1986 | 1987 | 1988 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 1 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. ...
Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 8 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Рӯзҳои 6-11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Шукрона Охунов...
ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ФОСИЛАВИИ УМУМИИ РОССИЯ “УЧИ.РУ” И “VK” АЗ РӮИ БАРНОМАСОЗӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 1-9 МАРҲИЛАИ АСОСӢ ДЕКАБРИ СОЛИ 2021
Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраё...
28 декабр дар Муассисаи таълимии давлатии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид, хабар медиҳад аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Ҳавасмандгардонии хонандагон яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар даври дуюми (ноҳиявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино хонандагони...
Хонандагон Литсей-интернати Президентӣ дар XIII Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гашт иштирок карданд. Дар ин олимпиада хонандагон 13 ҷой (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) ба даст оварданд. Ногуфта намонад, ки ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти муассиса ва омӯзгороне, ки шогирдонро барои иштирок дар ин олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ омода месозанд.
Дар даври дуюми ноҳиявӣ олимпиадаҳои фаннии хонандагони ноҳияи Сино ар толори Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар ш. Душанбе баргузор гардид. Хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 60 (12 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм ва 29 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Дар даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи “SPELLING BEE” хонандаи синфи 7 Қурбонова Зинат сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин барои саҳм...
Бо мақсади иҷрои талаботи низомномаи Олимпиадаи “SPELLING BEE”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018 таҳти №18/6 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанни забони англисӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби М...
Аз 1 январи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад, хабар дод муовини сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. Давоми таътил аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ...
Шурӯъ аз имрӯз то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021» 22-24 декабр, «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом...