шумо 6 роҳи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар интернетро пешниҳод мекунем. Таблиғотро идора кунед Шумо метавонед маҷмӯи маълумотҳоеро маҳдуд кунед, ки рекламадиҳандагон барои ҳадафрас гардидани тарғиботашон истифода мекунанд. Бо тан...

Шаммае аз рӯзгори Шоҳи Ҳамадон
31 мар

   Пурсид азизе ,ки Алӣ аҳли куҷоӣ? Гуфтам ба вилояти Алӣ, аз Ҳамадонам Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки яке аз мутафаккирону адибони нозукхаёли форсу тоҷик шинохта шудааст,22-юми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон ба дунё омадааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо падараш Сайид Шиҳобуддини Ҳамадонӣ ном дошта, насаби вай ба 17 восита ба халифа Алӣ ибни Абӯтолиб мерасад. Исми модараш Фотима буда, ба 17 восита ба пайғамбар Муҳаммад ва 16 восита ба Алӣ мепайва...

Устоди ғамхору серталаб
30 мар

       Моҳи сентябри соли 1996 пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ , ки он солҳо номи Қандил Ҷӯраевро дошт,ба литсей ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор омадам.Ҷонишини директор оид ба таълим Муҳаммадӣ   Нарзиқулов соатҳои дарсиро тақсим карда , гуфтанд, ки барномаҳои таълимӣ аз фанни   забон ва адабиётро аз роҳбари иттиҳоди методии забон ва адабиёти тоҷик Абдусалом Давлатов дастрас карда, нақшаҳои тақвимиро месозед. Дар а...

Марди накӯном намирад ҳаргиз
30 мар

        Моҳи ноябри соли 2005 буд. Дар хонаи муаллимон нишаста , омодаи навиштани тақриз ба яке аз китобҳои дарсии адабиёт будам, ки ногоҳ   марди қоматбаланди тахминан   48-50 сола бо чеҳраи кушода, бо табассум, дар даст ҷузвдони сиёҳ аз дар даромад.   Пас аз салом додан худро шинос карда гуфтанд, ки   ба ҳайси омӯзгори фанни таърих   ва   ҳуқуқ ба кор қабул шудаанд. Ин марди хоксору равшанзамир , ...