Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Вақт

5 марта 2020 01:03

Количество просмотров: 667

Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.

Ба назар
Мо ҳама бояст зи умр
Судҳо бардорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Асаре бигзорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Боз ҳам бихраду солор шавем.
На чу дирӯза
Ба як қоида такрор шавем.

Лек тадбир куҷост?
Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт,
Рӯзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад.
Чу ба таҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ,
Ростӣ,
Ин ҳама аз кӯтаҳии ақли расо мегузарад.

Аҷабо!
Вақтро мегузаронем, ки барҷо бошем,
Вақтро мегузаронем, ки аз доираи вақт бурун
Бехалал аз ҳама савдо бошем.
То надонем, ки бо вақт ба ҳам мегузарем,
Аз азал сӯи адам мегузарем.

Аҷаб аст ин аҷаб аст!
Гоҳ мо бо ҳама бинодилию биноӣ
Рӯзро кӯр кунем.

Аҷаб аст ин, аҷаб аст!
Гоҳ мо бо ҳама донодилию доноӣ
Рӯзро кӯр кунем.
То надонем, ки ин оқибати кӯрдилист,
Худфиребист
Ва ё
Ҳеҷ кам аз худкушӣ нест.

Хоҳам имрӯз ба парвозгаҳи вақту фазо
Муддате бол кушоем, ки парвоз кунем.
Ҳар дари боз бубинем, ба кас бинмоем,
Ҳар дари баста бубинем, ба кас боз кунем
Хоҳам имрӯз бипурсем зи худ, то чӣ касем?
Гар расидем ба Мирриху ба Маҳтоб, чӣ хуш,
Вақти он аст, ки бо худ бирасем!

Вақти он аст, ки эй аҳли назар,
Вақти худро гузаронем аз вақт.
Вақти он аст, ки эй аҳли ҳунар,
Қадри худро гузаронем аз вақт!

... Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Гар ситондан натавонем ҳақи хеш зи вақт,
Рӯзҳо ҳар яке чун қотили мо мегузаранд.

[1973]

Лоиқ Шералӣ