Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Таҷлили Наврӯз дар даврони муосир

19 марта 2021 08:03

Количество просмотров: 490

Наврӯз аз маросими қадимаи мардуми ориёӣ ва форсу тоҷик буд. Махсусан мардуми Эронзамин аз замонҳои пеш ин ҷашнро ҳамчун маросими расмӣ истиқбол менамуданд ва расму оинҳояшро ба ҷо меоварданд. Дигар кишварҳо, аз он ҷумла кишварҳои Осиёи миёна Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатозакунӣ ва амсоли инҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо имрӯз ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи Миёна, Қафқоз, Ҳиндустон ва ғ. дар илова ба суннатҳои қадима ба замон мувофиқ кунонда ҷашн мегиранд. Ва бо гузашти замон сарҳади ҷуғрофӣ ва ҷашнгирии Наврӯз фаротар мегардад. Махсусан аз байн рафтани Иттиҳоди шуравӣ ва мустақилияти кишварҳои Осиёи Миёна боиси он гардид, ки барои барқрор намудани ин ҷашни суннатӣ мардуми фарҳангдӯсту меҳрпарвар саъю талош намуданд, то ки он ба ҷашни суннатӣ-фарҳангӣ-байналмилалӣ табдил гардад.
  Соли 2010 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (ООН) гузаронидани Ҷашни Наврӯз ҳамчун Ҷашни байналмиллалӣ эълон шуд. Мувофиқи маълумоти интернет зиёда аз 10 кишвари ҷаҳон Наврӯзро ба расмият шинохт[1]. Дар бисёр кишварҳо, бо он ки ҷашнгирии Наврӯз расмӣ набуд, ҳар сол шумораи бисёре аз мардум маросими Наврӯзро баргузор мекарданд. Дар замони муосир  ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бунёдии кишварҳои Осиёи миёна шинохта мешавад. Ҳамин тариқ, дар замони ҳозир Наврӯзро дар Эрон, Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Озорбойҷон, Узбакистон, Туркаманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Булғористон ва ғайраҳо ҳарсол бо тантана ҷашн мегиранд.       
  Ҳамчунин ҷамъомадҳое бо номи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз пайдо шудааст, ки дар он сарварони кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд ҷамъ омада, ин маросими баҳориро гиромӣ медоранд.         
  Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, баракату неъмат, оқибат ба хайр шудани сол, сиҳативу бардамӣ, рафъи офату балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда, онро бо сару либоси тару тоза бо шодобию рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» пешвоз мегиранд.
  Аз ин ҷо, ҷашни Наврӯз аз суннатҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то имрӯз арзишҳои худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву сарафрозӣ  дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухту пазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ  ҷашн мегирифтанд. Ва чунонки дар боло қайд шуд имрӯз ҳам ин маросим ҳамчун рамзи файзу баракат ва оқибат ба хайр шудани сол  зеботару бошукуҳтар ва бо омезиш бо фарҳанги суннатӣ-замонавӣ мегузарад. Ҷашнгирии Наврӯз  ҳамчун  иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо, шинондани ниҳолу гулчанбарҳо, хонатаконӣ ва шустушӯй намудани тамоми зарфу сару либосҳои хона ҳамчун рамзи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳҳои соли куҳна аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзӣ аст.
  Дар эҳёи фарҳангу маросим ва арзишҳои суннатии  аҷдодӣ, аз он ҷумла Наврӯз хидмати Президенти Тоҷикистон–Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Наврӯз дар  фарҳанги халқи тоҷик «…аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад»[2,491].
  Фарорасии Наврӯз боз як бори дигар ба мардум аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо хабар медиҳад, ки ин ҷанбаи тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, ватандӯстӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, махсусан ҷавононро огоҳона боло мебарад. Зеро миллате, ки фарҳангу суннат ва анъанаву тамаддуни гузаштаи хешро надонад, наомӯзад ва нашиносад, шабеҳи нобиноеро мемонад дар нимароҳ. Шинохтану омухтан ва донистан   аз фазилатҳои ахлоқии инсон буда, нишонгари эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва суннати ниёгонамон мебошад.   
  Шеъру сурудҳои Наврӯзӣ, ки дар васфи бузургдошти фасли баҳор, омадани соли нави аҷдодӣ ва сарсабзии табиат тавассути мутафаккирону шоирон навишта шудаанд, дар рузгори гузаштаву имрӯза дар наврӯзгоҳову кӯчаю  хиёбонҳо ва дашту саҳроҳо баланд садо медоданд ва ҳоло боз бо шукуҳтар садо медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» аз омадани соли нав - Наврӯз хабар дода менависад:
Сари  соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуд аз ранҷ дил, тан зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рузгор,
Бимондаст аз он Хусравон ёдгор.
  Сайидои Насафӣ – мутафаккири машҳури халқи тоҷик дар яке аз шеърҳои худ фасли Наврӯзро бо мисраҳои ширину шево тараннум намуда фармудааст:
