Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Вохӯрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.03.2022

Количество просмотров: 4389

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии ноболиғону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои терористи ва эктримистӣ дошта мулоқот бо хонандагони синфҳои 9-11 ва омӯзгорон доир гардид.

Сараввал меҳмононро Ҷонишини директор оид ба тарбия Сидиқзода Баракатулло Исмоил бо ин даргоҳи илм хайрамақдам гуфтанд.

photo_2022-03-11_08-51-31.jpg 

Дар вохӯрии мазкур муовини сардори сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Машрабзода Ҷиёнхон, нозири кор бо ноболиғон полковники милилсия Исмоилов Абдураҳим, Нозири минтақавӣ Лейтинанти калони милитсия Шарифзода Олим ва муовини роҳбари гурӯҳи намояндаи гурӯҳи "Авангард"-и назди ВКД ҶТ Абдураҳмонзода Абдулхайр, Муовини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатулло иштирок намуда оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, фаҳмонидани маданияти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимои агарчи бо як манбаи азими иттилоотӣ табдил ёфтааст дар он ҳама гуна иттилоот мавҷуд аст. Ва баъзе истифодабарандагон ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Ба хонандагон талқил карда шуд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва пайваста аз пайи омухтани илму дониш бошанд. Инчунин ба хонандагон таъкид карда шуд, ки дар ҳолати ба мушкилот дучор шудан ҳангоми истифодаи шабакаи Интернет ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат муроҷиат намоянд. 

photo_2022-03-11_08-51-37.jpg

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон