Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд

30 декабря 2022 09:12

Количество просмотров: 3201

Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад, хабар доданд  муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.

«Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз мегардад»,- гуфт Зиёратшоҳ Назруллозода.

Тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб мешаванд.

Инчунин ба хонандагон  барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад.

Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.

Таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр миёни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад