Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба омӯзгорон

Қиссае барои омӯзгор
2 апр

Рӯзе муаллимаи синфи панҷ  ба шогирдонаш хитоб карда гуфт: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Дар ҳоле ки ғайриихтиёр яке аз шогирдонашро бо номи Тедди фаромӯш кард. Чунки Тедди андак бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид, илова бар ин, одобаш хуб не. Инро муаллимаи ӯ дар рафти соли хониш пайхас кард. Ҳамчунин, муаллима пай мебурд, ки Тедди танбал асту бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доимо баҳои ду мегирад, Рӯзе аз рӯзҳо муаллима хост, ки бо асноди шахсии шогирдон ошно шавад ва дар бораи онҳо маълум...

Аз таърихи пайдоиши коғаз
31 мар

Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби  коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли  751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузошта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд- Абулмуслим сипоҳи худ...

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ…
31 мар

Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон»  ва «Баҳористон»  гардидааст.  ...

МУШКИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илму маориф дар арафаи ҷашни Наврӯз
28 мар

На танҳо китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, балки забони китобҳо аз дигар фанҳои таълимӣ низ таҳрирталабанд. Баъзе китобҳои фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ аз русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, ки табиати фикри тоҷикӣ надоранд. Дарк кардани маънии матн дар чунин китобҳо хеле душвор аст. Ин ва дигар андешаю пешниҳодҳои директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА-ро дар зер манзури хонандагон мегардонем. Дар мулоқоти навбатӣ Президенти мамлакат му...

Ҳикояте аз пандҳои Муҳаммад Ғазолӣ
18 мар

 Подшоҳи Ҳиндустон расуле фиристод ба Нўшервон, ки: «Ман ба подшоҳӣ аз ту авлотарам, хироҷ ба ман бифирист».Нўшервон расулро фуруд овард ва дигар рўз бор бидод. Меҳтарон бихонду расулро ҳозир кард ва гуфт: «Ҷавоби пайғом бишнав». Пас Нўшервон сандуқе бихост.Бигушоду сандуқчае аз ў берун кард ва муште кабар (навъе аз гиёҳи хордор) аз он бароварду расулро дод ва гуфт: «Ба вилояти шумо аз ин бувад?».  Гуфт: «Бисёр бувад». Нўшервон гуфт: «Бирав малики Ҳиндро бигўй: Нахуст вилояти хештан ободо...

Китоби олими тоҷик Ҳасани Султон оид ба забони давлати Сомониён дар Аврупо ба нашр расид
16 мар

Дар остонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму зиёиёни мамлакат ва ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз китоби нави шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон (Мирзоҳасан Султонов) — «Забони давлати Сомониён» тавассути нашрияи бонуфузи академии «Palmarium academic publishing» (Германия) ба наш...

«Забони миллат – ҳастии миллат». Китоби дуюм: “Забон ва замон”
13 мар

Ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» ба нашр расид, ки ифодагари таҳаввули навине дар таърихи забони тоҷикӣ ва баёнгари азамату бузургии ин забону ин миллати куҳанбунёд мебошад. Масъалаи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат мебошад. Дар сарсухани китоби чунин омадааст: «Китоби дувуми «Забони миллат –...

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО
13 мар

13-уми марти соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо котиби якуми намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Стефано Элеро доир гашт. Дар оғози вохӯрӣ  М. Имомзода аз ҳамкориҳои судманди намояндагии Иттиҳоди Авурпо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзор...

Системаи аносири кимиёвӣ ва шинохти илмии табиат
11 мар

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии АИҶТ Номвари Қурбон иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Системаи аносири кимиёвӣ ва шинохти илмии табиат» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Барои муфассалтар тамошо кардани баҳс ба навори зерин таваҷҷуҳ кунед: Маълумоти пурра дар ин саҳифа: https://ravshanfikr.tj/navorho/sistemai-anosiri-kimijov-va-sh...

Таълимоти Ибни Сино дар бораи модда ва атрибутҳои он дар партави фалсафаи давраи нав
11 мар

Аз замони зиндагии Ибни Сино бештар аз ҳазор сол гузаштааст. Дар тӯли ин муддат таълимоти фалсафии вай аз тарафи ҷонибдоронаш рушду такомул ёфта, аз ҷониби рақибонаш мавриди нақду инкор қарор гирифтааст. Ба интиқоди шадиди рақибон нигоҳ накарда, таъсири ақидаҳои Ибни Сино ба аксари мутафаккирони асримиёнагии Шарқу Ғарб барало ба мушоҳида мерасад. Асарҳои Ибни Сино ҳамчунин дар маркази диққати мутафаккирони давраи Эҳёи Аврупо қарор доштанд. Доир ба таъсири Ибни Сино ба мутафаккирони ин давра осори зиёди донишманд...