Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба омӯзгорон

БИСТСОЛАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Мулоҳизаҳои Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ роҷеъ ба дастури таърихӣ ва мубраму муҳими Пешвои миллат
24 фев

Халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад. Эмомалӣ Раҳмон  Дар назариёти Пешвои муаззами миллат ҳифзи «асолати милливу динӣ», ки хамирмояи ҷомеаи моро ташкил медиҳад, бо моҳияти «ҷаҳонбинии илмии замони муосир» тавъам ва баробарвазн буда, ба тариқи илмӣ таҳқиқи ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ин замина ҷусторҳои нави бунёдӣ, ки рушди усулии ҷомеаи муосирро таъмин месозад, барои Тоҷикистон низ аҳамияти умда дорад. Чунин...

21 феврал – Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст
21 фев

Ҳамасола  21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид. Ба ақидаи забоншиносон, иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ- ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллиест...

Яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон тарғиби китобхонист. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
21 фев

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад, ки мақсади он ҳифзи забонҳо мебошад. Дар робита ба мақому манзалати забони модарӣ – забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун, рушди он ва ҳифзи забони модарӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин НАЗАРЗОДА суҳбат намуд. АМИТ «Ховар»: Тибқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, забони модарӣ забонест, ки о...

Китоби нав: Шарқ дар оинаи Ғарб
20 фев

Дар китоби нави устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Абдурашид Самадов «Шарқ дар оинаи Ғарб» сухан аз боби тарҷумону муҳаққиқони Аврупо ва Амрико меравад. Хотирнишон бояд сохт, ки ҳарчанд Э.Браун, В.Ҷонс, А.Арбери, Р.Николсон, Н.Контесед, А.Маришимил, Гертруда Бел, А.Хансбергер ва Ситсилия Бону барин мусташриқону тарҷумонҳо дар бахши тарҷума ва тарғиби осори гаронбаҳои адибони форсу тоҷик хизматҳои зиёде ба харҷ додаанд, вале хонандагони тоҷик ба хусус, устодону шогирдони шуъбаҳои тарҷумонии макотиби ...

МУТАХАЛЛИС БА «ДОНИШ» ВА МУҚАЛЛАБ БА «КАЛЛА». Дар шаҳри Тошканд девони Аҳмади Дониш дарёфт шуд
20 фев

Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон девони ашъори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш дарёфт гардид. Дар ин бора Файзхоҷа Маҳмудов, муҳаққиқи бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, зимни матлабе дар сомонаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ додааст, менависад  хабарнигори АМИТ «Ховар». Тавре Файзхоҷа Маҳмудов дар мақолаи худ  зикр намудааст, то ҳол аз осори Аҳмад Махдуми Дониш китобҳои насрӣ, амсоли «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тама...

«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — дар ин мавзӯъ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ машварат доир мегардад
20 фев

«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — таҳти чунин унвон пагоҳ, 21 феврал, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  аз ташкилкунанагони асосии он ба шумор меравад. Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, машварат ба Рӯзи байналмилалии забони...

Пандномаҳои Ҳусайни Ҳоҷимурод бо номи “Ҳазору як таманно”
19 фев

 “Ҳазору як таманно” дарбаргирандаи пандномаи шоир Хурсанди Ҳоҷимурод аст, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии як инсонро дар бар мегирад ва хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Хурсанди Ҳоҷимурод 14 январи соли 1958 дар деҳаи Чўянгарони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчӣ чашм ба оламии ҳастӣ кушодааст.     Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1980 ба ихтисоси муҳандиси сохтмони гражданӣ ва саноат хатм...

Ғоиб Сафарзода – шоири ватанпарвар ва истиқлолхоҳ
19 фев

Агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, имсол 80-умин солгарди умрашро ҷашм мегирифт. Дардеву дареғо, ки дар як садама дар синни 32-слагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Рафт, дар лаб шеъри ногуфта ва шояд садҳо мақолаҳои хуби хонданӣ нонавишта. Чун он замон рӯзноманигорӣ мекард ва даҳҳо мақолаҳои хубаш дар саҳифаҳои “Тоҷикистони саветӣ” чоп шуда буданд. Вале ӯро чун шоир мешинохтанд. Шеъраш имрӯз ҳам хонданист, чун шоире буд ҷӯянда, навгӯ.  Ғоиб Сафарзода дар қарияи Муллоҷони ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб аз хонадони к...

Таҳқиқи пурарзиш дар библиографишиносии миллӣ
19 фев

Дар дебочаи китоб омадааст, ки муаллифон зимни таҳияи ин асар бештар аз осори илмии олимони соҳаи библиографишиносии рус ва библиографишиносони тоҷик истифода шудааст ва ба донишҷӯёну омӯзгорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Зеро, асари мазкур ба  масъалаҳои назариявии библиографишиносӣ: аз ҷумла мафҳумҳо ва истилоҳоти бунёдии библиографишиносӣ, ки заминаи назариявӣ ва методологии силсилаҳои фанҳои библиографиро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст.  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи...

Зодрӯзи марди хираду андеша. Агар Зоҳир Аҳрорӣ зинда мебуд, дар 90 медаромад
18 фев

Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бо...