Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

21 сентября 2020 03:09

Количество просмотров: 14899

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.
Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст.  Дар ин рӯз   дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу  нимпайкараҳои Абӯабдулло  Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона  ва маҳфили шеърхонӣ,   дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.

Номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва Одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.

Халқи мо бо ин абармарди олами адаб мефахрад ва номи неки ӯро пос медорад. Устод Рӯдакӣ чеҳраи маҳбубу мақбул барои аҳли адаб ва умуман, барои тамоми халқи тоҷик аст. Бар асари меҳру муҳаббат аст, ки дар бораи ин шоири беназир суханони зиёди пурситоиш гуфта шудаанд. Рӯдакишиносӣ имрӯз ба як шохаи бавусъати адабиётшиносии тоҷик табдил ёфтаасту мақолаву рисолаҳои фаровонеро дар бар мегирад. Олимону муҳаққиқони зиёде дар бораи устод Рӯдакӣ ва ҳаёту эҷодиёти ӯ китобҳо навиштаанд ва рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Гуфтаҳои аҳли адаб, дӯстдорони адабиёт ва ашхоси дигар дар мадҳу тавсифи устод Рӯдакӣ саршор аз меҳру муҳаббатанд ва далели равшани эътиқоду эҳтиром ва ифтихори ҳамагон ба шоири маҳбуби миллат мебошанд. Истифодаи ин гуфтаҳо дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик, забони олмонӣ ва дар дарсҳои тарбиявӣ хеле муфид ва муассиру ибратангез хоҳад буд. 

Сардафтари адабиёти навини тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ ба осору омоли устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус доштаасту дар навиштаҳои худ борҳо руҷӯъ ба эҷодиёти ин шоири барҷаста кардааст. Рисолаи устод Айнӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ» сухани тозае дар Рӯдакишиносӣ буда, дар бораи Одамушшуаро маълумоти ҷолиб ва нав пешниҳод мекунад. Дар ин рисолаи пурмазмун, аз ҷумла, омадааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр сода ва табиист ва бар болои ин, бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Мо дар шеърҳои ӯ… тумтароқиҳои шоирони дигарро намебинем, аммо аз хондани онҳо чунон лаззат мебарем, ки бо хондани бисёр шеърҳои шоирони машҳури дигар ин лаззат кам муяссар мешавад. Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд». Дар мавриди дигар устод Айнӣ оид ба хусусиятҳои умдатарини шеъри Одамушшуаро мулоҳиза ронда, зимнан иброз медорад: «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр сода ва ҳамафаҳм аст, ӯ калимаҳои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханҳои форсӣ-тоҷикӣ ҳам бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро чида гирифта, ба кор мебарад». Воқеан ҳам, ашъори устод Рӯдакӣ равону самимист ва андешаро ба таҳрик меораду зуд ба дилҳо мерасад ва ба хотирҳо нақш мебандад.

Донишманди мумтози тоҷик, адабиётшиноси варзида Абдулғанӣ Мирзоев яке аз муҳаққиқони муваффақи ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маҳсуб меёбад ва китоб – монографияи машҳури ӯ «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» яке аз таҳқиқотҳои асосӣ оид ба қофиласолори адабиёти тоҷик мебошад. Ин олими номвар дар ситоиши султони шоирон, аз ҷумла, овардааст: «Умуман, мақоми Рӯдакӣ дар таърихи назми тоҷик аз ҷиҳати азамати худ бемонанд аст. Рӯдакӣ нафақат шаклҳо ва навъҳои назмро такмил дод, балки дар тамоми қисматҳои назми асри худ намунаҳои беҳтарини аввалин сабки шеърӣ – сабки туркистониро эҷод намуда, онҳоро аз ҷиҳати талаботи ғоявӣ ва бадеӣ ниҳоятдараҷа баланд бардошт».

Соли 2008    бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рўдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.