Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Оғози даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе

3 января 2023 03:01

Количество просмотров: 2689

3-юми январи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ки он то санаи 7-уми январ идома менамояд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, бахусус ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) Олимпидаи фаннии хонандагон аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе баҳри ташаккули минбаъдаи донишу маҳорат ва малакаи хонандагони болаёқати пойтахт ва омӯзгорони фаъол даври сеюми шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳо доир гашт.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, бахусус роҳбарияти олии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба самти пешрафт ва инкишофу ташаккули маҳорат ва малакаи наврасону ҷавонони болаёқат нигаронида шудааст, ки ин моро водор месозад, ки дастовардҳои маорифи кишварро на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ балки берун аз он низ муаррифӣ намоем.

Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаҳои маориф ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт дар даври сеюми шаҳрии Олимпидаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳо иштирок намуда, миёни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Дар асоси иттилоъи масъулин соли ҷорӣ шумораи хонандагон ва хоҳишмандон барои иштирок дар Олимпиадаи фаннии хонадагони муассисаҳои таълимӣ афзудааст ва масъулин кӯшиш месозанд, то донишу ва малакаи ягон нафар аз хонандагон аз мадди назар дур намонад.