Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Адабиёт

30 декабря 2019 12:12

Количество просмотров: 628

Фарҳанги мардуми тоҷик ба давраи бостонӣ тааллуқ  дорад. То ба имрӯз мардуми тоҷик бештари суннатҳо ва одатҳоро ҳифз кардааст ва онро ба сабки зиндагии имрӯза мувофиқ намудааст. Агар шумо алоқаманди таърихи Тоҷикистон бошед,  онро метавонед аз асри аввали пеш аз мелод мулоҳиза фармоед.

Шояд барои Шумо дидани манзараҳои Панҷакенти бостонӣ бисёр ҷолиб бошад. Бостоншиносон дар он ҷо биноҳои маскунӣ ва мазҳабиро, ки онҳо шомили наққошиҳои ҳайратангези таърихӣ ва муҷассамаҳои бузург, ки ба асри 7 ва 8 баъд аз мелод  тааллуқ  доранд,  кашф намудаанд. Таркиби меъмории ин шаҳр аз назари донишмандон дар байни шаҳрҳои Осиё ҳамто надорад.

Мардуми тоҷик ҳамчун устодони санъати дастии сафолӣ маъруф ҳастанд. Дар шаҳрҳо ва водиҳо мардон зарфҳои сафолиро дар чархҳои  сафолгарӣ дуруст мекарданд.  Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ  чархҳои сафолгарӣ истифода намешуданд. Дар ин ҷо занон кӯзаҳоро бо даст, якеро болои дигаре гузошта шакл медоданд ва то ҳоло дуруст намудани намудҳои гуногуни саноии  дастӣ аз насл ба насл нигоҳ дошта шудаанд. Ҳамаи инҳоро метавонед дар салонҳои ҳунарии шаҳри Душанбе мушоҳида намоед.

Дар шаҳрҳо бофандагон,  сафолгарон, оҳангарон, сангкорон ва чӯбкорон фаъолият мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо корхонаҳои тавлиди масолеҳи қоғазӣ ва порчаҳои абрешимӣ мавҷуд ҳастанд. Дар онҳо асосан мардон кор мекунанд ва дар деҳаҳои дурдаст занон  бофтаҳои пашмӣ ва дар дастгоҳҳои бофандагӣ қолиҳои соддаро  тавлид мекунанд . Ҳоло бошад мардуми тоҷик бо истифода аз сабку услуби қадима маҳсулоти зебо истеҳсол мекунанд, ки то ҳол ҳам ба он алоқамандони худро доранд. Устоҳои имрӯза ба мисли садсолаҳо пеш гӯшвораҳо, либоси занона ва лавозими хонагӣ ба мисли сӯзанӣ, дастархон ва ғайраҳоро тавлид мекунанд.

Қабл аз ҳуҷуми арабҳо (дар аввали асри ҳафт баъд аз мелод) гурӯҳҳои аслии мазҳабӣ -зартуштиҳо, маниҳониҳо, буддоиҳо ва ҳиндуиҳо буданд. Бо мурури замон ислом оҳиста-оҳиста ҷойгузини ин мазҳабҳо шуд. Масҷидҳои зиёд дар ин давра сохта шуданд, ки дар байни онҳо Саят, қалъаи Ҳисор ва Мазори Шариф, ки дар асрҳои 11 ва 12  ва  масҷидҳои асри 15 дар Ӯротеппа бино ёфта ва  то  ба имрӯз нигоҳ дошта шудаанд.

Гуфта мешавад, ки мазҳаби тоҷикон аз тариқи илм ва адабиёт дарк мешавад. Ҳамлагарони араб забони аслии тоҷиконро аз байн бурданд. Сарфи назар аз ин забони дарӣ забони аслии навиштаҳои қадимии тоҷикон аз қабили адабиёт, сурудҳо ва китобҳои илмӣ буд.

Замони давлатдории Сомониён давраи шукуфоии фарҳанги тоҷикон, тараққиёти илм ва адабиёт ба ҳисоб меравад. Дар ин давра нуфузи Бағдод ва Дамишқ кам шуда ва шоиру нависандагон бо забони форсӣ асарҳои худро меофариданд.  Шароитҳои мусоид барои рушди  илму фарҳанг фароҳам оварда шуда буданд. Шахсиятҳои бузург дар ин давра умр ба сар мебурданд, ба тавре, ки тамоми насли донишмандони бузург, шоирон ва чеҳраҳои давлатӣ дар ин давра зоҳир шуда буданд. Дар байни онҳо асосгузори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ – Абу Абдулло Рӯдакӣ мавқеи хос  дошт. Абдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммади ҷавон ё ба манбаи дигар  Абдул Ҳасан ба таҳсил рағбати зиёд дошт ва шабҳо шеър мехонд. Овозаи қиссаҳо ва шеърҳои ӯ то ба амир расид ва ҳангоми зиндагӣ дар дарбор Рӯдакӣ шеър, қасида, ғазал ва рубоиҳои зиёде офарид.

Донишманди барҷаста ва шоир Абу Алӣ ибни Сино (Ибн Сино 980-1037) дар баробари мухолифат бо равшанфикрӣ, ситоиши илм мубориза мебурд. Баъдҳо ақидаҳои ӯ дар кори шоир ва файласуф Носири Хисрав инъикос гардид. Дар ашъори ӯ монанди “Саодатнома”, “Рӯшноинома” инсоният ситоиш дода шуд ва тарафдории ӯ аз шоистагӣ ва аҳамияти илм дида мешуд.

Дар асри 13 Саъдии Шерозӣ асарҳои маъруфи худ – “Бӯстон” ва “Гулистон”-ро офарид. Ду аср пас шоири маъруфи дигар Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ақидаҳои инсондӯстиро дар асарҳои безаволи худ “Ҳафт Авранг” ва силсилаи масалҳо “Баҳористон” инъикос кардааст.

Нависандагони бузург ба монанди Абу Райҳон Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Имом Термизӣ, Форобӣ ва Умар Хайём аз маҷмӯаи донишмандон, риёзидонон ва нависандагон буданд. Онҳо осори ҷовидонаи худро дар давраи Сомониён навишта буданд. Соли 1999 Тоҷикистон ба таври бошукӯҳ  1100-солагии давлати Сомониёнро ҷашн гирифт.