Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе байни хонандагони пойтахт озмун ҷараён дорад

14 марта 2023 03:03

Количество просмотров: 8146

Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе  даври аввали озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» идома  дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ  роҳандозӣ гардидааст.

«Мақсад аз он ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад», — гуфт Асомиддин Бобозода.

Тибқи низомнома, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯи шартҳои «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон); «Эссе» (бо се забон); «Қироати шеър» (бо се забон); «Имло» (имлои дурусти калима дар матн); «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ) гузаронида мешавад.

Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад:

— даври якум – моҳҳои январ –феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо;

— даври дуюм – моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум;

-даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – ҳафтаи аввали моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм.

Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номинатсия то 3 ғолиб (ҷойи якум -1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда мешавад.