Фасли Наврӯз аст, меояд ҳавои тозае,
Булбулу гулро шуда баргу навои тозае.
Бар сари афтодагон афтода савдои либос,
Сарв мехоҳад дар ин мавсим қабои тозае….
Дода хуршеди фалак табдил ҷои хешро,
То шавад оинарӯёнро сафои тозае.
  Намоишҳои идонаи мардумӣ ва ҷамъомадҳову сайру гаштҳои наврӯзӣ аз қадимулайём  то ба имрӯз бо шеъру мусиқӣ, оҳангу сурудҳо, рақсу бозиҳо, гуштингириву аспдавониҳо ва шодию фараҳмандӣ идома ёфтааст. Агар назаре ба таърих афканем ҷашну тантанаҳои Наврӯзӣ дар замони Сосониён хеле бо ҳашамату тантанавор пешвоз гирифта мешуд. Дар даврони Сосониён мусиқӣ дар айёми ҷашни Наврӯзӣ мақоми хосе дошт, ки намояндаи махсусе барои он таъин менамуданд ва Ардашери Бобакон сарвари  гурӯҳи мусиқидонон буд, ки ӯро дар сафи табақаи писандидагон ҷой дода, навозандагонро бар ҳамаи табақот муқаддам мешумориданд.
Созу дастгоҳҳои мусиқие, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ, дар замони Сосониён мавриди истифода қарор мегирифтанд аз чанг, тор, уд, рубоб, танбур, сетор, най, шайпур ва ғайраҳо иборат буд.
 Навохтани созу сурудҳои суннатӣ-маҳаллӣ, табрику муборакбодии омадани соли нав – Наврӯз ба ёру дӯстон, ҳамкорону наздикон ва хешовандон тавассути мусиқинавозону наврӯзхонон рӯзҳои наврӯзиро боз ҳам дилкашу бо тароват ва зебо мегардонад ва ба қалбу рӯҳи  одамон умеди зиндагии хушу шодкомӣ, баракату раҳмат, муҳаббат ва ваҳдату ягонагиро ҷо медиҳад.
 Аз ҳама муҳимаш он аст, ки субҳи рӯзи аввали Наврӯз яке аз фаъолони Ҷашни наврӯзӣ бо садои карнай ва қироати шеърҳои наврӯзӣ бо садои нарму латиф аз омадани баҳор – соли нав, Наврӯзи хушқадам –соли нав хабар медиҳад ва мардум бо як шавқу шур ба кӯчаву хиёбонҳо мебароянд ва аз Наврӯз истиқбол мекунанд.
 Дар рӯзҳои Наврӯзӣ хурду калонсолон бо сари либосҳои тозаву нав ва рангоранг ба берун ва чаману даштҳо баромада, сайру гашти сабзаву чаманзорҳо, гулгаштҳо, хиёбону кӯчаҳои идона ва дашту заминҳои корам мекунанд. Деҳқонон бошанд дар ин айём ҳарчи бештар ба кишту кошт машғул мешаванд. Дар ноҳияву деҳот гурӯҳи мардум, махсусан ҷавонон ба тозакунии ҷӯйбору каналҳо ва шинондани ниҳолҳо машғул мегарданд, ки ин манзараҳо ба машоми кас бӯи тару тозагӣ ва покиву озодагӣ ва муҳаббат ба зиндагиро мерасонад.
 Рӯзҳои наврӯзӣ бисёриҳо дар назди ҳавлиҳо ва даштҳо дегҳои суманаку далда, ошу омочҳои суннатӣ ва дигар пухту пазҳову шириниҳои хешро гузошта, атрофро аз бӯи хушу лаззатбахши ин неъматҳо муаттар месозанд.  Дар шаҳрҳо бошад мизҳои наврӯзӣ бо таому шириниҳои суннатӣ, сабзиҷоти баҳорӣ, шарбатҳои мевагӣ ва ғайраҳо омода сохта мешавад.
Анъанаву маросимҳои наврӯзӣ, махсусан дар зарфҳо коштани гандум ва аз он сабза рӯёндан, паҳн намудани суфраи ҳафт син, ё ҳафт шин, гирён кардани шамъ ҳамчун рамзи баҳор ва сабзу хуррамии зиндагӣ ба мардум боз як рӯҳия ва умед ба имрӯзу фардо бахшида, қалбҳоро пур аз орзӯю омолҳои нек мегардонад. Ба ин муносибат Сайидо фармудааст:  
Метавон донист, ҳамчун шишаи май, Сайидо,
Дар дили ҳар кас, ки бошад муддаои тозае.
  Этикаю эстетика ва беҳдоштиро риоят намудан низ аз шартҳои ҷашнгирии Наврӯз мебошад, яъне риоят намудани ахлоқи суннатии идона ва покиву тозагии  гуфтору рафтор ва ҷисму рӯҳ аз арзишҳои муҳимтарин ва беҳтарин андешаҳо дар ҳикмати Наврӯз мебошад. Дар ҳақиқат дар омад омади ҷашни Наврӯз шустушую поксозии бадан, либосҳои тоза дар бар кардан, хонаву ҳавлӣ ва боғу боғчаҳои назди ҳавлигиро тозаву обод намудан аз шартҳои муҳими ҷашнгирии Наврӯз барои ҳар як хонадони солим аст. Аз ин ҷо, бо муҳаббат, бо ишқ ва бо ихлосу эътиқод истиқбол намудани ҷашни Наврӯз барои боло гирифтани фазилатҳои ахлоқии мардум ба разолатҳо ва иҷтимоӣ шудани онҳо кумак мекунад. Аз тарафи дигар муносибати инсон ба табиат ва неъматҳои он афзоиш ёфта, боиси пешрафт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавӣ ва табиатдӯстии ӯ мегардад.
Дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ доштани ҷашни Наврӯз Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст»[2,491].
Орзуманди онам, ки истиқболи Наврӯзи имсола боз ҳам  бошукуҳтару бо омодабошӣ пешвоз гирифта шаваду барои ҳар як хонадон ва давлату миллатамон файзу баракат, бурдборӣ, хушбахтиву осудагӣ биёрад.   

Муродова Тоҷинисо
ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа
                                                           
Шамсов Муборакшо
 мудири Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа

                           Адабиёти истифодашуда:
  1. Международный день Навруз 21 марта//https://www.un.org/ru/ observances/international-nowruz-day

       2. Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷил. 6. Душанбе, 2006.