Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Оид ба баъзе хусусияти ҷумлаи унвонӣ дар забони адабии тоҷик

27 февраля 2021 11:02

Количество просмотров: 497


 Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон



   Оид ба баъзе хусусияти ҷумлаи унвонӣ дар забони адабии тоҷик

Забони тоҷикӣ ба гӯруҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва оилаи забонҳои эронӣ шомил буда, аз забонҳои қадимтарини дунёст, ки таърихи дерин дорад ва имрӯз моҳияти байналмилалӣ пайдо намуда, бо ин забон беш аз 200 миллион нуфус дар манотиқи мутафариқи олам муошират мекунад. Лафзи тоҷикӣ ноб ва поку беоло буда, аз нигоҳи салосат ва фасоҳату балоғат дар пояи камолот қарор дорад. Беҳуда пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) нагуфта, ки «Забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсии дарӣ аст»[1]. Хушбахтона , бо ин забони пурғановат абармардони риштаи фарҳангу адаби тоҷик дурри маънӣ суфта, шоҳасарҳо таълиф намудаанд. Инак, аз ҷиҳати забон ва сабки баён омӯзиши осори эшон вазифаи умдатарини забоншиносон мебошад. Дар забоншиносии тоҷик роҷеъ ба масоили таърихи забони адабӣ тадқиқоти зиёд анҷом дода шуда, асару маколаҳое ба табъ расидаанд, ки аксаран мавзуъоти марбут ба лексикаю фразеология ва ё масъалаҳои умумии забони ин ё он асарро фаро гирифтаанду бас. Оид ба синтаксиси забони адабиёти классики асару мақолаҳои илмӣ нисбатан камтар ба мушоҳида мерасанд. Бояд зикр кард, ки доир ба ҷумлаи содаи яктаркибаи унвонӣ дар забоншиносии тоҷик асари махсуси илмӣ навишта нашудааст. Дар бораи ин навъи ҷумлаҳои яктаркиба пеш аз ҳама, дар китоби дарсии мактаби миёна «Забони тоҷики (синтаксис)»[2] ва «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»[3] маълумоти мухтасар дода шудааст. Илова бар ин, китоби Норматов М. ва Рашидов Ш. «Омӯзиши ҷумлаҳои содаи яктаркиба»[4]–ро номбар кардан мункин аст, ки дар қатори дигар ҷумлаҳои содаи яктаркиба оид ба ҷумлаи унвонӣ ҳам муаллифон изҳори андеша намудаанд. Дар рисолаи номзадии Рашидов Ш, ки ба натиҷагирӣ аз тамоми ҷумлаҳои содаи яктаркиба бахшида шудааст, мухтасаран дар хусуси ҷумлаи унвонӣ низ сухан меравад.[5]

Ягона асаре, ки дар он оид ба ҷумлаи яктаркибаи унвонӣ нисбатан муфассалтар сухан рафтааст, мақолаи Баротов Ҳ. мебошад.[6] Б. Ниёзмуҳаммадов дар китоби «Забоншиносии тоҷик» дар хусуси ҷумлаи унвонӣ изҳори андеша намуда, зуҳуроти онро дар забони тоҷикӣ ҳодисаи нав медонад. Аз ин ру, таъкид мекунад, ки ҷумлаҳои унвонӣ дар сохти синтаксисии забони адабии тоҷик ҳодисаи нисбатан нав буда, онҳо дар забони имрӯза дар асарҳои бадеӣ, махсусан дар песаҳо бештар истеъмол мешаванд».[7] Аммо маводи андӯхтаи мо собит менамояд, ки ҷумлаи унвонӣ дар низоми синтаксисии забони адабии тоҷикӣ ҳодисаи нав набуда, балки он таърихи нисбатан пешин дорад. Намунаи онро метавонем дар осори манзуми классикони адабиёти ҳазорсолаамон дучор намоем:

Шаб. Зимистон буд. Каппи сард ёфт,

Кирмаки шабтоб ногоҳе битофт.

Каппиён оташ ҳаме пиндоштанд,

Пуштаи ҳезум баъд-у бардоштанд.     

                                                (Рӯдакӣ)

Дар ин порча дар мисраи якум калимаи шаб хусусияти мустақилӣ пайдо карда, ҷумлаи унвоние шуда, ки замонро ифода кардааст. Ин ҷо мақсади гӯянда тасвири манзара ва ҳолату амалиёти каппӣ дар табиат мебошад. Бинобар он, ба хотири пурҷило ва чашмгир ба ҷилва овардани манзараи амалиёти персонаж муаллиф қасдан вожаи шабро на ҳамчун ҳоли замон, балки ба сифати ҷумлаи алоҳида рӯи коғаз кашидааст. Ҷумлаҳои унвонӣ чунин хусусият доранд, ки гоҳҳо дар шакли чида низ омада метавонанд. Дар ин маврид воситаи асосии робита миёни онҳо пайвандаки пайвасткунандаи паиҳами у мебошад:

Молу ҷамолу хуррамию сиҳату шабоб,

Ишқу висолу беғамию ишрату шароб…

(Адиб Собири Тирмизӣ)

 

Ишқбозиву ҷавониву шароби лаълфом,

                   Маҷлиси унсу ҳарифи ҳамдаму шурби мудом…

                                                    (Ҳофиз)

 Ҷумлаҳои унвонӣ дар осори манзуму мансури адибони муосири тоҷик низ хеле зиёд истифода шудаанд:

Зимистон. Руи саҳрои моро барф мепушад,

Табиат менависад боби нав аз достони худ…

                                    (Аминҷон Шукуҳӣ)

 Кӯҳҳои баланду бепоён,

                  Дараҳои чуқури бепоёб:

Дараҳо рафта то ба қаъри замин,

Кӯҳҳо рафта то ба фавқи саҳоб.

                                                          (С. Айнӣ)

 Зимистон. Барф то зону,

                  Зи чашма кӯза бар сар об меори…

                                                          (Лоиқ)

   Дар мисолҳои боло ҷумлаҳои унвонӣ ҷумлаҳое мебошанд, ки барои ифодаи тасвири манзараҳои табиат оварда шудаанд. Дар асарҳои мансур ва матбуоти даврӣ истифода шудани ҷумлаҳои унвонӣ, пеш аз ҳама барои таъкиди андешаи адиб, дар гардиш ба тасвир гирифтани ҳаводиси давр ва ба дарки хонанда расонидани мақсади адиб мусоидат мекунанд. Дар ин маврид ҷумлаҳои унвонӣ хусусияти зерин пайдо мекунанд:

1.     Ҷумлаи унвонӣ, ки бо нидо ифода шуда, хусусияти баҳодиҳӣ дорад.

   Дақиқае нагузашта поезд ба роҳ даромад, вале акнун ман на ба сӯи фронт, балки баръакс ба сӯи Чорчинор равона будам ва манзараҳои паррон-паррону «урра»-гуии ҷангро не, балки гиряю нолаи модарам ва хандаю масхараи ҷураҳоямро пеши назар меовардам. Оҳ, дунёи бевафо!…

                                                                                 (Пӯлод Толис)

2.       Ҷумлаи унвонӣ, ки бо ҳиссача ифода шуда, хусусияти баҳодиҳӣ дорад.

- Ана расвоӣ! Ана шармандагӣ! Ман шуморо, Шукрияхон то хол як духтари чашму руяш нокушодаи покдоман гумон карда гардам, шумо хам хело ҳунарҳо доштаед-дия, хонум! (Ю. Акобиров)

3.       Ҷумлаи унвонӣ, ки хусусияти баҳодиҳандагии ташбеҳӣ ва муносибати манфиро ифода мекунад. -Оқи падар, соҳиби ин ҳотелро шумо дидаед? – пурсид ӯ. – Қаллоби аз таги дор гурехтаю синаи модарро бурида. «Ғалатӣ! Оқи падар? Аз таги дор гурехта! Инҳо ҳама хоси гуфтугуи мардуми шаҳри мо»- гуфт Мансур боз ба худ. (Раҳим Ҷалил).

4.       Ҷумлаи унвонӣ, ки бо такрори луғавӣ омада, хусусияти нидоӣ дорад. Эх, модари бечора! Модари бечора! Ба орзую умедаш нарасид, домодаш он қадар бад набошад ҳам, нағз ҳам набуд ва хушбахтии Маъсумаю худашро дида натавонист, вай! (Ҷалол Икроми).

5.     Ҷумлаи унвонӣ, ки бо ибораи масдари омада, хусусияти маҷозӣ дорад. Хандидани оҳан. Кас дида магар хандидани оҳанро. (Комсомоли Тоҷикистон)

6.        Ҷумлаи унвони, ки бо такрори луғавӣ омада, маконро ифода кардааст. Боғ, боғ, боғ… Гӯё он ҳадду канор надорад. ( Тоҷикистони Советӣ).

7.       Ҷумлаи унвонӣ, ки хусусияти баҳодиҳӣ дорад. Нусратхуҷа Диловарро парронда кушт. Вале аз ин алами дилаш асло паст нашуд. Зеро ӯ медонад, ки вай баъди маргаш ҳам ба оғӯши Адолат бармегардад. Адолат ӯро мебӯсад, мебӯяд ва барои вай зор-зор гиряҳо мекунад. Аммо Нусратхӯҷа сад бор мирад, касе парво надорад. Махсусан Адолат! Адолати бераҳм, Адолати сангдил, Адолати ба вай бегона!

                                                                                           (Ю. Акобиров).

8.      Ҷумлаи унвонӣ, ки хусусияти чидагӣ дорад. Самимият ва дӯстӣ. Дӯстӣ бо ҳамон самимияте андоза карда мешавад, ки дар он поянда бошад.                                           (Комсомоли Тоҷикистон).

   Ин ҷо ба натиҷае метавон расидан, ки ҷумлаи унвонӣ дар забони тоҷикӣ дорои хусусияти зиёд мебошад ва тобишҳои гуногуни маъноиро ифода карда, дар асарҳои бадеӣ мавриди муайяни истифода дорад. Аз ин ру, пажуҳиши муфассалу мукаммали ин мавзӯъ актуалӣ буда, тадқиқоти густардаеро мехоҳад.

 Адабиёт:

1. Баротов Ҳ. Мулоҳизаҳо оид ба ҷумлаҳои яктаркиба. – Ганҷи соҳибҳунар.   (Маҷмуаи илмӣ). Душанбе, 1993, саҳ. 82-90.
2.  Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, к 2, Душанбе: Дониш, 1986, саҳ. 338-343.
3. Б. Ниёзмуҳаммадов, Рустамов Ш. Забони тоҷики, синтаксис, к  2  (барои синфҳои 7-8) Душанбе: Маориф, 1981, саҳ. 90-91.
4.   Ниёзмуҳаммадов Б. Забоншиносии тоҷик ( асарҳои мунтахаб) Душанбе: Дониш, 1970, саҳ. 223
5. Норматов М. Рашидов Ш. Омӯзиши ҷумлаҳои   содаи   яктаркиба.  Душанбе: Маориф,1988, саҳ.121-8.                                                                                                                                       
6. Рашидов Ш. Ҷумлаҳои содаи яктаркиба дар забони адабии ҳозираи тоҷик.       Дастхати диссертатсия, Душанбе: 1969.
7. Ҳафтавори Сомон 3-юми январи 1992.