Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар  Литсей-интернати Президентӣ

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар  Литсей-интернати Президентӣ Таҷлили ҷашни Наврӯз дар  Литсей-интернати Президентӣ Таҷлили ҷашни Наврӯз дар  Литсей-интернати Президентӣ Таҷлили ҷашни Наврӯз дар  Литсей-интернати Президентӣ

19.03.2022

Количество просмотров: 4365

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  роҳбарият, кормандон, устодон ва хонандагон ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҷлил гардид.

 photo_2022.jpg 

Роҳбарияти муассиса Ғайратзода Лайло Диловар ҳамаи кормандон, хонандагон ва аҳли ҷамъомадро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Ин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари тоҷик меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.

Сипас Ғайратзода Лайло Диловар ба як қатор кормандон ва хонандагони литсей барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои  ҷамъиятӣ «Ифтихорнома»-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ва "Диплом" барои  иштирок  дар  чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҳендбол байни калонсолон (духтарон) супорид.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаи таълимӣ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.


Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон