Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ: пайдоиш, афзалият ва дурнамо

5 марта 2020 02:03

Количество просмотров: 958

 Шабакаи ҷаҳонии интернет – шабакаи компютерие мебошад, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст аст. Интернет аз шабакаҳои хурдтари компютер сохта шудааст. Ин шабакаҳо хабарро мегиранд ва бо истифода бурдани интернет-протоколи стандартӣ мефиристанд.

 Ҳанӯз соли 1957 аввалин мушаки Заминро ба кайҳон сар доданд, ки он барои пайдоиши Интернет оғоз бахшид. Баъд аз ҳодисаи мазкур дар Вазорати мудофиаи ИМА Агентии Тадқиқотии Нақшаҳои Перспективӣ – (Advanced Research Project Agency) ташкил карда шуд. Интернет дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1969 аз тарафи департаменти ИМА "United States Department of Defense Advanced Research Projects Agency", ки АРПА-ном дошт, сохта шудааст.[1]


  Маврид ба зикр аст, ки соли 1962 ARPA дар назди худ мақсад гузошт, ки барои пайваст намудани компютерҳои аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгирбуда, компонентҳои нав ва таъминоти программавии ба онҳо мувофиқро омода созад. Дар натиҷа, шабакаи компютерии ARPAnet пайдо шуд. Бо ёрии ин барнома маълумот аз як компютер ба компютери дигар на ба таври бефосила балки қисм – қисм равон ва қабул карда мешуд. Вале пас аз 10 сол намудҳои гуногуни алоқаи байни компютерҳо (равон ва қабулкунии файлҳо, ба кор андохтани барномаҳо, почтаи электронӣ ва ғайра) ба вуҷуд омаданд. Соли 1982 бошад, протоколи (хизматрасонии махсуси шабакавӣ) ТСР/IP ихтироъ карда шуд, ки он оғози тантанавии Интернет ба ҳисоб меравад. Дар соли 1990 World Wide Web дар Шветсария аз тарафи марди бритониё, ки Тим Бернерс-Ли ном дошт, сохта шуда буд. То 1 январ соли 2000 интернет 70 миллион компютерро ба ҳамдигар пайваст намудааст.[2]

  Ҳамин тавр, шабака барои артиши ИМА тавассути ширкати DEC, шабака барои неруҳои ҳавоӣ тавассути ширкати IBM, шабака барои флоти ҳарбӣ тавассути ширкати Unisys насб карда мешуд. Тамоми шабакаҳо кор мекарданд, аммо ба забонҳои мухталиф “гуфтугӯ” мекарданд. Барои он ки шабакаҳои маҳаллӣ бо якдигар якҷоя амал кунанд, лозим шуд, ки қарордодҳои (протоколҳои) байнишабакавӣ, яъне забонҳое таҳия ва ба кор гузошта мешавад, ки компютерҳо дар вақти табодули иттилоот аз онҳо истифода мекарданд. Соли 1974 Винт Серф (Vint Cerf) ва Боб Кан (Bob Kahn) мақолаеро бо номи “Қарордоди байнишабакавии интиқоли бастаҳои итттилоот (додаҳо)” (A Protokol for Pocket Network Interworking) нашр карданд, ки дар он роҳҳо барои ҳалли ин масъала муфассал баён гардида буданд. Соли 1982 бо таҳия шудани қарордоди TCP/IР ин масъала ҳалли худро пайдо кард. ТСР – ин қарордоди идоракунии интиқол (Transmission Control Protocol) буда, IP-қарордоди Internet (Internet Protocol) мебошад. Бо пайдо шудани TCP/IР калимаи Internet, ки мухтасари калимаҳои Interconnected Networks (Шабакаҳои ба ҳам пайвасткунанда) мебошад, маъмул гардид. Вазорати мудофиаи ИМА баъдтар TCP/IР-ро ба унвони қарордоди стандартӣ барои шабакаҳои компютерҳои ҳарбӣ эълон кард. Ин қародод дар системаҳои компютерии зиёд кор карданро шурӯъ кард, аз он ҷумла дар компютерҳои фардӣ ва он ба стандарти навъе барои интиқоли байнишабакавии иттилоот мубаддал шуд. Махз ба туфайли қарордоди TCP/IР имрӯз ин гуна инфраструктураи бузург ва мутараққие ҳамчун Internet сохта шудааст. Дар замони ҳозира TCP/IР бастае мебошад, ки зиёда аз садҳо қарордиҳандаҳои мухталиф иборат мебошад. Он шомили қарордодҳои сабти дастёбӣ, интиқоли файлҳо, индексатсия ва ҷустуҷӯи маълумот ва ғайраҳо мебошад.[3]

