Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷумлаи унвонӣ дар ашъори Лоиқ

27 февраля 2021 10:02

Количество просмотров: 500

Афғонов Сафаралӣ – омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷ у м л а и   у н в о н ӣ   д а р   а ш ъ о р и   Л о и қ

           Дар забоншиносии тоҷик оид ба ҷумлаи унвонӣ асар ва ё мақолаи махсуси илмӣ перомуни асрҳои мансуру манзум навишта нашудааст. Банда тасмим гирифтаам, ки аз ашъори диловезу намакини Лоиқ Шералӣ дар мавриди ҷумлаи унвонии манзум изҳори андеша намоям. Ҷумлаи унвонӣ як навъи ҷумлаи яктаркиба мебошад. Ин навъи ҷумлаҳо танҳо аз таркиби мубтадо иборат мебошанд, ки ягон ашё, ҳодиса, макон, замон ва ҳолатро номбар карда, мавҷуд будани онҳоро тасдиқ менамоянд. Ҷумлаи унвонии манзум низ мисли ҷумлаи унвонии мансур хабар надорад. Агар ба он ягон хел хабар илова кунем, ҷумла сифати худро ҳамчун ҷумлаи унвонӣ гум карда, ба ҷумлаи дутаркиба табдил меёбад.

Зимистон. Барф то зону,

Зи чашма кўза бар сар об меорӣ,                                                                                                                         («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.133)

          Ҷумлаи унвонӣ бо оҳанг(интонатсия)-и хоси ҷумлаҳои ҳикоягӣ ва хитобӣ талаффуз карда мешавад. Ҷумлаи унвонӣ аз калима ва ибора тавассути интонатсияи махсус ва муносибати ба ҳастӣ доштаи худ фарқ мекунад. Ҷумлаи унвонии Зимистон аз калимаи зимистон аз рўи чунин хусусиятҳо фарқ мекунад, яъне ҷумлаи Зимистон дорои оҳанг ё худ интонатсияи хабарӣ буда, ҳодисаи номбаркардааш ба ҳастӣ муносибат дорад. Аммо дар калимаи зимистон, ки мафҳуми махсус дорад, чунин хусусиятҳо дида намешавад.Ҷумлаи унвонӣ дар сохти синтаксисии забони адабии тоҷик ҳодисаи нав набуда, балки таърихи мадид дорад. Яъне, намунаи онро метавонем дар осори манзуми классикони адабиёти ҳазорсолаамон дучор намоем. Аз ҷумла, аз эҷодиёти Одамушшуарро Рўдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Адиб Собири Тирмизӣ сар карда то Лоиқу Бозору Гулрухсор ва адибони минъбада метавонем пешкаш намоем. Модом, ки ҳадафи пажўҳиши мо ашъори Лоиқ Шералӣ аст, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки маводи андўхта аз ашъори Лоиқ бошад. Ҷумлаи унвонӣ дар ду қолаб вуҷуд дорад, яъне дар қолаби ҷумлаи сода ва дар қолаби ҷумлаи мураккаб, ки мо ҳарду ҳолатро дар зҷодиёти  устод дучор омадем:

Тоҷики гарданкашу лашкаршикан.

Гардани худ бишканад аз макру фан.

                                                         («Куллиёт», ҷ.1, кит.2, саҳ.420)

1.(Мавод аз «Куллиёт»-и Лоиқ Шералӣ, Хуҷанд, 2001 ҷ.1, кит.1,2 гирдоварӣ шудааст).

         Ин ҷумла, ҷумлаи содаи унвонии тафсилӣ мебошад, ки аз мубтадо ва муайянкунанда иборат буда, тавассути бандаки изофӣ ва пайвандаки пайвасткунандаи  паиҳами «у» алоқаманд шудааст. Чунин навъи ҷумлаҳо фикрро нисбат ба ҷумлаи унвонии хуллас муфассалтар ё мушахастар баён мекунанд. Ҷумлаи унвонии хуллас аз як калима иборат аст, ки одатан ин калима исм мешавад:

Дарё!

Дарё!

Бехуд равонӣ, дарё!

