Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

219 ғолиби олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд

3 апреля 2023 08:04

Количество просмотров: 1883

Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Зимни он 219 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор шудаанд, қадрдонӣ гардид. Дар ин хусус сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар он ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва «Spelling bee» ва олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 8 номинатсия қадрдонӣ карда шуд.

Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон нишон дод, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 499 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 189 ҷойи ифтихорӣ мақоми дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 157 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи Шоҳмансур бо 134 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.

Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ гардида, дар пойтахт мунтазам ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ёфта, шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.

Танҳо ҳамин сол дар пойтахт 8 намуд олимпиадаи гуногуни фаннӣ ва зеҳнӣ бо ҷалби зиёда аз 5000 хонандаи синфҳои 5-11 баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда аз солҳои қаблӣ ба маротиб бештар аст. Дар ин сабқатҳо аз чор ноҳияи пойтахт 5356 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 980 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид, ки 183 нафар хонандаи синфҳои 11 мебошад.

Манбаъ:https://khovar.tj/2023/04/219-olibi-olimpiada-oi-fannii-muassisa-oi-talimii-sha-ri-dushanbe-adrdon-k...