2021 | 2022 | 2023 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
28 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
8 | 9 | 11 | 12 | 13 | ||
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 20 | |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 27 | |
28 | 29 | 30 | 31 | 1 | 2 | 3 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
3-юми январи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ки он то санаи 7-уми январ идома менамояд. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, бахусус ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) Олимпидаи фаннии хонандагон аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдод...
Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва шогирдони азиз! Инак Соли нави мелодии 2023 фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли нави омадаро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро ба ҳар яки Шумо ҳамватанони азиз табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик сабт гардад...
Санаи 29.11.2022 дар толори МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия”, озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва ғолибони даври дуюм, яъне ноҳиявии олимпидаи хонандагони худи литсей, баргузор гардид. Директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей пеш аз ҳама ба сарпарасти литсей Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешв...
Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад, хабар доданд муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. «Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз мегардад»,- гуфт Зиёратшоҳ Назруллозо...
Ба 262 нафар омӯзгорон, директорон, кӯдакону наврасони боистеъдоди кишвар, инчунин волидайни онҳо зимни ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 мукофотҳо супорида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони ХУШБАХТ хабар дод. Маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номи...
Санаи 28.12.2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷойизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид, ки ба Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои иштироки фаъолона ва дастовардҳои хонандагони муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимп...
Ин дастовард бо кулли хонандагону омӯзгорон ва волидон муборак бошад ва аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей, хонандагону волидон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста дар соҳаи маориф ва таъсис додану ҳавасманд гардонидани хонандагони болаёқат изҳори сипосу миннатдории бепоён баён менамоем! Рӯйхати гирандагони Стипендияи Президентӣ: 1. Азизиён Суман 03.04.2009 2...
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисод...
Асророва Сарвиноз хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳбарии муаллима Назарова Рухсорамо Саъдуллоевна дар номинатсияи "Адабиёти ҷаҳонӣ" сазовори ҷои сеюм ва барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" гардид. Ин ғолибиятро ба кулли ҷомеаи меҳнатии литсей, волидону хонандагон таҳният гуфта, ғолибиятҳои дигарро орзумандем. Инчунин, ба муаллима Назарова Рухсорамо ва волидайни Сарвиноз аз номи маъмурият...