Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Устоди ғамхору серталаб

30 марта 2021 08:03

Количество просмотров: 465

       Моҳи сентябри соли 1996 пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ , ки он солҳо номи Қандил Ҷӯраевро дошт,ба литсей ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор омадам.Ҷонишини директор оид ба таълим Муҳаммадӣ   Нарзиқулов соатҳои дарсиро тақсим карда , гуфтанд, ки барномаҳои таълимӣ аз фанни   забон ва адабиётро аз роҳбари иттиҳоди методии забон ва адабиёти тоҷик Абдусалом Давлатов дастрас карда, нақшаҳои тақвимиро месозед. Дар андеша будам , ки Абдусалом Давлатов чӣ гуна инсон бошанд? Оё маро, ки мутахассиси ҷавон ҳастам, нав ба кори таълиму тарбия шурӯъ мекунам нағз истиқбол мекарда бошнад? Ё дар ҷомеаи меҳнатие, ки устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд, кор карда метавониста бошам?

        Хушбахтона, вақте ки суҳбат бо Муҳаммадӣ Нарзиқулов ба охир расид, ногоҳ аз дар марди қоматбаланди ҷингиламӯй, ки тахминан 45-46-сола менамуд, аз дар даромад. Ҷонишини директор маро шинос карда гуфтанд, ки мутахассиси ҷавон бо дипломи аъло донишгоҳро хатм кардааст. Тарбияи минбаъдааш ба Шумо ва аъзоёни иттиҳоди методии забон ва адабиёти тоҷик вобаста аст.

     Устод Абдусалом Давлатов бисёр як марди хоксору инсондӯст, наҷиб ва дар таълиму тарбия сахтгиру серталаб буданд. Рӯзи дигар , вақте ки аз дари синфхонааш даромадам, бо табассум ва чеҳраи кушода истиқбол карда супориш доданд, ки нақшаҳои таълимиро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барои синфи 7-8-ум омода созам. Нақшаҳоро омода сохтам,аз назари устод гузаронидам. Муддати 1-моҳ ба хонандагон дарс гуфтам. Рӯзе ҷонишини директор М. Нарзиқулов аз устод Давлатов суол карданд, ки мутахассиси ҷавон чӣ ҳол дорад? Дар ҷавоб роҳбари иттиҳоди методӣ иброз доштанд, ки дониши хуб дорад, аммо таҷрибаи кории кам.Тавсияи банда чунин аст,ки бояд бештар ба дарсҳои омӯзгорони ботаҷриба барои таҷрибаомӯзӣ дароянд. Маҳз тавсияҳои устод Абдусалом Давлатов ва иштироки бештари ҷонишини директор Муҳаммадӣ Нарзиқулов ба дарсҳои банда буд, ки чун омӯзгори асил ба воя расидам. Абдусалом Давлатов донандаи хуби забон ва адабиёти тоҷик буданд. Илова бар ин, дар литсей аз фанни адабиёти халқҳои ҷаҳон низ дарс мегуфтанд , яъне дар радифи адабиёти тоҷик адабиёти халқҳои дигарро низ нағз медонистанд. Як хислати хуби эшон ин буд,ки ҳар пагоҳӣ барвақт ба кор омада,дертар ба хона мерафтанд, нисбат ба таълиму тарбияи хонандагон дили гарму як самимият доштанд. Кӯшиш мекарданд, ки хонандагон бо забони адабӣ сухан гуфта тавонанд, таърихи адабиёти тоҷикро омӯзанд, ҳар чӣ бештар аз эҷодиёти шоирон шеър аз ёд карда, эҷодиёти нависандагони бузург Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис ,Ҷалол Икромӣ , Раҳим Ҷалил ва ғайраҳоро   мутолиа намоянд. Аз сабаби он ки литсейи президентӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф аз соли 2003 мактаби базавии таҷрибаи пешқадам эълон гардида буд, ҳамроҳи устод Давлатов аъзоёни иттиҳоди методӣ ба китобҳои дарсии забон ва адабиёт тақриз менавиштанд. Бо ташаббуси роҳбари иттиҳоди методии забон ва адабиёти тоҷик маҷмӯи мақолаҳои устодону омӯзгорони Литсейи Президентӣ зери унвони «Файзи истиқлол» ва «Армуғон» омодаи нашр гардиданд. Устод дар давоми 19 соли фаъолияти   омӯзгорӣ дар Литсейи Президентӣ ба тарбияи мутахассисони ҷавон диққати ҷиддӣ додаанд. Чунончи, имрӯзҳо   шогирдони устод Саодат Давлатова, Райҳона Ҳакимова , Асомиддин   Элчибеков ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик таълим дода, кори устодро давом медиҳанд. Аз соли 2012 вазъи саломатии устод бад шудан гирифт. Устод ба бемории диабети қанд гирифтор шуда буданд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, устод то соли 2015 дар литсей кор карданд. Аз соли 2015 то 2-юми марти соли 2018 бемори бистарӣ гардида, риштаи умрашон дар синни 69 солагӣ канда шуд. Агар устод дар қайди ҳаёт мешуданд, 24-уми март синни мубораки 69-ро пур мекарданд. Мутаассифона, 2-юми марти соли 2018 устод дунёро   падруд гуфтанд. Устод ба хотираҳои нек дар ёди устодону шогирдон абадӣ мемонад.

                             Зиндаву ҷовид монд , ҳар кӣ накӯном зист ,

                           К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.


Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон