Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

5 августа 2020 10:08

Количество просмотров: 14943

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст. 

ТАРТИБИ
ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Тартиби баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори тавсиявии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳия гардидааст.
1.2. Мақсади таҳияи Тартиб омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи маориф мебошад.
1.3. Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдори соҳаи маориф муқаррар карда мешавад. 
1.4. Омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида то оғози соли таҳсил аз муоинаи тиббӣ гузашта, дафтарчаи тиббӣ-санитариро ба маъмурияти муассисаҳои таълимӣ  пешниҳод менамоянд.
 
2. Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил
 
2.1. Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз давраи ба охир расидани соли таҳсили 2019-2020 то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.
2.2. Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои падару модарон ва АВО, сарпарастон, соҳибкорон ва шахсони саховатманд муассисаро таъмир намуда, ба соли нави таҳсил омода менамоянд.
2.3. Бинои муассисаҳои таълимӣ бо шиорҳои тарғибкунандаи илму маориф, донишандӯзӣ, китоб, омӯзгор аз ашъори бузургон ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода мешаванд.
2.4. Сарбории таълимии омӯзгорон барои соли таҳсили 2020-2021 тибқи нақшаи таълимӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардидааст, муайян карда мешавад.
2.5. Барои соли таҳсили 2020-2021 ҷадвали муваққатии дарсҳо таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2.6. Кӯдакони 7-сола (онҳое, ки аз ибтидои соли таҳсил ба синфи 1 мераванд) бо риояи талаботи тавсиявии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ба омодагии пеш аз мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 17.07. то 31.07.2020 бо риояи талаботи тавсиявӣ оид ба вазъи эпидимекӣ фаро гирифта мешаванд.
2.7. Китобдорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи дархост муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ таъмин менамоянд.
 
3. Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
 
3.1. Дарси аввал дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Дарси сулҳ гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
3.2. Дар муассисаҳои таълимӣ барои тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  шароит муҳайё карда мешавад.
3.3. Тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
4. Раванди таҳсил
 
4.1. Таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз гардида, бо назардошти риояи тадбирҳои безараргардонӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
4.2. Ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби навбатдор ва ё шахси масъул ҳарорати хонандагон санҷида шуда,  маҳлули безараргардонии дастон истифода мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани таби баланд аз ҷониби корманди тибби муассиса, роҳбари синф ва ё маъмурият падару модари хонанда даъват ва тадбирандешӣ карда мешавад. 
4.3. Дар байни ҳар басти таълимӣ синфхона, роҳрав ва ҳоҷатхонаҳо бо маҳлулҳои хлор ва безараргардонӣ коркард карда мешавад.

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст.
 

ТАВСИЯҲОИ УМУМӢ 
БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВОБАСТА БА ВАЗЪИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС (COVID-19) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Омодагиҳо ба соли таҳсили 2020-2021 дар ҳамаи зинаи таҳсилот
 
1.1. Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо (на камтар аз ду адад барои нуқтаи тиббии ҳар мактаб);
1.2. Безараргардонидани атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, таҷҳизот (мизу курсӣ, ҷевон ва дигар ҷойҳои ба хонанда дастрас), роҳравҳо, ошхона ва дигар ҷойҳои истифодаи доимии хонандагону омӯзгорон;
1.3. Аз ҳисоби омӯзгорон, падару модарон, кормандони соҳаи тандурустӣ таъсиси додани шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди муассисаи таълимӣ оид ба таъмини меъёрҳои бехатарӣ, вазъи эпидемикӣ, пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19;
1.4. Корбарӣ намудан бо омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷомеа, падару модарон (шахсони ҳуқуқии кӯдак), калонсолон ва хонандагон ҳангоми рафту омад ба муассисаи таълимӣ ва пӯшидани  ниқоб;
1.5. Ҳамкорӣ ва огоҳ намудани падару модарони хонандагон ҷиҳати таъмини ниқобҳои бисёркарата ба фарзандон;
1.6. Муайян ва аз дигарон ҷудо кардани хонандагон ва кормандоне, ки аломатҳои беморӣ доранд (таби баланд, сулфа, душвории нафаскашӣ) ва хабар додан дар бораи ин гуна ҳолатҳо ба муассисаҳои тиббӣ;
1.7. Доштани иртиботи доимӣ бо хонандагон ва кормандоне, ки дар хона маҳдуд шудаанд ва ё ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд;
1.8. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурӣ ба хонандагон ва кормандоне,ки  аз сабаби вазъи бади саломатӣ дар хона боқӣ монданд;
1.9. Ташкил намудани бозгашти бехатар ба мактаб барои хонандагон ва кормандоне, ки аз COVID-19 сироятёфтаанд;
 
2. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ
 
2.1. Қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад;
2.2. Ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад;
2.3. Кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд;
2.4. Гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шавад;
2.5. Машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шавад;
2.6. Падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад. 
 
3. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
 
3.1. Бо мақсади риояи масофа байни хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ ба андозаи 1,5-2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шавад;
3.2. Дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ кормандони тиб ва омӯзгорон мунтазам вазъи саломатии хонандагонро муоина намоянд;
3.3. Хонандагон бояд дар машғулиятҳои таълимӣ ҳатман ба ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули безараргардонӣ (антисептикӣ) иштирок намоянд;
3.4. Ҷиҳати пешгирии беморӣ воридшавӣ ва баромадани хонандагон аз даромадгоҳи алоҳида ба роҳ монда шуда, зинапояҳои бино ва баромадгоҳҳои эҳтиётӣ дар ҳолати истифодабарӣ қарор дода шавад;
3.5. Машғулиятҳои таълимӣ бо назардошти имконияти маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ новобаста  аз шакли моликият ва тобеият тибқи муқаррарот ташкил карда шавад;
3.6. Машғулиятҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо дар синфхонаҳо, бе назардошти кабинети фаннӣ ба роҳ монда шавад;
3.7. Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида шавад. 
3.8. Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат духтани ниқобҳои  муҳофизатӣ ба роҳ монда шавад;
3.9. Дар раванди таълим омӯзгорон бояд аз хонандагон то 2 метр фосила гиранд;
3.10. Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад;
3.11. Дару тирезаҳои синфхонаи таълимӣ новобаста ба вазъи обу ҳаво бо мақсади таъмин намудани ҳавои тоза ва  шамолдиҳии синфхона мунтазам кушода шавад;
3.12. Дар давоми рӯз ва дар байни бастҳо ҷойҳое, ки рафту омади хонандагон зиёд аст, аз қабили ошхонаи мактаб, ҷойҳои дастшӯӣ, ҳоҷатхонаи мактаб мунтазам безарар гардонда ва тоза нигоҳ дошта шавад; 
3.13. Шустани даст ба хонандагон мунтазам таъкид карад шавад;
3.14. Мавҷудияти собун, маҳлули дезинфексионӣ пеш аз оғози дарс ва басти навбатии мактаб зери назорат гирифта шавад;
3.15. Маҳдуд намудани ташрифҳои нолозим ба бинои таълимӣ ва ҳангоми зарурат ворид шудани шахси масъул бо ниқоб;
3.16. То ҳадди имкон маҳдуд намудани тамоси байни хонандагон тавассути ба низом даровардани ҷадвали дарсҳо ва вақти танаффус (масалан, 5 дақиқа пештар ҷавоб додани хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз дарс; бо навбат ба танаффус ҷавоб додани хонандагон);
3.17. Дар ҳамаи ҳолатҳои имконпазир кам кардани шумораи хонандагон дар синфҳо (баробар ҷудо намудани хонандагони синф ба зергурӯҳҳо);
3.18. Ҷо ба ҷо гузоштани ҷои нишасти хонандагон бо риояи фосилаи на камтар аз 1 метр (масалан, ба тартиби шоҳмот гузоштани курсиҳо);
3.19. То ҳадди имкон маҳдуд кардани ҷамъшавии хонандагон ва омӯзгорон дар синфхона ва берун аз он.
3.20. Баррасӣ намудани имконияти ташкили долонҳои яксамта барои маҳдуд сохтани тамоси наздик (Масалан, ранги сабз барои яктараф ва ранги сурх барои нагузаштан ба роҳрави самти муқобил);
3.21. Барои муайян намудани хатсайрҳои яксамта дар фаршҳо ё девори муассиса (роҳравҳо) гузоштани аломатҳои муайянкунанда;
3.22. Гузоштани аломатҳои шартӣ ба самти ҳаракати хонандагон, омӯзгорон ва дигар шахсони ташрифоваранда;
3.23. Барои истифода аз ошхонаи муассиса дар вақти муайян хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим карда шаванд, то бо навбат аз ошхона истифода намоянд; 
3.24. Дар ҳолати будани имконият хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо риояи талабот дар синфхонаи таълимии худ  ғизо истеъмол намоянд;
3.25. Бо мақсади кам намудани теъдоди хонандагон дар ошхона вақти хӯрокхӯрии хонандагон ба танзим дароварда шавад;
3.26. Ташкил ва истифода аз ҷойҳои иловагӣ ва фазои кушод барои хӯроки нисфирӯзии кормандон ва хонандагон ва донишҷӯён;
 
4. Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъдидпломӣ
 
4.1. Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда шавад (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омузгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст);
4.2. Вобаста ба имконот ва мавҷудияти пойгоҳи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғулиятҳои таълимӣ то 3 баст роҳандозӣ карда шавад;
4.3. Бо мақсади бештар фаро гирифтани донишҷӯён аз синфхонаҳои иловагӣ ва ёрирасон (толорҳои хониш, варзишӣ, китобхона ва амсоли он) истифода бурда шавад;
4.4.  Ҳангоми ба роҳ мондани раванди таълим фосилаи иҷтимоӣ дар синфхона ҳатман риоя карда шавад;
4.5. Бо назардошти ҳолати ба амаломада азхудкунии ҳаҷми дарсҳои аудитории мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омузгор тавассути омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён пурзӯр карда шавад;
4.6. Раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси Стандарту барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад. 
 
Тавзеҳот:
 
-маъмурияти муассисаи таълимӣ метавонад ошхона ва буфети муассисаро то ба эътидол омадани вазъияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз фаъолият  боздорад; 
-фурӯши ҳамагуна маводи хӯрока ва нӯшокиҳо дар дохили муассисаи таълимӣ қатиян манъ карда шавад;
-хонандагон метавонанд бо худ оби ҷӯшомадаро аз хона биёранд;
-маъмурияти муасисаи таълимӣ метавонад дар ҳолатҳои алоҳидаи хоси маҳал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори далатӣ  барои пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои  сироятӣ чораҳои иловагӣ андешад;
-масъулини муассисаи таълимӣ бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷудаи муассиса то ҳадди ақал бехатарии хонандагону омӯзгорон ва кормандон таъмин намоянд.  
  
ВАҚТИ БАРГУЗОРИИ ДАРС ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ЗИНАИ УМУМӢ
 
Тавсияи 1 (тибқи муқаррарот ва стандарти ҷорӣ)
 
Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум  35 дақиқа барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. 
Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда соати 17:55 дар бар мегирад.
 
 
Тавсияи 2 ( ҷиҳати ба роҳ мондани дарс 50 дақиқа)
 
Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз шуда, соати 10:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 11:10 оғоз гардида, соати 14:05 ба анҷом мерасад. Басти сеюм соати 14:20 оғоз гардида, соати 17:15 ба анҷом мерасад.
 
 
Тавсияи 3  ( ҷиҳати ба роҳ мондани дарс 60 дақиқа)
 
 
Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз шуда, соати 11:25 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 11:35 оғоз гардида, соати 15:00 ба анҷом мерасад. Басти сеюм соати 15:10 оғоз гардида, соати 18:35 ба анҷом мерасад.

 


Тавзеҳот 
ба амалӣ намудани нақшаи таълимӣ 
дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз гардида, 14 июни соли 2021 ба охир мерасад.
Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар 3 баст ташкил карда мешавад. Дар басти якум синфҳои 1, 9, 10 ва 11, дар  бастҳои дуюм ва сеюм синфҳо вобаста ба шароити ҳар муассиса ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Соли таҳсил ба 2 нимсола ҷудо гардида, таътилҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо бо назардошти дар ду гурӯҳ ва дар як соати дарсӣ омӯхтани ду фанни таълимӣ (25 дақиқа дар зергурӯҳи якум як фанни таълимӣ, ҳамзамон дар зергурӯҳи дуюм фанни дигари таълимӣ) ташкил гардида, бо анҷоми вақти муқарраршуда омӯзгорон дар зергурӯҳҳо иваз мешаванд.
Дар як соати дарсӣ 2 фанни таълимӣ 25 дақиқа аз як фан дар зергурӯҳи якум ва 25 дақиқа аз фанни дигар дар зергурӯҳи дуюм таълим дода шуда, аз он 2 дақиқа ба қисми ташкилии дарс, 15 дақиқа барои баёни мавзӯи нав 5 дақиқа барои мустаҳкамкунӣ ва 3 дақиқа барои супориши вазифаи хонагӣ ва шарҳи он ҷудо карда мешавад.
Муассисаи таълимӣ  реҷаи мазкурро қатъиян риоя намуда, вобаста ба шароит ва таъминоти кадрӣ ҷадвали дарсҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Вобаста ба вазъияти баамаломада дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар басти якум аз соати 8-00 то 10-55, басти дуюм аз соати 11-10 то 14-05 ва басти сеюм аз соати 14-20 то 17-15 ташкил карда мешавад. Дар байни соатҳои таълимӣ 5 дақиқа ва дар байни бастҳо 15 дақиқа танаффус муқаррар карда мешавад.
Масъулини муассисаҳои таълимӣ дар байни бастҳо дар синфхонаҳо корҳои безараргардониро ҳатмӣ ба роҳ монанд. 
Синфҳои ибтидоӣ ба зергурӯҳҳо ҷудо гардида, бо назардошти аз ҷониби як омӯзгор бурда шудани дарсҳо бо навбат бо таъмин намудани фосилаи иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки ғунҷоиши хонандагон ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ мувофиқат мекунанд (муассисаҳои таълимии камнуфус, хусусӣ, литсей ва гимназияҳо), дарсҳо тибқи муқаррарот ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳолати зарурат дарсҳо тавассути платформаи Мактаб-мобайл, барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии Онлайн ва Офлайн ва дарсҳои радиову телевизионӣ дар чорякҳои якум ва дуюм ба роҳ монда мешавад.