  Дили шабакаи Интернетро якчанд компютерҳои пуриқтидор ташкил менамоянд, ки онҳо ба воситаи хатти алоқа бо ҳамдигар пайваст шудаанд. Суръати мубодилаи маълумот дар ин компютерҳо ба 200 млн бит дар як сония баробар аст. Бо ин компютерҳо дар навбати худ ба воситаи хатҳои алоқаи суръати мубодилаашон сусттар ҳазорҳо компютерҳои дигар пайваст мешаванд. Бо компютерҳои навбатӣ ба воситаи каналҳои махсус ва хатҳои муқаррарии телефонӣ боз садҳо ҳазор компютерҳои дигар пайваст шуда, дар натиҷа алоқаи миллионҳо кампютерҳоро ба воситаи шабакаи интернет бо ҳамдигар барқарор менамоянд.

  Пас аз пайдоиши интернет ва гузариши чандин солҳо торномаҳои гуногуни интернетӣ пайдо гаштанд. Шаклҳои гуногуни алоқа, муоширатҳо аз масофаи дур, тарроҳӣ ва коркарди барнамоҳои гуногуни телефониву компютерӣ, бавуқӯъоии наслҳои нави компютерҳову телефонҳо тараққиёти интернет ва технологияро таъмин намуданд. Хуллас, як ҷаҳони нав ба вуқуъ пайваст.

  Инчунин муоширати байни хешовандону наздикон аз як давлати дигар бо давлати дигар ба воситаи ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ осон ва қулай гардидааст, ки нишондиҳандаи авҷи аълои интернет ва технология мебошад. Чун мавзӯи мо оид ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоист, бинобар ин андешаи хешро доир ба  шабакаҳои иҷтимоӣ давом медиҳем.

  Шабакаи иҷтимоӣ – платформаи онлайние мебошад, ки одамон барои муоширати байни худ истифода мебаранд ва он хусусияти зиёди иҷтимоиро дорост. Шабакаи иҷтимоӣ воситаи муҳим ва ягонаи муоширати байни ду ё якчанд нафар бо воситаи телефонҳои мобилӣ ва компютерҳо дар доираи фаъоли интернет маҳсуб мегардад.

  Нависанда, файласуф ва корманди ҷамъиятии асри 19-уми рус В. Одоевский (1803 - 1869) дар асари нотамоми хаёлии худ “Соли 4338”, ки дар соли 1837 навиштааст, дар якҷоягӣ ба вуқӯъ пайвастани блогҳои замонавӣ ва интернетро дарҷ намудааст. Ӯ қайд кардааст, ки “байни наздикону шиносон телеграфи магнитӣ барқарор мегардад, ки тавассути он бо дӯстони дар масофаи дур буда бо ҳам гуфтугӯ мекунанд”.

  Бисёриҳо медонанд, ки мафҳуми “шабакаҳои иҷтимоӣ” дар соли 1954 аз ҷониби сотсиолог Ҷеймс Барнс ба вуқӯъ пайвастааст. Он вақт ин падида дар интернет ҳеҷ мавқеъе надошт ва чунин шарҳ дода мешуд: Шабакаҳои иҷтимоӣ – ин структураи иҷтимоие мебошад, ки пайдоиши объектҳои иҷтимоӣ (одамон ё ташкилотҳо) ва алоқаи байни онҳо (робитаи дуҷонибаи иҷтимои)-ро мефаҳмонад. Агар бо забони оддӣ гӯем, шабакаҳои иҷтимоӣ – ин гурӯҳи одамоне, ки байни онҳо муносибати дуҷониба барқарор карда шуда, алоқаи дутарафа ва ё яктарафа мебошад. Бо баробари пайдоиши интернет (соли 1969) консепсияи илмии Ҷ. Барнс оммавӣ гардида буд. Ин ба инкишофи шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон оварда расонид.

