Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар Олимпиадаи Менделеев барои мактаббачагон аз химия беш аз 20 кишвар ширкат мекунанд

12 апреля 2023 10:04

Количество просмотров: 1255

Дастаҳои беш аз 20 давлати дунё дар 57-умин Олимпиадаи байналхалқии мактабиён ба номи Менделеев аз фанни химия (ММО-57) иштирок хоҳанд кард. Ин чорабинӣ аз 1 то 6 май дар Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ хабар доданд.

Пас аз маҳдудиятҳои ковидӣ олимпиада дар соли 2023 бори дуюм аст, ки дар шакли фосилавӣ нею чорбарӯ мегузарад, хабар дод раиси кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур, муовини президенти АИР ва декани факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов Степан Калмиков.

“Имсол теъдоди аризаҳо аз кишварҳо-иштирокчиҳо якбора ба 30% афзудааст. Ва мо дар оянда ба боз ҳам зиёд шудани теъдоди иштирокдорон ва бо ҳамин васила - расидан ба ҳадафҳоямон дар Даҳсолаи илм ва технологияҳо умеда дорем,”- афзуд манбаъ.


Иштирокашонро дар олимпиадаи ба номи Менделеев аллакай дастаҳо аз беш аз 20 давлати ҷаҳон тасдиқ намуданд.

Дар олимпиадаи байналхалқӣ оид ба химия, чун анъана, дастаҳои якачини Австрия, Озарбойҷон, Арманистон ,Беларус, Булғория, Венгрия, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Мақдуния, Муғулистон, Аморати муттаҳидаи Араб, Русия, Арабистони Саудӣ, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Узбекистон, Хорватия ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.

Бори аввал аз номи дастаи Бразилия ариза барои иштирок ворид гардид.
Ба гуфтаи раҳбари маркази илмӣ-истеҳсолии "Дарин" –и вазорати маорифи Қазоқистон Гаҷембек Турсунов, солҳои 2002, 2012 ва 2017 олимпиадаи ба номи Менделеев дар ин кишвар гузаронида шуда буд, ки ин шаҳодати доштани имкониятҳои баланд барои гузаронидани чунин як сабқати ҷиддии байналхалқӣ мебошад."Имсол чорабиниҳои асосӣ дар шаҳри Остона - дар ташхисгоҳ ва синфхонаҳои донишгоҳи ба номи Назарбоев мегузаранд. Таҷҳизоти техникии донишгоҳ ҷавобгӯи ҳамаи шартҳо барои гузаронидани Олимпиада мебошанд,”-гуфт ӯ.

Олимпиадаи байналхалқии мактабиён аз фанни химия меросбари Олимпиадаи умумииттифоқии мактабиён аз фанни химия гардидааст ва аз соли 1997 инҷониб бе танаффус гузаронида мешавад. Сабқати мактабиён, одатан, 5-6 рӯз идома меёбад ва аз се давр иборат аст: ду даври назариявӣ ва як даври амалӣ.
Вазифаҳои даври аввал аз рӯи мураккабӣ ба барномаи синфҳои махсусгардонидашудаи химиявӣ мутобиқанд. Дар даври дуюм ба иштирокдорон вазифаҳои нисбатан мураккабтар аз панҷ боби химия: органикӣ, ғайриоорганическӣ, таҳлилӣ, химияи физикӣ ва ҳамчунин – аз боби илм дар бораи мавҷудоти зинда.Дар даври амалии олимпиада бо дарозои панҷ соат малакаи мактабиён дар озмоишгоҳи химиявӣ санҷида мешавад: маҳорати иҷрои таҳлили моддаҳои химиявӣ ва гузаронидани синтез бо усули додашуда.

Иштирокчиёни олимпиадаи ба номи Менделеев, чун анъана, аз ташкилкунандагон диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд мегиранд. Ғолибон ва ҷоизадорон бошанд, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва бириҷӣ мегарданд.Теъдоди ғолибон бо фоиз аз теъдоди умумии иштирокдорон ҳисоб карда мешавад.
Ғайр аз медали тилло ба ғолиби мутлақ мукофоти ба номи В.В.Лунин, ки Хазинаи Андрей Мелниченко таъсис додааст, дода мешавад. Дар соли 2022 ҳаҷми ин мукофот 2 млн рублро ташкил дод.“Ин мукофот ба хотири инсоне дода мешавад, ки Олимпиадаи байналхалқии мактабиёнро асос гузошт ва ҳамаи ҳаёташро ба илми кимиё ва таълими ин фан бахшидааст. Ин як навъ оташаки сабқат аст, ки мо ба насли ҷавони кимёгарон медиҳем. Онҳо - ояндаи моянд,”- қайд намуд зимни сӯҳбат ҳамраиси кумитаи тадорукоти Олимпиада ва директори иҷроияи Хазинаи Андрей Мелниченко Александр Чередник.

Тантанаҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии ММО-57 дар дар гурӯҳҳои расмии олимпиадаҳо дар шабакаҳо мустақиман пахш мегарданд.

Манбаъ: https://sputnik.tj/20230411/olimpiada-mendeleev-maktabbachagon-khimiy-shirkat-1056380459.html