Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба омӯзгорон

Тақдими китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб
18 фев

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии  «Адиб»  ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30  нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд.  Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ «Гулчини ашъор»,   А. Афсаҳзод «Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ – адиб ва мутафаккири номӣ»,  Т. Зулфиқоров  «Ҷойхонаи лаби Ҷар»  ва чанд номгӯ китобҳои адибону олимони дигари кишвар, ки ҳамагӣ тоз...

Даричаи ошноӣ: Файзализода Ҷумахон Хол – Директори Китобхонаи миллӣ
17 фев

4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.  Муаллифи беш аз 75 асар илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ мебошад. Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф  бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст.  Файзал...

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳо месохтаанд
15 фев

Аз ковишҳое, ки бостоншиносон дар Саразм анҷом додаанд, муайян гардидааст, ки заргарони ин шаҳри қадимӣ  33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳоро месохтаанд. Аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9-то, лоҷувардӣ 6-то, фирӯзагӣ 7-то намудҳои гуногуни марҷонҳо дарёфт шуданд. Ин бар он аст, ки гарчанде заргарон дар зинаи аввали инкишофёбии ҳунар истода бошанд ҳам, бо дастгоҳҳои одӣ асрори санъати коркарди сангҳоро дарёфта будаанд. Бозёфтҳои заргарӣ, аксаран марҷону бозубандҳо мебошанд. Онҳо ҳамчун зебу зиннат дар тӯли ...

Агар адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ зинда мебуд...
14 фев

Оре, агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Вале ин адабиётшиноси шинохтаву донишманди хуб умри хеле кутоҳе дошта. Вай дар синни 46 - солагӣ тарки олам кард. Синне, ки мебоист беҳтарин таҳқиқотҳои адабиашро анҷом медод. Ёдаш ба хайр!   Маъруф Раҷабӣ 14 феврали  соли 1955 дар шаҳри Кўлоб ба ҷаҳон  омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории  Кўлобро бо баҳои  аъло  хатм  кардааст. Муддате  дар донишкадаи  номб...

«АЗ ГУЛИСТОНИ МАН БУБАР ВАРАҚЕ…». Имрӯз дар бисёр кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб таҷлил мегардад. Тоҷикистон истисно нест
14 фев

Зимистон миёни фаслҳои сол шояд аз ҷиҳати иду ҷашнҳо ва санаҳои ёдкард дар ҷои аввал қарор дошта бошад: Рузи байналмилалии ҳуқуқи инсон, Рӯзҳои умумиҷаҳонии кино, телевизиони кӯдакон, эскимо, мубориза бо СПИД, мубориза бо коррупсия, мубориза бо саратон, Соли нав, ҷашни Сада… Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди касбии кормандони соҳаҳои молия, энергетика, авиатсияи гражданӣ, гумрук, мақомоти прокуратура, амнияти миллии кишварамон низ ба фасли зимистон рост меоя...

Драматургияи Сотим Улуғзода
12 фев

Устоди шодравон Сотим Улуғдода аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар мебошад, ки бо повесту роман, ҳикояву асарҳои саҳнавии худ шуҳрат ёфтааст. Адиби нуктасанҷу донишманд омӯзиши таърих ва гузаштаи пурифтихори миллатро ба як бахши муҳими эҷодиёти худ қарор дода буд. Ин асарҳо имрӯз бидуни шак ганҷинаи прубаҳои адабиёти муосиранд ва вуҷудашон ин сарватро ғанитар кардааст.  «Аҳмади Дониш», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Субҳи ҷавонии мо», «Ёрони боҳиммат” барин қисса...

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Ин шаҳри бостонӣ ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд мебошад
10 фев

12 сентябри соли 2020  5500-солагии  шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ&n...

Фарҳод Раҳимӣ: «Беш аз 25 коркарди олимони тоҷик барои татбиқ ба мақомоти марбута пешниҳод гардидаанд»
10 фев

Соли 2019  олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 100 мавзӯъ, аз ҷумла  илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Барои илмро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан беш аз 25  коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ ба мақомоти марбута пешниҳод гардидаанд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти ...

ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
7 фев

Оид ба анҷоми соли таҳсили 2019-2020, аттестатсияи аз синф ба  синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2020  №346,  ш. Душанбе Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (...

Китоби файласуфи шодравони тоҷик дар Теҳрон чоп шуд
6 фев

Нозир Арабзода дар Теҳрон чоп шуд Нозир Арабзода дар корномаи илмӣ ва пажӯҳишии худ осори зиёде дар ҳавзаи муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафа дорад, ки пажӯҳишҳои бунёдӣ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин аз ин устоди фақид беш аз 30 мақолаи илмӣ дар Донишномаи шӯравии тоҷик ба ёдгор мондааст, ки бештар ба ҳавзаи мафоҳим ва м...