  Аввалин шабакаи иҷтимоие, ки бо воситаи техникаи компютерӣ фаъолият мекард дар соли 1971 ба вуқӯъ пайвастааст. Он барои ҳарбиён ҳамчун воситаи интиқоли маълумот ба воситаи ARPANET фаъолият мекард. Баъд аз 17 сол, дар соли 1988 олими финландиявӣ Ярко Ойкаринен протоколи “IRC”- ро ихтироъ кардааст, ки азнавбарқароркунии интернет-чат ва таъмини барномавӣ барои онро ба амал баровардааст. Пас аз он имконияти муошират бо ҳамдигар дар ҳаёти воқеӣ ба вуҷуд омадааст.[4]

Инкишофи шабакаҳои иҷтимоӣ ба се қисм тақсим мешавад:

  1. Шабакаҳои иҷтимоии солҳои 90-ум, ки бо функсияҳои оддитарин сохта шудаанд.
  2. Сохтани шабакаҳои иҷтимоӣ бо имкониятҳои васеъ барои ҳамкории базавӣ (аз аввади соли 2000 то замони мо);
  3. Шабакаҳои иҷтимоие, ки барои ҳал намудани муаммоҳои аниқ: ҷустуҷӯи ҳамкорон (шабакаи тиҷоратӣ), бозиҳо (барномаи бозиҳо), ҷустуҷӯи маълумотҳо (шабакаи алоқавӣ) ва ғайраҳо.

  Оммавӣ гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет аз соли 1995 оғоз меёбад, ки ба пайдоиши портали амрикоӣ Classmates.com рост меояд. Барномаи мазкур аз ҷониби Ренди Конрадс сохта шудааст. Лоиҳаи мазкур хело ҳам бомуваффақият баромад, ки пас аз якчанд сол ангезаи пайдоиши даҳҳо намуди хизматрасониҳои шабеҳи он пайдо гардиданд. Дар баробари аз қайд гузаштан истифодабаранда ҳуҷраи шахсии худро сохта, ҳамаи маълумотҳои худро гузошта метавонад. Ва ҳамчунин аз ҳуҷраи шахсии хеш метавонад ба ҳуҷраи дигар нафар ворид шуда, маълумот ва аксҳову наворҳои он нафар гузоштаро тамошо кунад. Дар раванди пайдоиши барномаҳои нави шабакаи иҷтимоии Classmates.com ҳар як шахс метавонад ҳуҷраи хешро махфӣ нигоҳ дорад ва бе иҷозати ӯ ба ҳуҷраи он ҳеҷ кас ворид шуда наметавонад. Дар ин барнома ҳамаи одамон метавонанд ҳамсинфон, ҳамкурсон ва ё дигар дӯстони худро дарёбанд. Ва ё шиносҳои нав аз дохил ё хориҷи мамлакат пайдо намоянд. Ҳамчунин, шакли русии Classmates.com вуҷуд дорад. Дар замони муосир дар он зиёда аз 290 млн истифодабарандагон аз қайд гузаштаанд. Дар ин раванд хонандагони азиз, мо ба Шумо дар бораи шабакаҳои иҷтимоии оммавӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣҷойгоҳ пайдо кардаанд, (аз қабили Facebook, «ВКонтакте», Twitter , Instagram ва ғайраҳо) гуфта мегузарем.

  Компанияи Facebook Inc 4 феврали соли 2004 аз ҷониби Марк Сукерберг, ки дар Донишгоҳи Гарвард таҳсил мекард, сохта шудааст. Дар аввал ин барнома танҳо барои донишҷӯёни Гарвард дастрас буду халос. Пас аз муддати мадид азқайдгузарӣ барои донишҷӯёни Бостон ва баъдан барои ҳамаи амрикоиҳое, ки нишонаи электронӣ доштанд, имконпазир гардид. Аз аввали моҳи сентябри соли 2006 Facebook барои ҳамаи истифодабарандагони синнашон аз 16 болои интернет дастрас гардида буд. Имрӯзҳо он ба панҷгонаи беҳтарини барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ шомил гаштааст. Мувофиқи тадқиқотҳо, шумораи истифодабарандагони ҳармоҳаи Facebook – ро зиёда аз 1,9 млрд нафар ҳисоб кардаанд.[5]

  Бояд дарҷ намоем, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкил намудани гурӯҳҳои гуногун, гузоштани наворҳо, мусиқиҳо, ба воситаи мессенҷерҳои замонавӣ гуфтугӯи телефонӣ ва ё зангҳои навориро дидан ва ба анҷом расонидан мумкин аст. Баъзан хабарҳои навтаринро аз сомонаи мазкур пеш аз чоп намудани дигар сомонаҳои хабарӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамчунин баъзан баҳсҳои гуногуни илмӣ низ дар ин сомона ба назар мерасад.