Пирӣ чу дунё,

Чу ман ҷавонӣ, дарё!            («Куллиёт», Ҷ.2, саҳ.8)                                            

Дар мисоли зикршуда ҷумлаи содаи унвонии хуллас бо исми ҷинс дар аввали ҷумла омада, аз ҷиҳати мазмуни оҳанг, яъне интонатсия ҷумлаи унвонии хитобӣ мебошад.(Чи хеле ки пештар гуфтем, ҷумлаи унвонӣ хабарӣ ва хитобӣ мешавад).

           Ҷумлаи унвонии хитобӣ бо оҳанги махсус талаффуз шуда, диққати хонанда ва шунавндаро ба худ бештар ҷалб мекунад:

Камонмардон!

Камон аз дўш бигзоред,

Ба ёди куштагони хештан хомўш бигзоред! («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.470)

Дар порчаи мазкур ҷумлаи унвонии хитобӣ, ки бо калимаи мураккаб омада, муроҷиат ва таъкидро ифода кардааст.                                                                                                                                            

        Ҷумлаҳои унвонӣ дар таркиби ҷумлаи мураккаб аз ҷиҳати шакл    сода намоянд ҳам, баъзан як қисмашон дар ҷумлаи мураккаб ба назар мерасанд. Дар ин навъи ҷумлаҳо бо номбар кардани    предметҳои ҷудогона фикри мураккаб ифода мегардад. Ҳар як предмет як фикри мустақилро ифода мекунад. Хусусияти чунин ҷумлаҳои мураккаб аз он иборат аст, ки онҳо дар натиҷаи алоқаи пайваст ба вуҷуд меоняд ва аз ин лиҳоз, ҷумлаҳои мураккаби пайваст мешаванд:

Рўи сурху, чашми серу хотири шод,

Файзи умру нури бахти халқи озод,

Хонаи ободу ободии даврон –

Бошад аз дастони деҳқон,

Дасти пурэҳсони деҳқон.     («Куллиёит» Ҷ.1, кит.2, саҳ.10)

Ҷумлаи унвонӣ дар таркиби ҷумлаи мураккаб омада, хусусияти чидагӣ дорад.                                                                        

         Роҳи дигари робитаи байни ҷумлаҳои содаи унвонии таркиби ҷумлаҳои мураккаб интонатсияи пайваст мебошад. Чунончи:

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,

Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо. («Куллийт», ҷ.1, кит.2, саҳ86)

Дар байти дар боло овардашуда, ҷумлаи унвонӣ дар таркиби ҷумлаи мураккаб, ба воситаи интонатсияи пайваст алоқаманд шуда, хусусияти баҳодиҳӣ дорад ва дар алоқаи изофӣ бо ибораи исмии изофӣ омадааст.                                         Дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ҷумлаҳои унвонӣ дар баёни маъниҳои гуногун истифода шудаанд:

I) Бо фасли сол ифода шудани мафҳуми замон.

1. Зимистон. Барф то зону,

  Зи чашма кўза бар сар об меорӣ.(«Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.133)

Маҳфуми замон бо фасли сол ифода шуда, ҳолатро нишон додааст.

2.  Бачча будам. Баҳор, мавсими тўл,

     Гарчи майлам набуд чўпонӣ,

     Бо чи шавқу талош мерафтам

    Фориғи дарс гўсфанбонӣ.(«Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.287)

Ҷумлаи унвонӣ мафҳуми замонро бо фасли сол ифода карда, дар мобайн омадааст.

3. Хазонрезу  хазонрезу  хазонрез,

    Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез? («Куллиёт»,ҷ.1,кит.2, саҳ.554)

Мафҳуми замон, яъне фасли сол хазонрезии тирамоҳро ифода карда, бо такрори луғавӣ омадааст.

II) Ифодаи мафҳуми макон.

1. Мулки ба моҳу ба Хуршед қаринам. Яғноб.

    Падару модари вайронанишинам. Яғноб.  («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.80)

Ҷумлаи унвонӣ дар охир бо исми хос омада, номи маҳал ва маконро ифода кардааст.

2.       Тоҷикистон!

