Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Мақолаҳо

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ: пайдоиш, афзалият ва дурнамо
5 мар

 Шабакаи ҷаҳонии интернет – шабакаи компютерие мебошад, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст аст. Интернет аз шабакаҳои хурдтари компютер сохта шудааст. Ин шабакаҳо хабарро мегиранд ва бо истифода бурдани интернет-протоколи стандартӣ мефиристанд.  Ҳанӯз соли 1957 аввалин мушаки Заминро ба кайҳон сар доданд, ки он барои пайдоиши Интернет оғоз бахшид. Баъд аз ҳодисаи мазкур дар Вазорати мудофиаи ИМА Агентии Тадқиқотии Нақшаҳои Перспективӣ – (Advanced Research Project Agency) ташкил карда шуд...

Вақт
5 мар

Рӯзҳо мегузаранд, Рӯзҳо аз сари мо, Аз дили мо мегузаранд. Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб Аз раҳи манзили мо мегузаранд. Ба назар Мо ҳама бояст зи умр Судҳо бардорем. Бояд аз рӯз ба рӯз Асаре бигзорем. Бояд аз рӯз ба рӯз Боз ҳам бихраду солор шавем. На чу дирӯза Ба як қоида такрор шавем. Лек тадбир куҷост? Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт, Рӯзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад. Чу ба таҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ, Ростӣ, Ин ҳама аз ...

Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум
4 мар

  Забони бумӣ аслан ба маънии нисбатан васеи ин мафҳум бо мафҳумҳои забони маҳаллӣ, забони мардуми асл, забони сокинони муқимӣ муродиф дониста мешавад. Ба ин далел забони тоҷикӣ дар ин марзу бум забони бумӣ маҳсуб мешавад, зеро тоҷикон қадимтарин ва асилтарин сокинони бумии қаламрави Тоҷикистони имрӯза ва фаротар аз он, қисмати аъзами Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар таъриху фарҳанги мардумони ин марзу бум нақши ба истилоҳ меҳварӣ доранд.   Аз ҳамин ҷост, ки Юсуфи Балосоғунӣ (1015-1070) ба сифати...

«Welcome to Baljuvon» — тарғибгари мавзеъҳои нотакрори Балҷувон
22 янв

«Welcome to Baljuvon»- чунин ном гирифтааст ролики таблиғотии мавзеъҳои нотакрори табиати минтақаи сайёҳии Балҷувон, ки он дар шакли диск ва видеороликҳо ба сайёҳон ва меҳмонон тақдим мегардад. Ин дар ҳолест, ки  соли сипаригардида аз ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон беш аз 8,5 ҳазор сайёҳи хориҷию дохилӣ боздид намудаанд. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 375 иншооти таъйиноти гуногун,...

Таърихи Тоҷикистон
31 дек

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира – бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна – Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар – қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд – ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакҳо – сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ач...

МАВҚЕИ ҶУҒРОФӢ ВА ИҚЛИМ
31 дек

   Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз тарафи ғарб ва шимол бо ­Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ дар аксарияти манотиқи кӯҳӣ бо Чин марз дорад.  ИҚЛИМ     Вобаста ба мавҷуд будани пастхамиҳо, баландиҳои мухталиф ва кӯҳҳои баланд обу ҳавои Тоҷикистон дигаргун мешавад. Иқлими Тоҷикистон дар баландии 350-500 метр бо тобистони хеле гарм ва зимистони мӯътадил бартарият аст. Тобистонаш дарозмуддат ( бештар аз 3...

Тоҷикистон дар саргаҳи ``Шоҳроҳи Абрешим``
30 дек

  Тоҷикистон – кишвари куҳҳие, ки дар дили Осиёи Маркази ҷой дошта бо давлатҳои Хитой, Афғонистон, Қиргизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Се шохаи асосии “Роҳи абрешим” маҳз таввасути ҳудуди кишвари тоҷикон мегузашт. Дар сарчашмаҳои қадимаи форсҳо, юнониҳо, чинҳо ва арабҳо саҳми тоҷиконро дар фарҳанг ва тиҷорати ҳамон давра махсусан асрҳои V – XII қайд намудаанд. Минтақаҳои тоҷикнишин ва ҳудуди тоҷикистони таърихиӣ саросар дар масири инроҳи корвонгузари интиқолкунандаи абрешим қарор доштанд, ҳатто аз он с...

Тоҷикистони муосир
30 дек

Тоҷикистони муосир– гӯшаи табиати мафтункунандаи боҳашамату боиффат, гиреҳи кӯҳҳои теғдори Помиру Тян-Шони муқтадир мебошад.  Дар ин ҷо баландтарин қуллаҳои Осиёи Миёна чашм ба осмон дӯхтаанд, дар ин ҷо пиряхҳои азиммаҷрои оромро ба вуҷуд меоранд. Қуллаҳои баландтарин бисёр дарёҳои Осиё Марказӣ, дараҳои хушманзара, водиҳои тафсон бо иқлими субтропикиро ғизо медиҳанд, ки дар он пахтазорҳо ба токзорҳо ва  боғҳои зардолу мубаддал гашта, пуштакӯҳҳои баланду бедолударахт  аз ҷиҳати сардии зимистон бо С...

Адабиёт
30 дек

Фарҳанги мардуми тоҷик ба давраи бостонӣ тааллуқ  дорад. То ба имрӯз мардуми тоҷик бештари суннатҳо ва одатҳоро ҳифз кардааст ва онро ба сабки зиндагии имрӯза мувофиқ намудааст. Агар шумо алоқаманди таърихи Тоҷикистон бошед,  онро метавонед аз асри аввали пеш аз мелод мулоҳиза фармоед. Шояд барои Шумо дидани манзараҳои Панҷакенти бостонӣ бисёр ҷолиб бошад. Бостоншиносон дар он ҷо биноҳои маскунӣ ва мазҳабиро, ки онҳо шомили наққошиҳои ҳайратангези таърихӣ ва муҷассамаҳои бузург, ки ба асри...

Фарҳанг
30 дек

Фарҳанги халқи тоҷик ба қадимтаринҳо бармегардад. Тоҷикон то имрӯз аксарияти анъанаҳо, тамаддунҳоеро, ки ҳанӯз ба тарзи ҳаёти муосир ҳамроҳанд, нигоҳ доштанд. Агар Шумо ба таърих назар кунед, Тоҷикон таърихи худро аз асри 1 ум пешкаш менамоянд. Яке аз маҳалҳои шавқовартарини тамошобоб ин Панҷакенти бостонӣ мебошад. Археологҳо аз ин мавзеъ биноҳои истиқоматӣ ва фарҳанги сохтмонӣ, рангубори ҳайкалҳоро пайдо намуданд, ки ба асрҳои 7 ва 8 таълуқ доранд. Таркибҳои меъмории ин шаҳр тибқи назари олимон дар ...