Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҷойи якум Литсей-интернати Президентӣ дар даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2023

3 апреля 2023 08:04

Количество просмотров: 9664

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар толори фарҳангии “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, олимпиада оид ба “Шоҳмот”, олимпиадаи даставии “Истеъдод” ва “Spelling bee”   баргузор гардид.
Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур  ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ гардида, то рафт дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва  шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст. Ин аст, ки хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ҷамъбаст бо гирифтани 83 ҷойи ифтихорӣ дар байни литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дар ҷойи аввал қарор гирифт. 
Ин муваффақиятро ба сарпарасти муассиса муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, омӯзгорону хонандагон ва волидон таҳният мегӯем. 
    Ба сарпарасти муассиса муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё намудани шароита арзанда,  ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Баҳром Мансур барои ташкилу натиҷагирӣ намудан, ба устодону хонандагон барои заҳматҳои бесобиқаашон ва ба падару модари хонандагон барои ҳамкориашон  аз номи маъмурияти муассиса самимона изҳори  сипос баён менамоем.