Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фаъолони Литсей-интернати Президентӣ Рӯзи Модарро пуршукӯҳ таҷлил намуданд

Фаъолони Литсей-интернати Президентӣ Рӯзи Модарро пуршукӯҳ таҷлил намуданд Фаъолони Литсей-интернати Президентӣ Рӯзи Модарро пуршукӯҳ таҷлил намуданд Фаъолони Литсей-интернати Президентӣ Рӯзи Модарро пуршукӯҳ таҷлил намуданд

07.03.2022

Количество просмотров: 4151

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар он бонувон, фаъолзанон, кормандони литсей иштирок намуданд.
Нахуст Муовини директор оид ба тарбия Сидиқзода Баракатулло Исмоил тамоми бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуд.

 20220307_130403.jpg  

Сидиқзода Баракатулло Исмоил зикр кард, ки “модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад ва бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки "Зиндаги аз модар сарчашма мегирад". Ҳамин аст, ки мардуми соҳибфарҳангу, таммадунсозу таммадунофари  тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад”.

Имрӯз Зан-Модари тоҷик роҳбари оқилу кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар хонадон аст.

Дар фарҷом ба хотири фароғати иштирокдорон дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи Зан-Модар бо иштироки устодон ва хонандагони литсей пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

20220307_132105.jpg

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон