Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе

6 апреля 2021 01:04

Количество просмотров: 10009

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621 “Дар бораи Низомномаи озмуни “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” 6 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври дуюми (шаҳрии) озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар даври дуюми озмун 12 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун аз рӯйи 8 шарт:
-барои навоварӣ, таҷрибаи педагогӣ ва нашри мақолаҳои илмию методӣ;
-барои ҳар патенти ихтироот ё модели муфид, ки дар якҷоягӣ бо хонандагон аз рӯи равия татбиқ шудааст;
- барои донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, донишҳои соҳавӣ ва сатҳи забондонӣ (амалӣ);
-дастур ва китобҳои дарсии нашршуда;
-барои маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
-барои омода намудани хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ (аз рӯи равия ва ишғоли ҷои ифтихорӣ);
-барои омода намудани хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ (аз рӯи равия ва ишғоли ҷои ифтихорӣ);
-иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ байни худ рақобат намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва шаффофияти баргузории даври дуюми озмун дар баробари кормандони масъули Сарраёсати маориф, инчунин мутахассисон аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд.

Собиров Ҳушанг Мардонович омӯзгори фанни химияи Литсейи Президентӣ дар даври дуюми (шаҳрии) озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе иштироки фаъолона намуда бо гирифтани 254 хол ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

169848268_311124660356776_3185423756601668095_n.jpg