Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба омӯзгорон

Пандемияи COVID-19 пайдоиш, хатар ва пешгирии он
8 окт

 Микробҳо ва вирусҳо гуногун мешаванд ва доштани маълумоти умумӣ аз табиат, пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳо, муддати инкубатсионӣ ва мутатсияи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар нигоштаи мазкур оиди хосиятҳои болозикршудаи COVID-19 сухан меравад.   Мо дар бораи оилаи вирусҳое, ки ба эпидемияи гузаранда ва марговар масъуланд, чӣ медонем? «COVID-19»: чаро 19?   Пас аз муайян кардани CoV-2019 дар аввал ин коронавируси нав SARS-CoV-2 ном дошт (SARS–Severe Acute Respiratory Syndrome - "Си...

Забони мо - муаррифгару мушкилкушои мо
6 окт

Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад,  ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи  навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи мода...

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
2 окт

ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ!  Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон     Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!   Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.   Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи...

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ПАЙДОИШИ КАЛАМ
2 окт

ПАЙДОИШИ  ҚАЛАМ Қалам ҳамкору ҳамзамони осори тасвирию хаттӣ аст. Вай дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку ҳома низ маълум мебошад. Одамони қадим барои тасвиру навишт воситаҳои гуногунро истифода кардаанд ва пас аз най қалам тарошидаанд. Ковокии миёни най ангишт, қурғошим, графит (маъдани сиёҳ) ва ранги хушк мерехтанд.             Пайдоиши  найқалам ва баъзе хелҳои дигари қалам ба замонҳои хеле қадим мансубанд. Найқалам қариб се ҳазор со...

30 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад
30 сен

Имрӯз дар Тоҷикистон расман Рӯзи ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Дар қаламрави шеъри форсӣ шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот  ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии  фалсафаву ҳикмат ва  масоили бисёри дигар бо Мавлавӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вижагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан  “Маснавӣ”-и  Мавла...

22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад
21 сен

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда...

АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ – ОШИҚИ ВАТАН ВА МИЛЛАТ. Чунин нигоштааст профессор Равшан Раҳмонӣ хотироташро бахшида ба 100-солагии ин олими номвар
25 авг

«Устоди гиромиқадр Муҳаммад Осимӣ марди чеҳракушоду фозил, донишманду оқил, дилҷўю одил буданд. Устодро дар ҳар ҷо – дар донишгоҳ, фарҳангистон, ҳамоиш, кўча, ҳатто аз тариқи телевизион, ҳар гоҳе ки лаҳзае дида ба дидор расида бошад, фақат бо хушсуханӣ, меҳрубонӣ ва дилҷўӣ дидаам. Бо ҳама бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Бо ин донишманди хушбархўрду шарифу зариф дидорҳое доштам, ки хотирмон буданд…». Чунин нигоштааст зимни баёни хотираҳои худ аз мулоқотҳо бо  академик  Осимӣ  профессор Равшан РАҲМОНӢ. ...

Вақте рисолат бо масъулият тавъам аст...
17 авг

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Рӯйдоди мазкур пураҳамият ва идомаи мантиқии дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ба ин соҳаи муҳим маҳсуб шуда, масъулияти роҳбарият ва корманд...

Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт
13 авг

Адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ имрӯз дар синни 75-солагӣ  бинобар беморӣ аз олам даргузашт. Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад. Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили ...

ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
5 авг

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст.  ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   1. Муқаррароти умумӣ 1.1. Тартиби баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва ...