Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли нави мелодии 2023"

31 декабря 2022 11:12

Количество просмотров: 2141

Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва шогирдони азиз!

Инак Соли нави мелодии 2023 фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли нави омадаро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.

 Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро ба ҳар яки Шумо ҳамватанони азиз табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик сабт гардад.

Соли 2022, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуб ва соҳибистиқлоли мо соли воқеан таърихӣ гардид. Зеро дар ин соли сипаригардида истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллӣ ва ҷавони мо, ки дар ҷаҳон яке аз ҷавонтаринҳост 31 сола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Аз ин лиҳоз, соли 2022 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

 Мавриди зикри аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илму маориф бо афкори маорифпарваронаи хеш баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи мазкур чун ҳарвақта ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ин аст, ки соли 2022 барои соҳаи маорифи кишвар соли бобарор ва соли комёбиҳои беназир гардид. Ҷамъбасти сатҳи баланди озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо дастовардҳои назаррас, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.

 Ҳайати коллективи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба кору фаъолият соли 2022-ро сипарӣ намуданд, зеро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 пешниҳод намуданд, ки ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи насли наврас диққати ҷидди дода шавад. Ва чунин таъкид карданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.”

Ва падару модарон бо омӯзгорон робитаи хуб дошта бошад, чунки агар тарбияи толибилм аз хона хуб бошад ва дар мактаб комёб шуда метавонад. Чунин ташаббуси Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва хонандагон руҳу илҳоми тоза бахшид.

Мо ҳайати кормандони соҳаи маорифи кишварро зарур аст, ки дар соли 2023 бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва рушди иқтисодиву зиндагии шоистаи мардум дастҷамъона ва содиқона саъю талош намоем. Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон софдилона кӯшиш намоем.

    Умедворем, ки Соли нави 2023 ба хонадони ҳар яки мо файзу нусрат ва барор меорад ва Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Сарвари давлат ба пешравиҳои аз ин ҳам азимтар ноил хоҳад гардид.

Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи кормандон, устодон, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!