Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Фазилату масъулиятшиносии директор

12 декабря 2023 09:12

Количество просмотров: 115

Директори Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Лайло Ғайратзода шояд ягона роҳбари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, ки ҳар субҳ, новобаста аз вазъи ҳаво, дар даромадгоҳ шогирдонро шахсан пазироӣ мекунад. Ин анъанаи нодир солҳои зиёд дар литсейи мавриди назар роиҷ буда, барои дигар дабистон шоистаи пайравист.

Мавриди зикр аст, ки литсейи мазкур аввалин Литсей-интернати президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Он мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мешаванд.

Лайло Ғайратзода роҳбарии ин муассисаи таълимиро ба зимма дорад, ки хонандагонаш дар ҳама ҷанбаҳо комёб ва пешсафанд. Тибқи иттилои дастрасшуда, теъдоди хатмкардагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи Маркази миллии тес­тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гардидаанд, тамоюли афзоишро касб кардааст.

Ҳамасола аз шумори хатмкунандагони ин литсей нафарони зиёд ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе дохил мешаванд.

 Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки сатҳи дониши хонандагони литсей аз беҳтаринҳо буда, ҳамасола ғолибони мутлақи олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ гардиданашон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Дар давоми чанд соли охир дастовардҳои хонандагони литсей дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ арзанда буда, дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мақоми якумро сазовор гардиданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ дастовардҳои хонандагони ин муассисаи таълимӣ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошад.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки омӯзгорони рус, ӯзбек, қазоқ, арман, башқир ва озарбойҷонӣ якҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Фаъолияти Лайло Ғайратзода аз омӯзгори одӣ то ба сарварии калонтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишвар масир дорад. Мудирияти Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мавсуф тавре ба роҳ монда шудааст, ки рисолати падару модарон — тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид бо фаъолияти созандаи омӯзгорон тавъам гардад. Дар ин замина мақому манзалати омӯзгорони литсей ба сифати машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ барҷаста мебошад.

Дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон танҳо ба омӯзонидани илму дониш иктифо накарда, ҳидояту роҳ­намоии шогирдон ба роҳи рост меъёри ахлоқии фаъолияташон аст. Омӯзгорони литсей бо роҳбарии Лайло Ғайратзода дониш, малака, санъат ва ҳунари волои худро холисона ба шогирдон пешниҳод намуда, онҳоро барои амалҳои нек ва кашфиёти нав илҳом мебахшанд.

Муҳимтар аз ҳама, омӯзгорони ин муассиса доимо муҳассилинро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан, давлати соҳиб­истиқлоли худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Дар ин раванд дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Яъне, рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд», сармашқи корашон аст.

Вежагии дигари фаъолияти аҳли ин муассисаи таълимӣ дар он зоҳир мегардад, ки бо фаҳмонидану вазифа додан қонеъ нашуда, бо рафтори шахсӣ ва илҳом бахшидан ба шогирдон онҳоро ба фатҳи қуллаҳои умед мутмаин месозанд. Чунин муносибати омӯзгорони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овардааст, ки меъёрҳои арзёбии дониши шогирдон беҳбуд ёфта, омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳанги гузаштаву муосир, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ тавсеа ёбад, арҷгузории хонандагон ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ тамоюли афзоишро касб намояд.

Фазилату масъулиятшиносии Лайло Ғайратзода боис гардидааст, ки падару модарони хонандагон ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло бурдани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо дар раванди таълиму тарбияи фарзандон бетафовут ва назоратчӣ набуда, хуб дарк кардаанд, ки ин кор танҳо вазифаи мактаб ва омӯзгор нест.

Далели бебаҳс аст, ки маҳз дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи пешрафтаву бонуфузи таълимӣ ва макони тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст ва донишманд табдил ёфт. Ба шарофати усули хоси роҳбарии Лайло Ғайратзода, комёбиҳои камназири устодон ва хонандагонаш дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат, мақоми хосро соҳиб будани литсейи мазкур самараи ҳамин таваҷҷуҳу дастгирӣ аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Манбаъ аз сомонаи "Садои мардум": https://sadoimardum.tj/maorif/fazilatu-mas-uliyatshinosii-direktor/