Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

НАВРӮЗ ҶАШНИ ПОКИЗАГИСТ

26.03.2022

Количество просмотров: 9874

Роҳбарият ва кулли кормандони Муассисаи давлатии таълимии ”Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободкориву созандагӣ ва бадин васила дар зебову хуррамгардонии ҳар гушаи диёри биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар литсей дар баробари корҳои самти тадрису илм корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хуррамгардониву зебонамоӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона ҷараён мегирад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои литсей санаи 26. 03. 2022 бо иштироки кулли кормандони литсей ҳашари (шанбегии) дастаҷамъона дар Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти томактабии назди литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Омӯзгорону кормандон баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим ва тозаю озода намудани роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳои гирду атроф, тоза намудани баргҳои хушкшударехтаи дарахтон ва баровардани партовҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз саҳм гузоштанд.
Аҳли омӯзгорону кормандони литсей бо таваҷҷӯҳ ва ҳавасмандӣ аз дастгириву имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои созанда баҳри гулгушукуфоии Тоҷикистони азиз бештар аз ҳар вақти дигар саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.

276175242_530816121720961_493249802967755877_n.jpg

277168478_530819918387248_3635487606138759775_n.jpg


Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон