Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба омӯзгорон

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар
31 янв

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд. ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. П...

ОЛИМИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ГУЛХОҶА ҶАНГИБЕКОВ БА СИННИ 70 РАСИД
31 янв

  Доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков ба синни 70 расид. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов олими шинохтаи зодаи Бадахшонро ба ин синни муборак табрик гуфта, дар табрикоташ навиштааст, “зиндагиномаи шахсиятҳое, чун Гулхоҷа Ҷангибеков намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ мебошад ва эшон бо кору пайкори худ барои халқу Ватан хизматҳои зиёдеро дар соҳаи илму маориф анҷом додаанд.” Гулхоҷа Ҷангибеков Аълочии маорифи Тоҷикистон ва барандаи ордени Шараф дараҷаи 2 мебошад. Фарзанд...

Аҳли илму одаби тоҷик дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин адиби маъруф ёд карданд
28 янв

Имрӯз аҳли илму одаби кишвар дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин шоир, нависанда, драмнавис ва публисисти маъруфи тоҷик, ки дар рӯзи тавваллудаш соли 2009 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ёд карданд. Наримон Бақозода адибест, ки дар ташаккули як насли баркамол саҳми муҳим гузоштааст ва махсусан  шеърҳои барои кӯдакон эҷокардааш байни мактабхонҳои на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз  он низ  хеле машҳур буданд.  Наримон Бақозода 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар о...

Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика 80-сола шуд
27 янв

Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз физикдонҳои шинохта дар кишвар аст. Донандаи хуби забони  тоҷикист, ки борҳо сари истилоҳоти физикӣ дар матбуот баҳсҳо ҳам доштааст. Аз фаъолтарин муаллимони ин фан дар матбуоти кишвар аст. Навиштаҳо ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтаанд. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика мебошад, ки соли 1985 чоп шуда буд. Луғати физикии вай аз ҷониби донишмандоне чун Муҳаммад Осимӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ баҳои сазовор гирифтааст.  Саи...

«Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст
26 янв

Яке аз хуҷастагиҳои барҷастаи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ҳамин эҳёи суннату анъана ва маросими миллиест, ки на танҳо эҳёи маънавиёти миллатамон, балки эҳёи дубораи ҳувияту рисолати миллатамонро таъмин мекунад. Хушбахтона, бо пушти  сар шудани таърихи хеле гарону пурмоҷарои ҳазорсола халқи тоҷик бунёди қавӣ ва бегазанди худро собит сохт ва ин падида, пеш аз ҳама, дар ду зуҳурот ҳузури муборак дорад:  Аввалан,  миллати мо тавонист забони модарию а...

Дар маҳфили «Ганҷи сухан» таърих ва тамаддуни бостонӣ дар Саразм баррасӣ гардид
25 янв

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нишасти 179-уми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки он ба ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд. Дар он бештар аз 200 нафар мухлисони илму адаб, аз ҷумла, олимону адибон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Сарвари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, ки дар нишаст дар баробари ироаи маърӯзаҳову суханрониҳо натиҷаи фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» дар соли 2019 ҷамъбаст мешавад. ...

Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада ба Шоҳ Ҳушанг нисбат дода мешавад. Нигоҳе ба таърихи иди ниёгон
25 янв

26 январ дар ҳамаи боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар рӯзи ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад. Дар ин рӯз ташкилкунандагони барномаҳои идона суннатҳои ҷашни Садаро риоя намуда, аз осори шоирони классику муосир дар васфи ин иди ниёгон шеърҳо мехонанд. Сада яке аз ҷашнҳои бостонии ми...

Профессор Насрулло Убайдулло: «Туҳфаи «Тоҷикон» ба ҳар хонадони кишвар — иқдоми беназири Пешвои миллат ва таҳрикдиҳандаи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ”
24 янв

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ афзалиятро бештар ба соҳаҳои илму маориф дода, дар бораи омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба аҷдодони худ дастуру супоришҳо доданд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мар...

Физики маъруфи тоҷик, профессор Хурсандқул Ибодинов аз олам даргузашт
24 янв

Шаби гузашта узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, астрофизики маъруф, собиқ директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ Хурсандқул Ибодинов дар синни 76-солагӣ  аз олам даргузашт. Хурсандқул Ибодинов   22 марти соли 1944 дар деҳаи Работи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи деҳаи Такфонро ба итмом расонидааст. Соли 1964 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм н...

Бори аввал намоиши нигораҳои таърихии тоҷикон дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад
24 янв

14 октябр бори аввал Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, 23 январ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуе мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими корҳои омодагӣ ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷ...