Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Таърихи Тоҷикистон

31 декабря 2019 12:12

Количество просмотров: 1161

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира – бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна – Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар – қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд – ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакҳо – сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.

Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси Ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри IV пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ - Селевкиён дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар ҷудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тахориҳо ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосй ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тахористон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.




Асрҳои ХI-ХIII сарзамине, ки тоҷикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳучуми қӯшунҳои Чингизхон дар асри ХIII ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Тоҷикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.
Аз охири асри ХIII ба доираи аҳолии муқимии тоҷикон то андозае гурӯҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии тоҷикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кӯҳй ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонй камтар зуҳур меёфт.
Дар асри XIV Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ӯ - темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур - Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронӣ мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эҷодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагӣ мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба онҷо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.


Ҳамроҳшавй ба Русия ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбй дошт, чангу низоъҳои байнихудй барҳам хӯрданд, раванди таназзули хоҷагии натуралии феодалй ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистй оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодй, сиёсию маданй бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши тоҷикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари тоҷик, шиносо шудани тоҷикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократй мусоидат намуд.
Айни замон тоҷикон, чун дигар халқҳои Осиёи Марказӣ зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худй ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори ичтимоиву иқтисодии халқҳои гӯшаву канори Русия азобу шиканча медод. Тоҷикон дар ҳаракати миллии озодихоҳона иштирок доштанд. Шӯришҳои охири асри Х1Х дар /ротеппа (соли 1875), уезди Хӯчанд (соли 1880), як қатор уездҳои Фарғона далели онанд. Деҳқонони аморати Бухоро низ зуд-зуд ба муқобили амир ва ҳокимони маҳаллй сар мебардоштанд. Шӯриши соли 1885 дар Балчувон таҳти сарварии Восеъ аз чунин ҳаракатҳои деҳқонй ба ҳисоб меравад.
Инқилоб ба Бухоро якҷоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Ҷумхурии Халқии Шуравии Бухороро ташкил шуд. Солҳои 1918-1926 ҷанги гражданй мерафт. Соли 1924 Ҷумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои Шарқй ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданй - Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади Узбекистон монданд.

Дар асри XVI қаламрави Тоҷикистон ба давлати ӯзбaк они шайбонй бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қӯқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ӯзбекй ҳукмронй мекарданд. Тоҷикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қӯқанд зиндагй менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI-XVIII парокандагии феодалй, чангу низоъҳои тӯлонй хос буданд. Ҷангҳои дохиливу хоричӣ боиси харобшавии системаҳои обёрикунӣ, пастравии зироаткорӣ гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд.
Ба синфҳо ҷудошавии ҷамъият пурзӯр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рӯҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон - тоҷикону ӯзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусӣ заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хирочҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи ичборӣ: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунӣ, роҳсозӣ маъмул буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президент сарварӣ мекунад. Президенти Тоҷикистон Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда аз ҷониби шаҳрвандони ҷумхурӣ ба тарзи овоздиҳии умумӣ интихоб мешавад.
Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ мебошад, ки аз ду палата – Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндангон иборат аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатй ташкил ёфтааст.
Конститутсия (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 1991- аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ-СНГ) 2 марти соли 1992 - аъзои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) 15 июни соли 2001 – аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва зиёда аз 50 ташкилотҳои байналмиллалӣ мебошад.