Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ҲИМОЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН АЗ ГАРАВИШ БА ТУНДГАРОӢ {КИБЕРТЕРРОРИЗМ}

9 марта 2021 11:03

Количество просмотров: 397

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид намуданд, ки «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.»
Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки дар замони муосир ба амнияти миллии ҳамаи давлатҳо аз ҳама бештар терроризми компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ, ки ба шабакаи доимии «Интернет» пайваст мебошанд, ба сиёсату сохтори давлат, ба сохторҳои бонкӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои хусусии кишварҳо ба монанди Амрико, Фаронса, Ҷопон, Англия, Италия, Олмон ва умуман ба кишварҳои дигар, таҳдиди ҷиддӣ расонида истодаанд. Дар ҳоли ҳозир шабакаи Интернетӣ тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Бо истифодаи технологияҳои муосир ба монанди таҷҳизоти компютерӣ ва телефонҳои мобиливу радифӣ, метавон аз ҳама гӯшаҳои курраи замин ба Интернет пайваст шуд. Бисёре аз соҳаҳои хоҷагии давлатҳо, ба монанди энергетика, нақлиёт, алоқа ва сектори банкӣ шабакаҳои компютериро истифода мебаранд ва ё аз дуруст кор кардани онҳо вобаста буда, вайрон кардани кори ин шабакаҳо метавонад давлатро фалаҷ намояд. Агар аз ҷиҳати омор гирем, шабакаи Интернетӣ зиёда аз 180 давлати дунёро фаро гирифтааст.
Дар зери ин мафҳуми «Кибертерроризм» ҳаракате, ки бо суръти хеле зиёд истифодабарии системаҳои иттилоотӣ ва тавассути он таҳдид ба ҳаёти одамон, расонидани зарари калон, вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, таъсир ба мақомоти ҳокимиятӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки бо чунин мақсадҳои нопок содир карда мешавад, фаҳмида мешавад. Ин шакли манфури терроризми байналхалқӣ буда, нисбатан ҷавон аст ва зуҳуроти вазнини ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Кибертерроризм низоъҳоеро байни давлатҳоро ба вуҷуд оварда, таъсир бади он аз муборизаи тиру туфанг ва яроқҳои ҳастаӣ дида садҳо маротиб зиёд мебошад. Кибертерроризм ин хатари бузург барои башарият мебошад, ки он бо терроризми ядроӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ баробар шуда метавонад. Кибертерроризм ягон ҳудуд ва сарҳади давлатии муайяне надошта метавонад ба ҳама давлатҳои гуногуни ҷаҳони муосир таҳдидашро ошкоро расонад. Дарёфт ва бартараф намудани кибертеррорист назар ба ҷиноятҳои воқеӣ бисёр душвор мебошад, чунки дар раванди содир кардани ҷиноят ӯ дар «ҳаёти маҷозӣ» қариб, ки ноаён буда, изи худро намегузорад. Аз ин ру, барои мақомоти қудратӣ содир намудани амалиётҳои террористие, ки ба воситаи компютер, телефони мобилӣ ва умуман бо шабакаи ҷаҳонии Интернет хеле ба ташвиш овардааст. Аз тарафи дигар таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба воситаи шабакаи Интернетӣ дастрас намудани ҳамагуна яроқҳои ҳозиразамон, ба монанди технологияи яроқи биологӣ, кимиёвӣ ва ҳатто ядроӣ осон буда, террористон метавонанд яроқи худро истеҳсол кунанд ё тарзи идора намудани онро омӯзанд. Кибертеррористон ба воситаи шикастани сайтҳо ба маълумоти махсуси пинҳонии дилхоҳ мамлакат ворид шуда, амалҳои ифротии худро содир менамоянд.
Муддати чанд соли охир дар ҷаҳони муосир, иттилоотонӣ ва муборизаи иттилоотӣ махсусан ба тариқи расонаҳои иҷтимоӣ, нисбат ба дигар намуди воситаҳои ахбори омма қувваи бештаре пайдо намудааст. Бо истифода аз равнақ ёфтани системаҳои иттилоотрасонӣ гурӯҳҳои тундрав ва ҷудоихоҳу фитнаангез ҳадафҳои хешро бо истифода аз дину оин ва либоси исломӣ миёни мардум пиёда месозанд ва ба ин васила, наврасону ҷавонон ва афроди ноогоҳ аз донишҳои динӣ ва дунявиро ба самти хеш мекашанд, то ки ҳадафҳои ғаразноки ифротии хешро тавассути онҳо миёни халқу миллатҳо тарғиб намоянд. Албатта, надоштани донишҳои комили динӣ ва гирифтор шудан ба доми ин бадтинатони кӯрдил тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Саркардагони ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ низ маҳз тариқи компютер ва телефони мобилӣ, расонаҳои иҷтимоиро ба монанди «Одноклассики», «Феесбук», «Мессенҷер», «Вконтакт», «Твиттер», «Другвокруг», «Ватсап», «Имо», «Вайбер» ва ғайраҳо, инчунин таъсиси сомонаҳои ба худ хос, ки блогерони онҳо таъсис додаанд, ақидаҳои ифротангез ва нопоки худро баён месозанд. Матлаб аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки бояд ҷавонон ва наврасон асло ба гуфтаҳои ин инсонҳои бадтинатону кӯрдил, гурӯҳҳои тундрав ва ҷудоихоҳу фитнаангезу нопоке, ки зидди сиёсат ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик муборизаи номардона мебаранд, бовар накунанд. Ҳангоми тамошои наворҳо ё нигоришҳо дар интернет, ба монанди «ютуб» ва дигар сайтҳо фирефтаи ақидаҳои нопоки онҳо нагарданд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ таъкид намудаанд «Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед» бояд зиракию ҳӯшёрии худро аз даст надиҳанд. Бинобар ин, ба ин гуфтаҳои сарвари давлат наврасону ҷавонон, масъулияти тақдири давлату миллатро бар дӯши худ гирифта, халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созанд. Истиқлолият ва тинҷию амонии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Барои расидан ба ин мақсадҳо наврасону ҷавононро аз гаравиш ба тундгароӣ бояд ҳатман ҳимоя намуда, дар заминаи ақида ва мафкураи миллӣ онҳоро таълиму тарбия додан зарур аст. Дар сурати чунин тарбия ёфтани ҷавонону наврасон мо метавонем ба ояндаи ором, ба кишвари озоду обод, ба ватани мардумаш дар ваҳдат ва хуррамиву шодӣ, эътимоди комил дошта, умр ба сар барем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ҷавонон ва наврасон иброз менамоянд, ки «Маҳз наврасону ҷавонон он нерӯи тавонои кишваранд, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад».