Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба омӯзгорон

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апр

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ПЕШВО"
14 апр

Имрӯз бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ғайратзода Л.Д. – директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пешво” Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд. Тибқи рӯзномаи Маҷлиси ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Пешво” давоми семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Ҳамчунин Исмоилзода Б.М. бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ваз...

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ҷамъбаст шуд
8 апр

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар он аз чор ноҳияи пойтахт сенафарӣ иштирок намуданд, ки чор нафари онҳо омӯзгори Литсейи Президентӣ Ҳушанг Собиров, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душ...

Баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе
6 апр

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621 “Дар бораи Низомномаи озмуни “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” 6 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври дуюми (шаҳрии) озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар даври дуюми озмун 12 нафар омӯзгорон аз муассисаҳо...

Бекназарова Мадина Давлатёровна бо нишони фахрии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сазовор шуданд.
30 мар

Омӯзгори синфҳои ибтидоии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бекназарова Мадина Давлатёровна барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони фахрии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сазовор шуданд. Ҷомеаи меҳнатии Литсейи Президентӣ муаллимаи азизро барои сазовар шудан бо ин нишони фахрӣ самимона муборакбод намуда, дар фаъолиятҳои минбаъдаашон пешрафту бурдбориҳо таманно карданд.

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 мар

Санаи 17 марти соли 2021 дар муассисаи таълимӣ бо иштироки Холова Зарина-намояндаи Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мадаминова Истода ва Назарова Ҷамила намояндагон аз Маркази саломатии шаҳрии рақами 2 ва омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.

Ярмаркаи фурӯши китоб дар Литсейи Президентӣ
23 фев

Имрӯз дар шаҳри Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  «Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти китоб» ярмарка-фурӯши китоб доир гардид Ярмаркаи фурӯши китоб бо мақсади ҷалби кормандону хонандагон ба хондани китоб, баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, эҳтиром нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо, омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гузаронида шуда, зимни ифтитоҳи он Роҳбарияти Муасиссаи та...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
22 фев

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии ...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021
22 фев

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНБа ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва вар...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021
22 фев

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон в...