Зи санги кўҳсорат,

Чун нишона мақбара хоҳам,

Баъди маргам зи санги бисёрат,

Ёдгорӣ на, пайкара хоҳам. («Рўзи сафед», саҳ.5)


       1. (Лоиқ, «Рўзи сафед», Душанбе; Маориф, 1984)

Ҷумлаи унвонӣ бо исми хос ва исми макон омада, интонатсия ё оҳанги хитобӣ дорад.

III) Ифодаи мафҳуми ҳолат ва тасвир.

1. Мўйҳо даққиву рўмоли сиёҳ,

    Ғабғаби пурчину абрўи дуранг,

    Эй дареғ, ангуштҳо чангак шуда,

    Зиндагӣ, аммо раҳо гашта зи чанг… («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ. 141)

Устод Лоиқ хеле моҳирона, устокорона, ҳолати зани тоҷик-модари тоҷикро ба ришаи тасвир кашидааст ва ҷумлаи унвоние сохтааст, ки ҳолатро ифода карда хусусияти тасвирӣ дорад.

2. Шоми торики баҳору боғҳои пурсукут,

         Андалеби шарқ мехонад ба гўши гул суруд.  («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.85)

Ҷумлаи унвонӣ дар таркиби ҷумлаи мураккаб омада, бо пайвандаки «у» алоқаманд шуда, замон ва ҳолатро ифода карда, хусусияти тасвирӣ дорад.

IV) Ифодаи мафҳуми ҳодисаи табиат.

Заминларза.

         Фиканда бар вуҷуди одамин ларза,

Ҳама офоқро гўи зи ғофилмарг огаҳ кард.                                                                                                 («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.444)

Ҷумлаи унвонӣ бо исми моддӣ омада, номи ҳодисаи табиатро ифода карда, хусусияти тасвирӣ дорад.

V) Ифодаи мафҳуми такрори луғавӣ.

Ҷавонию ҷавонию ҷавонӣ,

Фарозу шеби дунёро надонӣ. («Куллиёт», ҷ.1, кит.2, саҳ.568)

Ҷумлаи унвонӣ дар мисоли зикршуда бо пайвандаки «ю» ва такрори луғавӣ омадааст.

VI) Ифодаи мафҳуми саёраҳо.

Замину Осмон,

Хуршеду Моҳ,

Модар – Ватан.

Аз он азиз ҳастанд,

Ки беҳамтову яктоянд. («Куллиёт», ҷ.1, кит.1, саҳ.136)

Ҷумлаҳои унвонӣ бо муттазод ва муродиф дар таркиби ҷумлаи мураккаб омада, бо интонатсияи пайваст алоқаманд шудаанд.  Ҳамин тариқ, пас аз мутолиаи ашъори устод Лоиқ ва таҳлили мисолҳо аз ашъори диловезу рангини шоири шаҳир ба натиҷае метавон расидан, ки ҷумлаи унвонии манзум низ мисли ҷумлаи унвонии мансур дар забони тоҷикӣ дорои хусусиятҳои зиёд мебошад ва тобишҳои гуногуни маъноиро ифода карда, дар маҷўмаҳои  манзум, дар куллиёту девонҳои шуарои тоҷик мавриди муайяни истифода дорад. Ҷумлаҳои содаи унвонӣ бо мўъҷазӣ ва кўтоҳбаёнии худ аз ҷумлаҳои дигар фарқ дошта, дар ифодаи фикр, чи дар назм ва чи дар наср хидмати бесазое доранд.Аз ин рў, тадқиқоти  ҷумлаи унвонӣ дар назму наср мавзўи актуалӣ буда, пажўҳиши муфассалу мукамаммал ва ҳамаҷонибаро мехоҳад.

А д а б и ё т :

1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, қ.2, Душанбе; Дониш, 1986, саҳ.338-343.

2. Ниёзмуҳаммадов Б. Забоншиносии тоҷик(асарҳои мунтахаб)  Душанбе; Дониш, 1970, саҳ.223.

3. Норматов М, Рашидов Ш. Омўзиши ҷумлаҳои содаи яктаркиба. Душанбе; Маориф, 1988, саҳ.121-148.

4. Рашидов Ш. Ҷумлаҳои содаи яктаркиба дар забони адабии ҳозираи  тоҷик. Дастхати диссертатсия. Душанбе, 1969.