Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ…

31 марта 2020 02:03

Количество просмотров: 25336

Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон»  ва «Баҳористон»  гардидааст.

 Ин асарҳои нодирро бузургон барои насиҳати аҳли башар  навиштаанд ва то замоне оламу одам ҳаст, мазмун ва мўҳтавои онҳо кўҳна нагардида, барои сохтани ҷомеаи солим ва тарбияи комили насли инсон хидмат мекунанд.

Бузургон фармудаанд, ки фарзанд дарахти умри инсон аст. Маълум аст, ки ҳар дарахт дар ибтидо навниҳол буда,  баъдан бо талошу заҳмати боғбон бузург мешавад ва пурбор мегардад.

Ҳамчунин ҳар фарзанд ҳам дар ибтидо тифлу навҷавон аст ва баъд бузургу солор мешавад.

Дарахт дар кадом вақт метавонад пурсамар шавад ва меваи ширин диҳад? Дар он вақте ки боғбони донишманду дилсўз дошта бошад, ва он боғбон сараввал барои дарахт замини хушхоку ҳосилхезро муҳайё намояд. Мову Шумо хуб медонем, ки дар бўстон чӣ мерўяду дар биёбон чӣ. Он чӣ ки дар бўстон мерўяд, ҳама гулу райҳон аст ва ҳар чи дар биёбон мерўяд, хасу хор аст.

Замини шўра сунбул барнаёрад,

Дар ў тухму амал зоеъ магардон.

Аз ин суханон  бармеояд, ки модар барои фарзанд ҳукми заминро дорад. Падаронро зарур аст, барои фарзандони худ модари хубруйю фармонбардорро интихоб намоянд.Зеро нақши модар дар сарнавишти фарзанд хеле муассир аст.

Донишмандон аз чор се ҳиссаи тарбияти фарзандро марбут ба фаъолияти модар медонанд. Ҳамчунон ки шоир фармудааст:

                Дар мактаби муаллиму омўзгор нест,

               Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Ба маврид аст, ки ақидаи донишманди оламшумул Ҳербертро барои тақвияти ин гуфтаҳо биёварем:

«Модар тамоми башариятро тарбият мекунад. Модари хуб аз сад устоду омўзгор бартарӣ дорад».

Комилан дуруст аст . Модар тамоми насли башариятро тарбия мекунад. Ва нахуст устоди фарзанд модар аст ва сирати модар дар фарзандонаш такрор меёбад.

                Фарзанд ҳар он чӣ дорад, зи оғўши модар аст,

                Гар зишт бошаду ва агар некахтар аст.

                Хўе,  ки дар нахуст касеро ба сар нишаст,

                Ҳамвора ўро то ба дами марг бар сар аст.

Модари хушаахлоқ барои фарзанд дунёи маънавӣ аст. Дар хонадони модару падари хушаклоқ ба ҷомеъа дар симои фарзанд гулдастаҳои рағувонӣ тақдим мешавад, ки аз буйи хушу муаттарашон табъи оламиён хуш мегардад.

Бояд ёдовар шавем,ки барои хубу беолоиш ба воя расонидани дарахт деҳқонро зарур аст дарахташро аз гармову сармо муҳофизат намояд. Ин назири онро дорад, ки ҳамеша барои бегазанду беолоиш тарбия ёфтани фарзандон падару модарро зарур аст, ки  ба кӣ рафиқу дўст будани  фарзандонашонро назора кунанд ва онхро нагузоранд бо инсонҳои бадкору пасфитрат рафиқу дўст шаванд.

Чунон, ки Саъдии Шерозӣ фармудаанд.

                      

                      Нигаҳ дор з-омўзгори бадаш,

                      Ки бадбахту бераҳм кунад чун худаш.

                      Писари Нўҳ бо бадон биншаст,

                      Хонадони нубувваташ гум шуд.

                      Саги асҳоби Каҳф рўзе чанд,

                      Пайи некон гирифту мардум шуд.    

Зеро яке аз сабабҳои нобиға гардидан  шахс дар байни башарият касб кардани ахлоқи ҳамида ва тарк кардани ҷурму маъсият мебошад.

Барои исботи ин фикрам тамсили хело зеборо далел меоварам.

Бузургон исбот намудаанд, ки дили инсон ба монанди зарфи шаффоф буда, илму донши мисли шир поку соф аст. Агар мо ширро дар зарфи ношуставу наҷосаддор биандозем,  тамъаш гум шуда, ганда мегардад.

Агар қалби инсонӣ бо сифоти разилаи ҳайвонӣ мунташир шуда, бошад  вақте мо илмро дар он дохил менамоем, теғе ба дасти роҳзан додан мешавад.

Ин нуктаро Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хуб овардаанд.

                                 Беадабро илму фан омўхтан,                                

                                 Додани теғ аст ба дасти роҳзан.

                                 Илму молу мансабу ҷоҳу Қурон,

                                Фитна омад бар кафи бадгавҳарон.      

Бузургон фармудаанд, ки агар дили инсонӣ бо сифоти малакутӣ музайяну ороста бошад, ҳамаи узвҳои инсон итоат аз ў мекунанд. Аммо агар дил фосид шуд, ҳамаиузвҳои  инсон фосид мешавад, зеро он чӣ дар дил аст, осори он дар ҷасад зоҳир мегардад.

Дар ин ҷо маълум шуд, ки маскани илму дониш қалби поки инсон аст.

Аз ин маълум мегардад, ки бузургони мо барои нобиғаи олам шудан  сараввал қалби худро аз сифоти разилаи ҳайвонӣ ва ҷурму маъсият пок месохтаанд. Барои исботи ин сухан далел аз забони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ меоварам.

                       Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

                       Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.

                       Покиза шаву рост бизӣ, илм омўз,

                       То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Дар охир такид менамоям, ки барои ба ҳадафи оли расидани инсон барои ў пеш аз илм ҳилм зарур аст. Одоб амалест илм аз одоб хон.

Дар охир аз забони  Мавлонои Балхӣ мегуям .

                   Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,

                   Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Ҷалолиддин Нурзода,

Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон