Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Мақолаҳо

Бартариҳои «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав
17 янв

Хуб аст, ки сол то сол «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» такмилу пурратар мегардад ва баъзе масъалаҳои баҳсбарангези он дар натиҷаи баррасиву муҳокимарониҳои донишмандони соҳа ҳаллу фасл мешаванд. Имрӯз хонандаи тоҷик охирин намунаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар даст дорад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни  соли 2021, №268 ба тасвиб расидааст. Ҳар фарде, ки онро мехонад ва ё аз забони дигарон мешунавад, дарҳол аз худ ва ё аз ҳампешааш мепурсад, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷи...

«Шаби ялдо, Шаби зебо!». Имшабро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд
22 дек

Имрӯз, 21 декабр, соати 19:00 лаҳзаи убури Офтоб аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика буда, рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд, ки инро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова  шарҳ дод. Ин шаб бо номи «Шаби Ялдо» маъруф буда, на танҳо миёни мардуми тоҷик, балки миёни тамоми мардуми ориёинажод маъмул аст. Шаби Ялдо яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми ориёист, ки дар ...

Фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба мафкурасозӣ
22 окт

 Инсонҳо бо баробари тавллид шудан соҳиби андеша ва тафаккур нестанд, тарзи андеша ва мафкураи ҳар инсон дар заминаи маънавиёти як ҷомеа ва тарзи тарбия рушд меёбад. Дар раванди ташакулёбии фард ва иҷтимоишавии он пеш аз ҳама таъсири тарбияти хонаводагӣ ва омӯзишу парвариш, таъсири аҳли ҷомеа ниҳоятан муҳим аст. Ҳеҷ инсон бо тавллиди хеш мутааллиқ ба арзишҳои хуб ё бад нест. Он дорои имконияти касби дониш, фарогирии маънавиёт ва рушди шахсияти хеш аст. Муҳим он аст ки ба фард ҷиҳати тарбият намудани он кадо...

Рӯ ба илм. ГЛОБУЛАҲО
11 окт

Глобулаҳо абрҳои зичи ношаффофи газу чангӣ дар муҳити байниситоравӣ, ки дар фазои равшан чун доғи тира намудоранд. Глобулаҳо калон ва хурд мешаванд. Глобулаҳои калон шакли доираҳои тираро дошта, андозаи қутрашон аз 1 пк кам мебошад. Глобулаҳои хурд ба мисли холчаҳои тира дар туманоти газии равшан ба назар расида, массаашон аз 0,1 М кам аст.  Зичии газу чанги глобулаҳо нисбат ба муҳити байниситоравӣ  ҳазорҳо баробар зиёд буда, массаи умумии онҳо аз 20 то 300 М – ро ташкил медиҳад. Нури...

Рӯ ба илм. Глобус: Аз Кратес то Берунӣ
27 сен

Глобус (лот. globus – кура), тимсоли курамонанду чархзанандаи Замин, дигар ҷирмҳои осмонӣ ё кураи осмонӣ, ки дар сатҳи он тасвири харитавӣ инъикос шудааст. Глобус миқёс, шабакаи арзу тўл ва силсилаи аломатҳои шартӣ дорад, бар хилофи тасвироти харитавии дар ҳамворӣ бо ҳамин миқёс сохташуда аз хатоҳо орӣ мебошад. Глобусҳоро аз рўи объектҳои дар онҳо нишондодашуда (заминӣ, сайёравӣ, осмонӣ), мавзўъ (умумиҷуғрофиёӣ, сиёсӣ, геологӣ ва ғ.), таъйинот, (таълимӣ, киштиронӣ, барои нобиноён ва ғ), а...

Донистан хуб аст…
23 авг

Донишманди бузург Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ (соли таваллуд 973, шаҳри Кот-маркази қадимаи Хоразм-вафоташ соли 1048, Ғазна) оиди илмҳои табиатшиносӣ, тиб ва ғайра аз 150 асар таълиф кардааст, ки аз ҷумла 70 асараш ба илми ситорашиносӣ бахшида шудааст. Дар офаридани китоби тиббиаш «Китоб-ус- Сайдана» адабиёти зиёда аз якуним ҳазор сол таърих доштаро истифода бурдааст. Дар асар 250 нафар муаллифон номбар ва 4500 номгўй набототу ҳайвонот, маъдан ва хосияти онҳо тасвир шудаанд, ки 1100-тои онҳо дорои н...

Бе азми дурусту саъйи комил…
18 авг

Бонуе изҳор дошт, ки мехоҳад бо ман вохўрад, зеро чанд ҳарфи гуфтание дорад. Дар вақту соати таъйингардида ў бо чеҳраи хандон пешвозам гирифта, бошитоб худ ва ҷавондухтари ҳамроҳашро бароям муаррифӣ намуд: - Умия Камолова ҳастам, хидматчии давлатӣ ва ин кас духтарам Ноилабону, хатмкардаи литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе. Шуморо ҳамчун корманди нашрияи «Омўзгор» ғоибона мешиносам. Маводи дар ҳафтанома чопшударо аз тариқи сомонаи расмии он пайваста пайгирӣ менамоям, ҳ...

Рӯ ба илм: Доғҳои офтоб
11 авг

Доғҳои  офтоб қисматҳои нисбатан  сарди фотосфера (сатҳи  Офтоб), ки чун доғи торик мушоҳида мегарданд. Доғҳо дар натиҷаи ба сатҳи Офтоб баромадани ғалаёни пурзўри майдони магнитии минтақаҳои муайяни он (то якчанд ҳазор гаусс) ба вуҷуд меояд. Дар ибтидои хатҳои қувваги майдони магнитӣ қабати фотосфераро ба самти тоҷ рахна карда, ҳаракати конвективии плазамаро дар ғурушаҳо қатъ мегардонад. Дар инҷо аввал машъал, баъд сурохҳо ҳосил мешавад, ки андозаашон ҳазорҳо км- ро ташкил медиҳад. Дар тўли якчан...

Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 июн

Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/26) мутобиқ...

Хуршеди беғуруб
29 апр

Шеъри Турсунзода шеъри миллат аст, Орӣ аз ҳаргуна айбу иллат аст. Шеъри ӯ бар тоҷикон буда қанот, Додааст бар миллаташ хатти барот. Сабки эҷодаш барозанда ба Шарқ, Кардааст рӯшан дили моро чу барқ. Шеъри ӯ дар Осиёю Африқо, Ҳамсафар бо ваҳдати оламнамо. Аз Душанбе то ба Ҳиндустону Ганг, Ҳар ваҷаб хоки заминро дода ранг. Шеъри ӯ чун дони гандум хӯша баст, Шуҳратафзунгар ба тоҷик буду ҳаст. Аҳли дунё хонад ...