Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз

20 марта 2023 09:03

Количество просмотров: 1852

Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо ба кишвари зебоманзари Тоҷикистони азизамон Наврӯзи аҷам, бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик ва соли нави аҷдодӣ қадам ранҷа карда истодааст. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрику муборакбод намуда, саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ ва борони файзи баракат таманно дорам.

Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Таҷлили Наврӯзи баналмилалӣ ин арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишвар ва вусъат бахшидани раванди бунёдкорӣ дар Ватани маҳбубамон мегардад.

Имсол ҳам Наврӯзи эҳёгару хушқадам бо шукуҳу шаҳомати хоси худ ба сарзамини зебоманзару биҳиштосои тоҷикон бо пайки шодию сурур, муждаи оғози зиндагии тозаи кавну макон, бо навгониҳо ва навпардозиҳои худ ворид гардида, ба дилҳо умеди навро барои зиндагию созандагӣ арзонӣ медорад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки “Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл мерос гузошта, то замони мо омада расонидаанд. Ин ҷашни бузург ба шарофати озодиву истиқлолии Ватани маҳбубумон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмиллалӣ касб намуда ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад”.

Дар ҳақиқат Наврӯз иди қадимаи мардуми эронитабор буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ба фарҳанги қавму миллатҳои дигар ворид гардидааст. Бо назардошти он, ки дар дигар давлатҳо, бахусус, Эрон, Афғонистон, Албания, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра бо ҳамин ном ҷашн гирифта мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замони соҳибистиқлолӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд, ки Наврӯз мақоми ҷаҳони бигирад. Албатта талошҳои Ҷаноби Олӣ билохира самараҳои хуб ба бор оварданд ва соли 2009 ЮНЕСКО ин иди аҷдодиро ба фарҳанги мероси ғайримоддии фарҳанги одамият ворид намуд. 18 феврали соли 2010 бо Қатъномаи асамблеяи 64-уми генералии Созмони Миллали Муттаҳид қарор дода шуд, ки минбаъд санаи 21 март дар саросари олам ҳамчун рӯзи байналмиллалии Наврӯз таҷлил карда шавад.

Дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияти худ ин дастоварди миллати мо борҳо дучори таъқиби аҷнабиён қарор гирифта, пайкари сабзи баҳориаш маҳбуси хуншор шудааст. Аммо ягон бадхоҳ ба мақсад нарасид ва он ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, то ба имрӯз мавҷудияти худро идома дода гузашта аз ин ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Бузургони олами шеъри форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Рӯмӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар асарҳои безаволи худ Наврӯзу баҳорро хеле устокорона ва бо обу ранги бадеӣ тараннум кардаанд.

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  аз Наврӯз то Наврӯзи дигар зеботару шукуфотар гардад. Ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек  ва тани сиҳату рӯзгори осуда орзу намуда, ин Наврӯзи фархундапайро бароятон самимона муборакбод гуфта, баҳратон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо таманно дорем!

Наврӯзатон фархундаву муборак бод, ҳамватанони азиз!