  Сомонаи иҷтимоии навбатии мо “ВКонтакте” мебошад, ки моҳи сентябри соли 2006 ба вуҷуд омадааст. Офарандаи ин шабакаи иҷтимоӣ Павел Дуров мебошад. Барномаи мазкур бо якчанд забонҳо барномагузорӣ карда шудааст, лек дар асл, аудиторияи истифодабарандагони асосии онро рус- забонҳо ташкил медиҳанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар аввал шабакаи мазкурро донишҷӯён ва хатмкунандагони мактабҳои русӣ истифода мебурданд. Баъд аз якчанд вақт, барномаи мазкур мавқеи худро ҳамчун “муосир, зудамал ва усули беҳтарини муошират дар шабака” баҳогузорӣ намуд. ВКонтакте – дар рейтинги даҳгонаҳои беҳтарини сомонаҳо шомил гардидааст, ки мувофиқи нишондодҳо, айни ҳол шабакаи иҷтимоии мазкур зиёда аз 410 млн истифодабаранда дорад.[6]

  Таърихи пайдоиши Twitter ба моҳи марти соли 2006 рост меояд. Дар аввал шабакаи мазкурро кормандони як ташкилот барои муоширати дохилӣ истифода менамуданд. Аз 15 июли соли 2006 Twitter дастраси умум гардид, ки ба воситаи он хабарҳову навиштаҳо бо суръати баланд рафта меоянд. Хабари аввалин аз ҷониби офарандаи системаи мазкур Ҷек Дорси ба таври «Just setting up my twitter» фиристода шуда буд. Имрӯзҳо Twitter дар байни истифодабарандагони интернет хело оммавӣ гардидааст, ки мувофиқи рейтинги SimilarWeb, мақоми 12-умро ишғол намуда, дорои зиёда аз 300 млн обунашуда мебошад.[7]

  Барномаи ройгон барои мубодилаи аксҳо ва видеонаворҳо Instagram дар мағозаи App Store 6 октябри соли 2010 баромад. Офарандагони шабакаи мазкур Кевин Систром ва Майк Кригер мебошад. Дар ин шабака метавон наворҳои гуногуни ҷолиб ва навтаринро дарёфт намуд. Ҳамчунин шиносони навро аз мамлакатҳои гуногуни курраи ҷаҳон пайдо намудан мумкин аст. Яке аз қонунҳои дигари ҷолибе дар ин шабака мавҷуд аст, ки тавассути зиёд намудани подписчикони (обунашудагон) худ дар суроғаи шахсии хеш метавон тиҷорати интернетии худро оғоз намуд. Дар суроғаи хеш пописчикон агар аз 1000 нафар зиёд шаванд, ширкатҳо ва фирмаҳои гуногун бо шумо шартнома баста, барои рекламаи маҳсулотҳои хеш ба шумо муроҷиат менамоянд. Дар ин раванд, маблағи шартнома дастрас мегарданд ва маҳсулоти тавсияшуда реклама мешавад.[8]

  Ҳамин тавр, мисли ин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ хело зиёданд, ки мо танҳо шумораи кучаки онро дарҷ намудему халос. Чун ба монанди WeChat, Viber, WhatsApp, QQ, IMO, Telegram, FB Messengers, МобиГап, OK, SweetMeet ва ғайраҳо. Ба ҳама маълум аст, ки муштариёни зиёди курраи замин аз ин гуна шабакаҳо фаъолона истифода мебаранд.

Юсупов Сӯҳроб Зафарҷонович

Магистри бахши дуввуми АИҶТ ихтисоси сотсиология

[1] https://tg.wikipedia.org/wiki/Интернет

[2] https://tg.wikipedia.org/wiki/Интернет

[3] https://tg.wikipedia.org/wiki/Интернет

[4] Социальные сети и виртуальные сетевые сообщества / отв. ред. Верченов Л. Н., Ефременко Д. В., Тищенко В. И. — М.: ИНИОН РАН, 2013. — 360 с. 

[5] https://sciencepop.ru/istoriya-sotsialnyh-setej-poyavlenie-i-razvitie/

[6] https://sciencepop.ru/istoriya-sotsialnyh-setej-poyavlenie-i-razvitie/

[7] https://sciencepop.ru/istoriya-sotsialnyh-setej-poyavlenie-i-razvitie/

[8] https://habr.com/ru/company/SECL_GROUP/blog/23233/