2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Аминҷон Абдуҷалилзода хонандаи синфи 10-уми МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як қатор варзишгарони дигари ҷумҳурӣ дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки 7-8 апрел дар Алмаато баргузор шуд, дар вазни (-73кг) сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҷомеаи меҳнатии литсей бо чунин шогирдон ифтихор дорад ва ба Аминҷон дар оянда муваффақият хоҳонем.
Дастаҳои беш аз 20 давлати дунё дар 57-умин Олимпиадаи байналхалқии мактабиён ба номи Менделеев аз фанни химия (ММО-57) иштирок хоҳанд кард. Ин чорабинӣ аз 1 то 6 май дар Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ хабар доданд. Пас аз маҳдудиятҳои ковидӣ олимпиада дар соли 2023 бори дуюм аст, ки дар шакли фосилавӣ нею чорбарӯ мегузарад, хабар дод раиси кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур, муовини президенти АИР ва декани факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Л...
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар толори фарҳангии “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ол...
Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Зимни он 219 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор шудаанд, қадрдонӣ гардид. Дар ин хусус сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод. Дар он ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи дас...
Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз! Имрӯзҳо ба кишвари зебоманзари Тоҷикистони азизамон Наврӯзи аҷам, бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик ва соли нави аҷдодӣ қадам ранҷа карда истодааст. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрику муборакбод намуда, саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ ва борони файзи баракат таманно дорам. Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шу...
Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки васеи кормандону меҳмонон ва хонандагони муассиса таҷлил карда шуд. Кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукуҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз на...
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №127 АЗ 10.03.2023 Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ,...
Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даври аввали озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» идома дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ наму...
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафои баҳорӣ ва гармиву бедории табиат ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони азизу арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама саломатии қавӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар ягона олиҳаест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму ...
Аз 20 то 26 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад. Дарс дар мактабҳои мамлакат 27 март оғоз мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, таътили баҳории хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро бо сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар ...