Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






МАВҚЕИ ҶУҒРОФӢ ВА ИҚЛИМ

31 декабря 2019 12:12

Количество просмотров: 1298

   Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз тарафи ғарб ва шимол бо ­Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ дар аксарияти манотиқи кӯҳӣ бо Чин марз дорад. 

ИҚЛИМ
    Вобаста ба мавҷуд будани пастхамиҳо, баландиҳои мухталиф ва кӯҳҳои баланд обу ҳавои Тоҷикистон дигаргун мешавад. Иқлими Тоҷикистон дар баландии 350-500 метр бо тобистони хеле гарм ва зимистони мӯътадил бартарият аст. Тобистонаш дарозмуддат ( бештар аз 300 рӯз ) ва боришоти кам, ба ҳисоби миёна 150-200 миллиметр, мушоҳида мешавад. Хусусияти Иқлими Тоҷикистон дар талу теппаҳои куҳистон ва қисмати поёнии ҷанубу ғарбии теппаҳо ва дараҳо тобистони гарм ва зимистони сард мебошад. Иқлими мӯътадил хусусан дар қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ва қисмати ҷанубии Помир дар баландии 1500-3000 метр вуҷуд дорад. Инҷо дар баландии беш аз 3000 метр иқлими сард ҳукумфармо буда, дорои тобистони кӯтоҳ ва зимистони дарозмуддат мебошад. Тобистон боришот дар ин минтақаҳо аз 600 то 1000 милиметрро ташкил медиҳад. Тобистони Помир хушк ва кутоҳ буда, вале зимистоннаш бо бориши барфи зиёд хеле сард ва дарозмуддат мешавад. Дар баландиҳо метавон қабати 1,5 метрии яхро мушоҳида кард.